Дар ҳамин ҳол, ӯ изҳор кард, ки наметавонад дақиқ бигӯяд, ки сатҳи қашшоқӣ дар ин кишвар то 57 дарсад поин шудааст. Ӯ ҳамчунин гуфт: «Феълан назарпурсии хонаводаҳо дар Тоҷикистон ҷараён дорад. Ман фикр мекунам, танҳо баъди анҷоми ин назархоҳӣ мо метавонем, ки дар мавриди мизони дақиқи қашшоқӣ дар ин кишвар ҳарф занем».
Намояндаи сандуқи байнулмилалии пул афзуд, барои расидани Тоҷикистон ба коҳиши назаррасу муътадили мизони қашшоқӣ, ба вижа дар бахши кишоварзӣ, аз ислоҳоти ҷиддӣ кор гирифтан зарур аст. Ва, агар дар ин бахши иқтисодиёти Тоҷикистон тағйироти ҷиддӣ роҳандозӣ нашавад, ба ҳеч ваҷҳ даромади хонаводаҳои камбизоат афзоиш нахоҳад ёфт.
Карллос Пинеруа, ки дар раъси ҳайъати намояндагии Хазинаи байнулмилалии асъор ҷиҳати баррасии сиёсати макроиқтисодии Тоҷикистон барои интиҳои соли ҷорӣ ва таҳияи буҷаи соли соли 2008 вориди Душанбе шудааст, гуфт, ба иттилоъи мақомоти Тоҷикистон, дар буҷаи соли ояндаи ин кишвар мизони таваррум дар кишвар то сатҳи 8 дарсад ба назар гирифта шудааст. Ӯ маълумоти кумиати омори иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ дар мавриди дар 7 моҳи соли 2007 то ба 18 дарсад расидани мизони таваррум дар Тоҷикистонро рад карда, гуфт: «Ин масъаларо мо имрӯз бо намояндаи ҳукумати Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор додем. Ва, агар ба тағйироти ҳармоҳаи шохиси нархҳои итсеъмолии Тоҷикисотон таваҷҷуҳ намеом, дар 12 моҳи гузашта мизони таваррумро 9,4 дарсад дарёфт мекунед. Дарвоқеъ, пахши ин маълумоти кумитаи омори ИДМ дар мавриди мизони таварруми Тоҷикистон моро ба ҳайрат овард. Зеро ин як ҳисоби одии риёзӣ аст ва марбут ба кадом як маълумоти иловагӣ нест».
Ҷаноби Пинеруа таъкид кард, ки барои нигаҳ доштани мувозинати муътадили сатҳи таваррум дар Тоҷикистон барои ин кишвар сиёсати омехтаи макроиқтисодӣ зарур аст ва он дар асоси мавқеъи устувори буҷаву молиёт ба даст хоҳад омад.