Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқлолият


Салом Радиои Озоди!
Ман тоҷикистониям, аммо феълан муқими Амрико ва, албатта, кишварамро ҳамеша ба мардуми Амрико муаррифӣ мекунам ва ин як саҳми кӯчаки ман ба Ватан аст.
Хуб, истиклолият дар зарфи 16 сол ба мо, мардуми тоҷик, аз ҳама беҳтар сулҳро дод. Ҳой одамон, бубинед дар кишвар зери парчами сулҳу амонӣ умр ба сар мебарем, дар ҳоле ки дар дигар гӯшаи дунё ҷангу хунрезиҳост, магар ин неъмати бузургу сутурги Истиклолият нест? Андеша намоед!

Ман ҳайрон мешавам, вақте ақидаи одамонро дар майдони баҳс мехонам, яке дар бораи дини ислом шиква мекунад, дигаре беистиқлол будани кишварро таъкид мекунад, сеюми бошад майдони баҳсро беҳтарин ҷо дида, ҳарчи хохад, мегӯяд. Аммо ман барои аз мақсад берун гап заданам узр мехоҳам.

Истиқлол ба Тоҷикистон имконияте дод, ки ин кишвар битавонад бо роҳи худ мустақилона пеш равад. Тоҷикистон истиқлол дорад, аммо мардумаш чи? Намедонам....
Фирдавс, ИМА.
--------------------------------------

Салом дӯстони азизу гиромӣ! Ман мехоҳам дар бораи истиқлолият чанд сухан бигӯям.

Агар хато накунам, бори аввал дар бораи истиқлоли иқтисодӣ ё давлатӣ вакили мардумӣ Тоҳири Абдуҷаббор дар Москва дар як маҷлиси калони ҳукуматии СССР-и онвақта гуфта буд. Ин соли 1990 ё 1991 буд. Баъд худораҳматӣ Қадриддин Аслонов ба эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имзо гузошта, онро дар майдони Озодӣ дар назди ҳамаи ҷамъомадагон хонд.

Пурсида мешавад, ки чаро имрӯз ягон бор аз радиову телевизор ва рӯзномаҳои давлатию шахсӣ номи ин ду нафар, ки дар ба даст овардани ин неъмати пурбаҳо, яъне ИСТИҚЛОЛ, саҳми арзанда доранд, тамоман гирифта намешавад? Лекин номи Эмомалӣ Раҳмоновро, ки барои ба даст овардани истиқлоли Тоҷикистон асосан ягон кор накардааст, ҳар рӯз ба такрор дар радио ва телевизион гирифта мешавад. Гӯиё ки истиқлолро вай оварда бошад ба тоҷикон.

Дар зери эъломияи истиқлоли давлатии Тоҷикистон имзои Қадриддин Аслонов аст ва шумо инро фаромӯш накунед.

Бо эҳтиром ба ҳамаи шумо хонандаи доимии сайти Радиои Озодӣ Сайдалӣ.
--------------------------------------

Асалому алайкум ба ҳамаи ҳамватанони азиз!

Фардо мардуми мо ҷашни истиқлолро пешвоз мегиранд, лекин на ҳама мардуми тоҷик, балки ҳамонаш дар ин ҷашн иштирок мекунад, ки зиндагиаш хуб ҳаст ва шароити хуб дорад. Дигараш дар ғарибиҳо азият кашида то ҳол намедонанд, ки истиқлолият чист.

Бечора мардуми тоҷики пароканда дар зери зулми русҳо карор доранд, азоб кашида меҷнат мекунанд, барои онки омада зиндагии худро ба қадри ҳол беҳтар кунанд. Аммо хукуматдорон бошанд неши худро дар бадани мардум мезананд ва хуни халқи бечораро мехӯранд.

Вақти пахтачинӣ сар шуд, рӯзи бади деҳконон ҳам оғоз шуд: деҳқон аз саҳар то бегоҳ азоб кашида, дар саҳро меҳнат мекунаду роҳаташро ҳукуматдорон мекунанд. Болои ин, дар телевизион фаҳат барномаҳои дурӯғ пешниҳоди мардум мекунанд – гӯиё мардуми деҳқон бо сару либос ва хӯрока таъмин ҳаст. Ин хок пошидан ба чашми мардум.

Деҳқони бечора ягон хонаи дуошёна насохтааст, мошинаҳои хориҷӣ савор нашудааст, фақат бо азобу машаққат зиндагӣ мекунад, аммо телевизион бошад фақат рекламаи Раҳмоновро ... Охир, то кай ба чашми мардум хок мепошед? Гӯиё ҳокимияти мо шабу рӯз барои беҳ кардани зиндагии мардум ҳаракат карда истодааст. Аммо зиндаги мардуми точик рӯз то рӯз бадтар шудаасту беҳтар не.

Раҳмонов қарзгириро тамом намекунад. Охир, инқадар пуле, ки Тоҷикистон қарз мегирад, агар барои беҳбуди халқ истифода баранд, зиндагии халқ хеле беҳтар мешавад. Аммо бачаҳои вазиру ҳукуматдоронро ба хориҷа ба хонданӣ, ки мефиристад, дар хориҷа ягон писари деҳқон намехонад, фақат писарони вазирону ҳукуматдорон таҳсил мекунанд.

Халқи тоҷик бошад заҳр хӯрда, токат мекунад ва боз ба ҳамаш ислому мусалмонон гунаҳгор мешаванд. Масҷидҳоро бандед, азонро баланд нагӯед, ки мардумро озор медихад. Барои чи дискоклубҳо ба мардум зиён намеовардаанд, ки духтару бачаҳои тоҷик даст ба фисқу фасодӣ мезананд.

Духтари тоҷикро аз донишгоҳ пеш кунед, ки бо ҳиҷоб ба дарс меояд, охир, бояд илм омӯзанд ё либосҳои шаҳватангезро дар донишгоҳ реклама кунанд? Эй роҳбарони ҳукумат рӯзе шумо ин ҷаҳонро тарк мегӯед, ба кадри ҳол адлро пешаи худ кунед. То ки баъди сари шумо шуморо ба некӣ ёд кунанд. Охир, чи лозим ин қадар зулм ба зердастон? Аз Худо тарсед, ба ҳамаи амали нопоки худ дар назди Худо ҷавоб мегӯед. Худро мусулмон мегӯед, ба қадри ҳол ба қонуни исломи азизамон амал кунед, то ки рӯҳияи мардум аз шумо дур нашавад.

Ҳусайн.
--------------------------------------

Салом, мардуми соҳибистиқлол!

Ман як шаҳрванди Афғонистон ҳастам ва дар Тоҷикистон таълим гирифтаам. Ман медонам, тоҷикон чи хел мардуми озодихоҳу озодфикр ҳастанд, барои ҳамин гуфтаниям, ки идатон муборак ва саратон сабз бошад. Ё дигар хел карда гуем, тинҷ бошед, ба тоҷикӣ.

Бачаҷон.
--------------------------------------

Дуруд ба хаммеханони гироми ва кормандони арчманди радиои Озоди!

Зимни табрикоти самими ва нектарин орзухо ба муносибати 16-умин солгарди Истиклолияти давлатии Точикистон, умедворам. ки ин рузи фархундаи миллат дар хар хонадони точику точикистони имруз шоистаю шукухманд тачлил мегардад.

Саволе ки дар ин майдони бахс гузошта шудааст, саволи хосси мардуми мост, яъне "чи дод ва чи гирифт?". Магар бехтар нест, ки суолро ба ин тарз гузорем: "Истиклолиятро чи гуна пазируфтед ва дар масири 16 соли рушди мустакили кишвар чихати хифзи ин доди гиромии таъриху такдир чи амали созандае ба чо овардед?".
Ба рости намехохам, ки ин навиштахо касеро озурда кунанд. Ин танхо хохишест, ки эхтироман ва аз лутфи зиёд ба хамватанони гироми пешниход мекунам, то як лахзае сари ин фикр, ки "ман худ барои хифзи истиклолияти сиёси, иктисоди, фарханги ва худшиносии миллатам чи коре ба анчом расонидам", андеша кунанд.
Бо эхтиром, Шакибо
----------------------------


Истиқрор,Истиқлол ва Истиқбол се калима ё вожаи арабӣ буда, маъноҳои гуногунро ифода мекунанд. Тули 16-соли истиклолият, барои миллате, ки таъриху фарханги хазорсолахо дорад, хеле мукаддас аст ва ин Истиклол чавон буда, монанди нихолест, ки рўз ба рўз сарсабзтару шукуфонтар мегардад.
Mirsaid

Аз фурсат истифода бурда,Ҷашни Истиқлол ва Истиқболи моҳи Рамазонро барои ҳамватанон ва тамоми мардуми рӯи дунё муборакбод гуфта, ба кабӯтари сафеди Тоҷикистон парвози абадӣ хоҳонем.

Таҳияи Мирсаид.
--------------------------------------

Асалому алайкум, ҳамватанони азиз дар рӯзҳои наздик дар Тоҷикистони азизамон ҷашни истиқлолиятро ҷашн мегиранд.

Имсол мардуми тоҷик ин истиқлолиятро бо ғаму андӯҳи зиёд ҷашн мегиранд. Бадбахтии кор дар ин аст, ки ба исломи азизамон ҳукуматдорон зиён расонданд ва ба тамоми мусалмонон як захми нав бо табари худ заданд. Ин маҳкам кардани масоҷид мебошад. Боз бадбахтии дигараш ин ҳаст, ки духтарони тоҷикро... фишор меоранд, то ки ҳиҷоби исломии худро партоянд. Гӯё ҳиҷоб духтари тоҷикро ба монанди зоғи сиёҳ мекарда бошад, магар зебоии духтари тоҷик дар пӯшидани либоси аврупоӣ ҳаст, ки тамоми баданашро мардҳои бегона бинанд ва шаҳвонияти онҳоро зиёд кунанд?! Куҷо шуд номӯси мусалмонии мо мардуми тоҷик? Баъди чанд соли дигар шояд либоси миллии тоҷикдухтарон мини-юбка шавад ва дар ҷомеъаи мо фасодӣ авҷ гирад.

Шармандагист, ки имрӯз духтари тоҷик рафтори беҳаю беиффат дошта бошад ё ҷавононаш ба наркоманӣ даст мезананд, дигар чавони хуб ёфтан дар ҷомеъа мушкил шудааст. Инаш бас нест, ки боз масҷидвайронкуниву духтарони боҳиҷобро зулм кардан. Охир, баъди пош хӯрдани Ҳукумати Шӯравӣ дини ислом дар тамоми мамлакатҳое, ки дар таҳти фишори комунистон буданд, озод шуданд. Лекин сад афсӯс, ки то ҳол ин комунистони бадбахт дар Тоҷикистони мо таъсирашон вуҷуд дорад. Ва ин гурӯҳи гумроҳу бесаодат намехоҳанд, ки мардуми мусалмон озодона ба дини исломи азизамон амал кунанд. Ва ман дар охир аз Худованди бузург таманнои онро дорам, ки дар дили ҳукуматдорони мо адлу инсофро ҷорӣ гардонад, то ки ба мардуми мусалмон ин қадар зулм накунанд ва даст аз амалҳои бад боз монанд.

Бо эҳтиром Ҳусайн, як шаҳрванди Тоҷикистон.
--------------------------------------.

Салом ба ҳама!

Имруз Эмомалӣ Раҳмонов дар як ҷаласа ба муносибати 16-умин солгарди истиқлол гуфт, ки халки тоҷик барои истиқлол ҳазорҳо сол мубориза бурд ва ғайра...

Ин гап дурӯғи маҳз аст. Дурӯғи дурӯғ аст, мисли дигар гапҳои ҳамин одам. Ин миллати тарсӯи мо, ба фикрам, ҳеч гоҳ дар фикри истиқлолияти давлатиаш набуд. Ҳатто дар ҳамин соли 1991-ум, вақти барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравии бузург, баҳораш, дар моҳи март, тоҷикон дар референдуми умумихалқӣ зиёда аз 95 фоизаш овоз дод, ки тарафдори СССР аст. Яъне истиқлолро намехост. Ҳамин тавр не, бародарон?

Боварии 100-фоиза дорам, ки ҳамон вақт Эмомалӣ Раҳмонов, ки раиси колхози ба номи Ленини райони Данғара буд, худаш ҳам 100 фоиз тарафдори СССР буд, истиқлоли Тоҷикистонро намехост ҳеч гох. Ва ҳамаи коргар-поргари колхозашро пропаганда мекард, ки ба тарафдории СССР овоз бидиҳанд. Дигар хел шуданаш ҳеч мумкин набуд!

Ҳатто он вақт демократҳоеро, ки тарафдори истиқлоли давлатии Тоҷикистон буданд ва зидди СССР, коммунистон душмани халқ ва зидди тинҷиву амонӣ эълон карда буданд. Инро ҳама медонанд!!!

Ҳоли боз бинед, ки инҳо гӯё дӯсти халқ шудаанду тарафдори ИСТИҚЛОЛ, вале демократҳо ва исломиҳо боз душмани халқ! Лекин ҳама хуб медонанд, ки кӣ дар асл дӯсти халқ асту кӣ душмани он!

Илтимос, навиштагиҳои манро чоп кунед.

Мирзоҷон, шаҳри Кофарниҳон.
--------------------------------------

Салом, бародарони азизу гиромӣ!

Илтимос, ҳар гапи бемаънию бемантиқро дар сайти Озодӣ нанависед ва обрӯи дӯстдорону ҳаводорони онро паст накунед.

Мисол, як одаме, ки номашро нанавиштааст, чунин гуфтааст: "Домулло шуда барои масҷидчаҳо пул ҷамъ карданро медонеду барои мактабу тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зист пул надоред". О бародар, аввал як каме фикр карда, баъд нависӣ, намешавад?! Мактаб аз они давлат аст ва дар ҳамаи мактабҳо аз рӯи сиёсати давлату ҳукумат дарс дода мешавад, на аз рӯи сиёсату мароми дини мубини Ислом. Шумо магар инро намедонед??? Пас бояд худи давлат мактаб созаду онҳоро таъмир кунад, на домулою диндорон ва на мо, ки доим барои ин мактабҳо ва таъмири онҳо пул ҷамъ мекунем. Боз мегӯям, ки ин корро бояд давлат кунад, чунки ин вазифаи ҷонияш мебошад.

Мулло бояд барои масоҷид пул ҷамъ кунад ва ин сад дарсад дуруст аст, чунки, охир, давлату ҳукумат барои ин кор ягон тин сарф намекунанд. Боз онҳоро вайрон мекунанд!!!
Ба одами мефаҳмидагӣ ҳамин қадараш бас.

Саломат бошед.

Умаралӣ Баротов аз ноҳияи Исфара.
--------------------------------------

ман ба бародаре, ки шукри истиклолията мекунад гуфтаниам ,ки ягон шахрванд дар бооаи ватани худ хеч гумони бад намекунад ва мехохад хамеша ватанаш обод бошад ва аз хама неъмати бузург барои одам дар ватани худаш бошад...ва локин чихел ва чикор кунем ,ки берун аз ватани хешем,, кани он истиклоле,ки обод карда аст ватанро ва шахтвандоашро??? ва он нотенчие,ки пеш аз истиклолият буд байни ислому куфр буд >>>> барои хамин мо хеч вакт шукри истиклоли ватан надорем,,,моро на артист мехуронаву на фалаку на естрада .
----------------------------


Истикрор, Истиклол ва Истикбол се калима ё вожае араби буда маънохои гуногунро ифода мекунанд.Ин вожахо бо аксари донишмандон ва шаркшиносони чахон шинос буда,мавриди истифодаи онхо мебошанд Банда хамчун забоншинос мехохам оиди ин се вожа барои хонандагони Точикистон каме маълумот бидихам зеро ин калимахо барои шахвандони азизи кишвар ва тамоми башарият хамеша паёму хабари хуш мерасонанд.
Аз фурсат истифода бурда,ҷашни Истиқлол ва Истикболи мохи Рамазонро барои ҳамватанон ва тамоми мардуми рўйи дунё муборакбод гуфта, ба кабўтари сафеди Тоҷикистон парвози абадӣ хоҳонем.
Тахияи Мирсаид, Забоншинос
-----------------------------


Як фикр кунед, Оё пеш аз истиқлолият бо таҳорату ибодат машғул шуда метавонистед ё на. Ба ҳама ҷо мисли занбуруғҳои баъди борон масҷид насозеду, барои шумо динидориро ҳеҷ кас манъ накардааст. Намозро хонда ба ободии кишвар машғул шавед.
Баъдан ҳамаи кор қонуну низоми худро дорад. Бо мини-юбка мегардад ми кори ту чист? Шарманда бар он шахсест, ки дин надорад. ҳамон мини-юбкадор ҳам дин дораду аз шумо барин одамони диндорҳои радикали дар азоб асту ба кишвари худ рафт. Монед ки тараққӣ кунад. Нигаред ба давлатҳои мисли Дубайю Кувайт, Урдун онҳо кор мекунанд дар чустуҷу ва роҳҳои тиҷорати нафту газу. Аллакай алоқаи Тоҷикистон бо ин давлатҳо густариш ёфта истодааст. Шукр кунеду кор кунед.
Барои шумо озодӣ дода шуд ба кадом кунҷи дунё рафта кор кунед ба Русия, Амрико ва ё Автсралиё. Мисли баъзе давлатҳо шуморо барои ба кор рафтан ба дигар кишварҳо ҳеҷ кас пешгири намекунад. Равед ба Русия аммо дар гарданатон калла аст, ва қонунан равед.
----------------------------------

Асалому алайкум хамватанони азиз дар рузхои наздик дар Точикистони азизамон чашни истиклолиятро чашн мегиранд. Имсол мардуми точик ин истиклолиятро бо гаму андухи зиёд чашн мегиранд бадбахтии кор дар ин хаст, ки ба исломи азизамон Хукуматдорон зиён расонданд ва ба тамоми мусалмонон як захми нав бо табари худ заданд ин махкам кардани масочидхо мебошад. Боз бадбахтии дигараш ин хаст, ки духтарони точикро кор кунони милиса дар рохо дастгир карда ба онхо бо суханони дурушт мурочиат мекунанд ва ба онхо фишор меоранд то ки хичоби исломи худро партоянд. Гуё хичоб духтари точикро ба монанди зоги сиёх мегирифта бошад магар зебоги духтари точик дар пушидани либоси аврупои хаст, ки тамоми баданашро мардхои бегона бинанд ва шахвонияти онхоро зиёд кунанд. Кучо шуд номуси мусалмони мо мардуми точик кучо шуд номуси точики мо баъди чанд соли дигар шояд либоси милли точикдухтарон мини юпка шавад ва чомеъи моро фасоди авч гирад. Шармандагист, ки имруз духтари точик рафтори бехаю беифат дошта бошад ё чавононаш ба наркамани даст мезананд дигар чавони хуб ёфтан дар чомеъа мушкил шудааст инаш бас нест, ки боз масчид вайронкуниву духтарони бохичобро зулм кардан.
Охир баъди пош хурдани хукумати шурави дини ислом дар тамоми мамлакатхои, ки дар тахти фишори комунистон буданд озод шуд ва бояд мусалмонон озодона ба исломи азизамон амал кунанд. Локин сад афсус, ки то хол ин комунистон дар точикистони мо таъсирашон вучуд дорад. Ва ин гурухи гумроху бесаодат намехоханд, ки мардуми мусалмон озодона ба дини исломи азизамон амал кунанд. Ва ман дар охир аз Худованди бузург таманои онро дорам, ки дар дили хукуматдорони мо адлу инсофро чори гардонад то ки ба мардуми мусалмон ин кадар зулм накунанд ва даст аз амалхои бад боз монанд.Бо эхтиром як шахрванди Точикистон.
---------------------------------

Ин чи холест,ки мардуми тачик мебинад чаро ин азоб чаро ин зулм чаро чаро,,, рохате надорад ин халки дур аз ватану дур хешу табор дур аз динаш ,ки ислом аст ,,то кай боз дар ватанхои куфру зулм мегардaнд . чи истклолият хаст,ки дур ватани худаш ва дур аз хешу табор хаст,истиклолияте,ки дар ватан мешавад барои золимону фосикохост на барои бандахои худо..то кай зулм мекунед
----------------------------------


Салом бародарони азизу гироми!
Илтимом хар гапи бемаънию бемантикро дар сайти Озоди нанависед ва обуруи дустдорону хаводорони онро паст накунед.
Мисол як одаме ки номашро нанавиштааст чунин гуфтааст: "Домулло шуда барои масчидча?о пул чамъ карданро медонеду барои мактабу тозаю озода ниго? доштани ма?алли зист пул надоред". О бародар аввал як каме фикр куну баъ нависи намешавад?! Мактаб аз они давлат аст ва дар хамаи мактабхо аз руи сиёсати давлату хукумат дарс дода мешавад, на аз руи сиёсату мароми дини мубини Ислом. Шумо магар инро намедонед??? Пас бояд худи давлат мактаб созаду онхоро таъмир кунад на домулою диндорон ва на мо, ки доим барои ин мактабхо ва таъмири онхо пул чамъ мекунем. Боз мегуям, ки ин корро бояд давлат кунад чунки ин вазифаи чонияш хаст.
Мулло бояд барои масочид пул чамъ кунад ва ин сад дар сад дуруст аст, чунки охир давлату хукумат барои ин кор ягон тин сарф намекунанд. Боз онхоро вайрон мекунанд!!!
Ба одами мефахмидаги хамин кадараш бас.
Саломат бошед.
Умарали Баротов аз дехаи Чоркухи нохияи Исфара.
------------------------------


Salom hamvatanon,
Man on barodare ki dar borai din faqat syhbat nakuned guftaast javob dodaniam ki mo musalmonon boyad az dini khud difo kunem vagarna musalmon nestem. Duvum, dini islom in puljamkuniyu masjidshini nest, dini islom in dini rohnamo misli shumo barin insonhoe ki haqiqati dini khudro namedoned rohnamoi mekunad. Va ghair az in ham istiqloliyati mo baroi mardumi mo na onqadar khubiho ovardast holo inki davlati sohibistiqlol boyad az davlathoi peshrafta dar jomia boshad va leki afsus.
---------------------------------


Бале, ин истиклолият ба мардуми мо факат парокандаги ворид кард чи кадар мардуми Точик дар Русия гулом барин рафта кор мекунанд аммо бар зами ин имруз Хукумати Чумхури боз масочидхоро вайрону махкам карда истодааст боз мегуянд 97% мардуми точик мусалмон хаст. Магар инаст мусалмони масчидхоро вайрон куни магар ин аст демократия озоди духтарони бо хичобро аз донишгоххо пеш мекунанд гуё хичоб ба мардум зарар меорад магар духтари точик бояд таги мини юпка гардад ин шармандагист.
Факат зиндаги хукуматдорону лаганбардоронашон нагз хасту аз халк кашокона ин дуруг хаст ки точикистон ру ба пешрави меорад. Пешрави магар бастани масочиду вайрон кардани онхост ё ин ки духтарони бо хичобро аз дарсхо пеш мекунанд. Магар насли навраси моро факат дискоклубхо тарбия мекунанд то ними шаб бо чавонони бегона даст ба фиску фасоди мезананд.Ана озодию ана демократия.
-----------------------------------------

Салом ба ҳама,
Ман аз истиқлолияти Ватанамон бисёр мефахрам, аммо маро он чиз ғамгин мекунад, ки аз рӯзи истиқлолият то имрӯз ва ҳар рӯз мубориза бар зидди дини ислом сахттар шуда истодааст. Ман албатта медонам, ки ин роҳбароне, ки мо дорем, инҳо ҳамон коммунистҳои пешина мебошанд.
Ва ба он шахси беном гуфтаниям, ки офтобро бо доман пӯшида намешавад, мардум фақир аст, сарватдорҳо ҳама ҳофизонанду мансабдорон.
Аммо нисбат ба душманият ба масҷидҳову олимон гуфтаниям, ки агар мардум аз пули худашон кӯчаҳову мактабҳову роҳҳоро созанд, пас давлат чӣ кор мекунад? Оё ин мардум ба давлат налогу патенту дигар қавру бало намедиҳад? Куҷо меравад ҳамаи ин? Дунёро пур аз казинову бару ресторани ғайриқонунӣ кардед, боз ҳамон чаҳор масҷиди вайронае, ки мардуми мусалмон бо пули худашон рост кардаанд, дида наметавонед?
Шумо фикр накунед, ки бо мусалмон гуфтан инсон мусалмон мешавад ва касе, ки душманӣ ба масҷид дорад, ӯ душманӣ ба Худо дорад.
--------------------------------------------------



Салом ба хамаи хамватанон!
Хазорон бор шукри Истиклоли Ватан мекунам. Шукри ТИНЧИ мекунам.
Лекин як чиз ба кавли мардуми махалли халкро чонсарак кардааст. Диккат дода бошед, понздах сол боз хамин ТВТ-и худамон факат як барномаро бо каме обуранг пешкаши мардум мекунад. Аз аввал то охир дар экран симои Рахмонов асту халос. Чаро барномае тайёр намекунанд, ки дар бораи халки оди, мардуми кухистон бошад, ки дар ин 15 сол чи дидаанд, зиндагиашон чи гуна шудааст....
Чизи дигар. Бас будагист хамон гапхои: мо Рудаки дорем Сино, Фирдавси, Руми дорем. Таъриxи чандхазорсолаю ким чизхо дорем. Хайр нагз, мо бояд фахр кунем, ки чунин бузургону таърихи кадима дорем. Лекин шарт нест дигар хар замон гуему фахр кунем. Бо гуфтану зикри зиёди онхо иктисодиёти Точикистон ва зиндагии мардум хуб намешавад.
Дар ин понздах сол ин кадар пуле, ки карз гирифтаем мо метавонистем 30-40 фоиз иктисодиётро бедор кунем.
Ба чои мехмонхонахои бохашамату дигару дигар заводу корхона месохтем. 15 сол боз 85 фоизи сокинони Душанбе оби лойу пур аз рег менушанд.
Суханронии бисёр ба ки лозим.. Хар лахза тагйиру илова ба конунхои Точикистон, иваз намудани вазифадорхо, кайд кардани хар гуна чашну маросимхо, Соли обу рузи фалак хамааш танхо барои хок пошидан ба чашми мардум аст, яъне мо КОР карда истодаем.......
Хуш бошед!
Як точикистони
-------------------------------------------

"истиклол ва озоди ба артисту казинадор ва нобуд кардани ислому мусалмонон"

Ман ба тамоми сардорони Точикистон таввачух мекунам ва гуфтани дорам ,ки агар даъвои мусалмони доранд ва худшонро ба ислом нисбат мекунанд (мегуянд ,ки 100% дар 100% точикистон мусалмон хастанд ) кани он сардори мусалмон ,ки ба сухани хеш амал кунад? ва точикистони 100% дар 100% -и моро холи аз фиску фасоду куфр берун кунад? имруз хонаи худованд дар точикистони мо кадр надорад,,,балки хонаи шайтон кадр дорад... имруз сардорон дил ба артист бастанд ва зиед карда истодаанд артистрову нобуд карда истоданд мулохоро>>>ислом бокист ва боки мемонад
-------------------------------------


Салом ба кормандони Озодӣ!
Он шахсоне ки гуфтанд ба мо истиқлолият қашшоқӣ овард хато мекунанд! Ман ин ҷо дар бораи сиёсат гуфтани нестам. Ягон кишвари соҳибистиқлол баъд аз истиқлолиятро ба даст овардан ба Суперпаур мубаддал нашудааст. Нигаред бу худи Амрикову дигару дигараш. Истиклолият ин неъмати бебаҳост ва рӯзе меояд аз ин истиқлолият ҳама хоҳад фахр кард.
Истиқлолият ин яку якбора ба дасти мо наомадааст. Барои истиқлолият хунрезиҳо шуд, имрӯз мардуми тоҷик бояд фахр кунад, ки ӯро тамоми ҷаҳониён шинохтаанд. Бале мо имрӯз монанди дигарон дар сатҳи баланд зиндаги намекунем. Нигаред чи хел давлати ҳамсоя хунрези накарда имрӯз паи ба даст гирифтани Тоҷикистони азиз аст. Рӯзе мешавад дар назди пои тоҷик калаашро хам хоҳад кард.
Барои онҳое ки дар бораи дин навиштаанд гуфтаниам ки Худоро шукр гуед Рӯзи ҷумъа дар масҷиди калон таҳорату ибодат мекунед. Домулло шуда барои масҷидчаҳо пул ҷамъ карданро медонеду барои мактабу тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зист пул надоред. Вақти он расидааст мо на фақат дар бораи дин гап занем, чи хеле мегуянд. Аз ту ҳаракат, аз ман баракат (Ин ҳаракати Исломӣ нест ин ҳаракати як бурда нон ва зиндагии хуб)
Бо орзуи саломатӣ,
------------------------------------


Аввало, салом!
Як нафари аз моҳ фаромадагӣ дар майдони баҳс навиштааст, ки... "Шукри истиқлоли Ватан, ин 16 сол бисёр чизҳоро ба мо ҳадя кард."
Бале, истиқлолияти раҳмоновӣ ба мардуми Тоҷикистон бисёр чизҳоро «ҲАДЯ» кард. Мисол: фақру бенавоӣ барои аксари мардум, қуфл дар даҳонҳо, пастфарҳангӣ ва умуман ПАСТӢ, коррупсияи беандоза, БЕҲУҚУҚӢ, бесаводии саросарӣ, БЕНОМУСӢ, чоплусӣ, гадоӣ дар назди ташкилотҳои хориҷӣ ва давлатҳои ҷаҳон, қарздории ҳафт пуштамон аз онҳо, СПИД ва бемориҳои гуногун, ОБИ «ТОЗА», касалхонаҳо ва табобатҳои пулакӣ, таҳсили пулакӣ... Ва боз фахркуниҳои беҳаёёна аз гузаштаи таърихӣ ва ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ва шармандагиҳои дигар!!!!!

Ман аз ин рафиқон илтимос мекунам, ки ақаллан ин хел беномусӣ накунанд ва фахрҳои бемаънӣ накунанд ва мисли даҳюсҳои беномус нагӯянд, ки... ин чанор соябони сарам ҳаст.

Мард бошед. Инсон бошед. Инсони бошараф!

Бо умеди зиндагии инсонвор ва истиқлолияти воқеъӣ!

Сайдалӣ аз шаҳри Душанбе.
--------------------------------------

Bo salom va baad..
Mo mardumi tojik kushish kardem ki , Tojikiston mustaqil shavad aknun mustaqil shud -khudoro shukr - baroi in ne'matash va boz kushish mekunem ki insonhoi khub va komil rahbari on shavad ,inshoalloh ki in kor nazdik ast
bo ehtirom S.M.B TJ
-----------------------------------

Salom hamvatanon
Istiqloliyat ba tojikon parokandagivu bevataniy qimati va qashoqi ba mardumi tojik dod. Az sui digar, ba islomu musalmonon zarbai saxt dod ki muqaddasot va masojidu hijobro az baini mardumi tojik burd, ki mardumi tojik xud da'voi islom dorand, az hamin dida meshavad, ki istiqloliyat ba mardumi musalmon hej foidae nadorad ....Mo az Xudoi buzurg tamanno dorem, ki ba Tojikistoni mo istiqloliyati islomi va ozodi ba mardumi musalmon va hifzu tamomi muqaddasoti islomi va sardoroni botaqvo va bo imoni komil ato farmoyad to ki musalmonon ozodona toatu ibodati xudoi xeshro bajo orem, va dushmanoni xudovu dini islomro xoru zalil va nokom gardonad .....omiiin,,,omiiin,,,omiin....
--------------------------


Salom ba hama kormandoni radioi ozodi va shirkatkunandagoni maidoni bahs,
Ba nazari man mo hanuz istiklol nadorem, hatto istikloli nisbi. Charo? Avval, ma'nii istiklolro dar lughatnomaho paygiri kuned, sipas siyosati davlat va vaz'iyati ijtimoi, farhangi va iktisodii kishvari azizamonro. On goh posukh ravshan meshavad.
Ba umedi istikloli vokeii kishvari hameshabahoram, Ali
_______________________


Шукри истиклоли Ватан ин16 сол бисёр чизхоро ба мо хадя кард
---------------------------------


Салом арз мекунам хидмати кормандони радиои OZODI !
ИСТИКЛОЛИЯТ ба давлати Точикистон бисёр чизхо дод.. Дар солхои чанги шахрвандӣ хавфи нобудӣ Точикистонро тахдид мекард ва махз истиклолият Точикистонро аз ин вартаи халокат начот дод.
--------------------------------


Албатта Точикистон метавонист дар ин муддат ба комёбихои беназире ноил гардад, вале ба хаминаш хам шукр бояд кард, зеро амнияти кишвар пойдор аст.
Агар чанобони "кастюмпуш" - и мо аз сидки дил ва бо назари нек кори худро пеш мебурданд Точикистон дар муддати 16 сол кори садсоларо метавонист ба анчом расонад. Чизи дигар ин ки, мардум ва "кастюмпушон" суханро бигуянд, ба андозае, ки амалашон хаст.
Аз будаш зиёд нагуянд!!!
-----------------------------------------------


Ба харчо точик аст, он чо диёрам,
Зи ору нанги миллат ифтихорам.
Агар аз сайёраи дигар биёи,
Агар ту точики ман бо ту ёрам!!!

Салому дуруди бехамто ба кормандон ва мухлисони Озоди!!!
Хаста набошед! Ман аз Узб. Лекин хамчун Ватан дар давлатхои Aврупо Точикистонро муаррифӣ мекунам. Фикри ман хамин аст, ки дар ин 16 сол Точикистон тамоми талхихои рузгорро чашид ва донист, ки киро душман шуморад ва киро дуст. Чун мегуянд зери сабр тиллост! Ана имруз Точикистон дар зери сабр дар руи тиллост!!! Холо Точикистонро чахон мешиносад, точиконро замон мешиносад. Ман аз даргохи Яздони пок факат дар муночоти сулху осоиштаги дар ин диёри бихиштманзар астам. Чунки мо бузургтарин миллати чахонем.
Сайф аз Узбакистон.
------------------------------




Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG