Аз 20 нафаре, ки дар марҳилаи ниҳоии озмун дар Қоҳира ҷамъ омада буданд, танҳо се нафар бо ҳиҷоб ба саҳна баромаданд ва Вафо яке аз онҳо буд. Вай гуфт, "ширкат дар озмуни зебоӣ бо ҳиҷоби ман мухолифате надорад. Зеро ин ҷо танҳо зебоӣ муҳим нест, балки сабқати фарҳангӣ ва ақлу фаросот аз намуди зоҳирӣ дида аҳамияти бештар доранд."
Шабакаҳои телевизионии арабӣ ба он таваҷҷӯҳ карданд, ки тоҷи маликаи ҳусн низ ба ҳиҷоб гузошта шуд, на ба сар. Озмуни Маликаи ҳусни ҷаҳони араб бори дуюм аст, ки барпо мегардад. Имсол аввалин бор иҷоза дода шуд, ки духтарон бо ҳиҷоб дар озмун ширкат кунанд. Ташкилкунандагони озмун гуфтанд, онҳо арзишҳои мутфарриқ аз озмунҳои аврупоиро дар маркази диққат қарор додаанд ва на танҳо ба камолоти ҷисм, балки рӯҳ низ таваҷҷӯҳ мекунанд.