Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лондон Аврупоро ба баҳси Русия мекашад


Вазири умури берунаи Бритониё, Дейвид Милибенд, дар нишасти ҳамтоёни худ аз Иттиҳоди Аврупо дар Бруссел, пешниҳод кард, ки барномаи, ба истилоҳ "Муколамаи стратегӣ бо Русия" ба таъвиқ андохта шавад.

Ӯ гуфт, Русия бояд подоши сарпечиаш аз истирдоди гумонбари асосии қатли Литвиненко, Андрей Луговойро ба пуррагӣ бичашад. Милибенд гуфт, ҳамаи 26 вазири умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо шоҳиданд, ки шаффофияти низоми адлияи кишвараш зери суол рафтааст ва ҳукуматаш аз амнияти ҳазорон нафар аз меҳмонони кишвар нигарон аст. Ва Бритониё хоҳони як гуфтугӯи ошкорову фарогир дар ин бора аст.

Милибэнд: "Ман фикр мекунам, ақидаи густардае вуҷуд дорад, ки мо бояд дар мулоқоти ғайрирасмии вазирон дар моҳи сентябр як силсила масъалаҳои стратегиро баррасӣ кунем, аз ҷумла чизҳоеро, ки ба муносибатҳои чӣ узви ҷудогона ва чӣ куллан Иттиҳоди Аврупо бо Федерасюни Русия бастагӣ доранд. Ва муҳим аст, ки мо дар ин бора ба таври стратегӣ биандешем."

Бритониё ҳафтаи гузашта чор дипломати русро ихроҷ кард. Дар посух Русия чор дипломати бритониро. Раиси даврии Иттиҳоди Аврупо, Португалия, дар як изҳорот ҳамраъйии иттиҳодро бо Бритониё эълом дошт ва аз кӯтоҳ омадани Русия дар истирдоди Луговой ноқаноатмандӣ кард.

Ба андешаи бархе аз коршиносон, Лондон мехоҳад бигӯяд, ки Иттиҳоди Аврупо рафтори Маскавро набояд нодида гирад ва ё фаромӯш кунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки муносибатҳои Иттиҳод бо Русия начандон хубанд. Чандин узви иттиҳод аз Маскав шикоят доранд. Масалан, Лаҳистон, барои мамнӯъ эълон кардани гӯшти содиротияш ва ҳамчунин барои мухолифати Маскав ба бунгёди сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупо ва ғайра.

Аммо дар ҷамъ, Иттиҳоди Аврупо аз манобеъи энержии Русия вобастагии сахт дорад ва муколамаи стратегии онро низ ҳадаф ҳамин аст. Шояд ба ин сабаб буд, ки вазири умури хориҷии Португалия, раиси давраии Иттиҳоди Аврупо, Луис Амаду пурсишҳоро дар бораи изҳороти Милибенд яктарафа гузошт ва гуфт, Иттиҳод дар ин бора як изҳорот нашр карда буд.

Ва аммо он ки талошҳои Бритониё, ки як узви муҳими иттиҳод аст, таъсире хоҳад дошт ё на аз мавзеъгирии кишварҳое чун Фаронса ва Олмон бастагӣ хоҳад дошт.

Идомаи баҳс ва аммо як имконияте, ки коршиносон зикр карданд, ин аст, ки агар сардиҳо миёни Лондону Маскав ҳамин гуна идома ёбанд, мумкин аст, бархе аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ, ки аз Русия норозиянд, дар атрофи Лондон муттаҳид шаванд ва созишномаи стратегии Иттиҳодро бо Русия ба парвандаи Литвиненко ва куллан ҳуқуқи башар пайванд диҳанд.
XS
SM
MD
LG