Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли нирӯҳои Фаронса ба фурудгоҳи Айнӣ


Фирӯз Ҳамроев, муовини аввали раиси ширкати «Тоҷик Эйр», зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ки феълан ҷангандаҳои Фаронсаву Русия дар фурудгоҳи ғайринизомии пойтахт мустақаранд.
Оқои Ҳамроев афзуд: «Бале, мо мехоҳем, тамоми ҳавопаймоҳои низомии мустақар дар фурудгоҳи Душанберо ба фурудгоҳи низомии Айнӣ интиқол диҳем. Ин ҳавопаймоҳо қисме аз майдони фурудгоҳро ишғол карда ва барои ҳаракати ҳавопаймоҳои мусофирбар мушкил эҷод мекунанд. Мо ба ҳукумат пешниҳод кардем, ки ҳадди ақал қисме аз нерӯҳои мусаллаҳи Фаронса ва Русияро ҳамроҳ бо фанноварии низомияшон ба фурудгоҳи Айнӣ, ки айни ҳол ба як аэродроми низомӣ бадал шудааст, таҳвил дода шавад Ҳарчанд дар робита ба интиқоли ҳавопаймоҳо ширкати мо наметавонад тасмиме бигирад, аммо, ба ҳар ҳол, мо талош мекунем, ин ҷангандаҳо ба фурудгоҳи низомии Айнӣ таҳвил дода шаванд».

Дар ҳоле, ки фурудгоҳи Айнӣ феълан аз ҷониби мутахассисони ҳинд тармиму таҷдид мешавад, ҳафтаи равон расонаҳои хабарӣ дар бораи эҳтимоли ба пойгоҳи низомии Ҳиндустон табдил ёфтани он гузориш доданд.

Аммо дар ҳамин ҳол масъалаи ба ин фурудгоҳ интиқол дода шудани ҳавопаймоҳои низомии Фаронса ва Русия барои коршиносони масоили низомӣ як суоли дигар аст. Маҳдии Собир, як таҳлилгари масоили низомию амниятӣ, дар ин робита мегӯяд: «То ҳанӯз дар як фурудгоҳи низомӣ ҷой додани нерӯҳои мусаллаҳи ду кишвар дар ҳеҷ кишваре таҷриба нашудааст ва ба ҳеҷ ваҷҳ низ ин кор дуруст нест. Гумон аст, ки давлати Ҳиндустон бо тармиму таҷдид кардани фурудгоҳи Айнӣ онро ба осонӣ ба ихтиёри нерӯҳои Фаронсаву Русия гузорад».

Ба гуфтаи мақомоти дахлдори Тоҷикистон, ҳанӯз бозсозӣ дар фурудгоҳи низомии Айнӣ комилан ба итмом нарасидааст ва, ба гумони ғолиб, боз чаҳор соли дигар кори он идома хоҳад кард. Ба иттилоъи манобеъи наздик ба вазорати дифоъ, феълан дар фурудгоҳи Душанбе 5 адад ҳавопаймои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва чанд ҷангандаи Фаронса бо 250 афсари низомии ин кишвар мустақар ҳастанд.
XS
SM
MD
LG