Дар гузориши солонаи Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Сулҳи шаҳри Стокҳолм гуфта мешавад, ки ба ваҷҳи умум дар давоми даҳ соли гузашта хароҷоти низомии мамолики олам 37 дар сад афзоиш ёфтааст.
Муаллифони гузориш хотирнишон мекунанд, ки соли 2005-ум хароҷоти низомии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба 49,5 миллиард доллар баробар шуд. Акнун ин кишвар бузургтарин масрафкунандаи соҳаи низомӣ дар Осиё ва чорумин кишвари серхарҷи низомӣ дар рӯи олам аст.
Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Сулҳи шаҳри Стокҳолм таваҷҷӯҳро ба афзоиши хароҷоти низомии Ҳиндустон ҳам ҷалб намуда, ёдовар мешавад, ки буҷети низомии Ҳиндустон дар соли 2006-ум ба 24 миллиард доллар наздик шуда буд. Чину Ҳиндустон бузургтарин воридкунандаи силоҳ ба шумор мераванд.
Дар байни даҳ кишвари бузургтарини воридкунандаи силоҳ ҳамчунин панҷ кишвари Ховари Миёна дарҷ гардидааст.
Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Сулҳи шаҳри Стокҳолм навиштааст, ки соли 2006-ум хароҷоти низомии ИМА наздик ба 529 миллиард доллар ва Русия каме беш аз сивучору ним миллиард долларро ташкил додааст. Ба иттилои пажӯҳишгоҳи ёдшуда дар ибтидои соли 2007-ум ИМА, Русия, Фаронса, Британия ва Чин якҷо 26 ҳазор кулоҳаки ҳаставӣ дар ихтиёр доштанд.
Дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Питер Столенйҳейм шореҳи Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Сулҳи шаҳри Стокҳолм изҳор намуд, ки солҳои ахир хароҷоти низомии ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ба қадри кофӣ боло рафтааст: "Афзоиши хароҷоти низомии ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ дар байни кишварҳои дигари олам калонтарин ба шумор меравад. Ин ҷо бояд гуфт, ки соли 2006-ум хароҷоти низомии Русия 12 дар сад боло рафт. Ҳамчунин масрафи низомии кишварҳои минтақаи Қафқоз фавқулодда зиёд шуд. Соли 2005-ум буҷети низомии Гурҷистон 185 фоиз ва Озарбойҷон 82 дар сад афзоиш ёфт. Хароҷоти низомии Армунистону Беларус низ ба қадри назаррас боло рафтааст. Хуллас, болоравии хароҷоти низомӣ возеҳ мебошад. Ҷои ёдоварист, ки дар поёни ҷанги сард хароҷоти низомии мамолики минтақа хеле коҳиш ёфта буд, вале ҳоло ба давраҳои пештара баробар мешавад".
Дар масъалаи содироти силоҳи шартномавӣ муаллифони гузориш навиштаанд, ки дар байни солҳои 2002-2006-ум ИМА ва Русия ҳар яке тахминан 30 дар сади содироти ҷаҳонии силоҳи шартномавиро таъмин кардаанд.