Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикбача дар Вена ҳамватан меҷӯяд


чӣ дар даруни кишвар ва чӣ дар хориҷ аз он мебошад. Наим дар мисоли шахси худ мегӯяд хеле ҳам муштоқи сарҷамъ дидани ҳамаи тоҷикон донишҷӯ аст ва дар Вена - пойтахти Австрия таҳсил мекунад. Наим мегӯяд Меҳмони имрӯзи сомонаи интернетии Радиои Озодӣ Наим Валиев аст. Наим бист сол дорад

- Ман чанд вақт пеш дар як форум дидам, ки бачаҳои тоҷик аз бемеҳрии ҳамдигар бисёр шикоят доранд, ман навиштам, ки омодаам, бо ҳар ҳамватанам, дар куҷое, ки набошад, равуо кунам. Мо охир як миллатем, аз як ватан ва аз як хокем. Бояд, ки ҳамдигарро дар ин макони ғурбат дастгирӣ намоем, рафтуо кунем ва таомулу одатҳои миллии худро ҳифз намоем. Дуруст аст, ки баъзе аз ҳамватанон ба ҳамдигар меҳри камтар доранд, ҳарчанд дар як шаҳри ғарибӣ бошанд ҳам, ба ҳамдигар алоқа надоранд, вале мо тоҷикон бояд мисли бародар бошем. Масалан, дар Вена, он тоҷиконе, ки ман мешиносам, мо бо ҳамдигар рафтуомад дорем, қариб ҳар ҳафта сарҷамъ меоем...

- Шумо тахминан медонед, ки дар Вена ва ё Австрия чӣ қадар тоҷикон ҳастанд, онҳо дар он ҷо чӣ кор мекунанд, агар донишҷӯ бошанд, дар кадом ихтисосҳо таҳсил мекунанд?

- Ман аниқ намедонам, вале тахмин мегӯям, ки дар Вена тоҷикон зиёданд. Шахсан ман ҳафт нафарашонро медонам. Аз Тоҷикистон ҳамроҳи ман се нафари дигар дар International University of Vienna таҳсил мекунанд. Ман ва як ҷавони дигар дар соҳаи тиҷорат таҳсил мекунем, ду нафари дигар дипломатия меомӯзанд. Тоҷикони дигар дар Wieniski Universitet мехонанд.

- Шумо дар Вена чанд сол боз таҳсил мекунед? Пеш аз Вена омадан дар Тоҷикистон дар куҷо мехондед?

- Ин соли дуюми ман дар Вена мебошад. Аллакай гуфтам, ки дар кадом донишгоҳ ва дар кадом ришта таҳсил мекунам. Дар Тоҷикистон ман литсейи туркӣ-тоҷикии шаҳри Хуҷандро хатм кардаам.

- Ба андешаатон, Аврупо кадом хислати шуморо тағйир дод?

- Фикр мекунам, Аврупо ҷаҳонбинии маро ғанӣ кард, рафтору кирдори маро дигар кард. Аммо ба тарафи хуб ё бад...намедонам, инро бояд аз дӯстонам пурсид. Ба ҳар ҳол, дар Аврупо сатҳи зиндагӣ беҳтар аст, ҷавонони тоҷике, ки ин ҷо таҳсил мекунанд, зиндагии хуб доранд, ва ҳам дар ин ҷо дониши беҳтар гирифта мешавад. Ба қавле, чашми одам кушода мешавад.

- Шумо мехоҳед, зиндагии аврупоӣ дошта бошед ва ё миллии тоҷикӣ? Зиндагии аврупоӣ ба фикратон чӣ маъно дорад ва зиндагии тоҷикӣ чӣ маъно дорад?

- Ман мехоҳам, зиндагии миллии тоҷикӣ дошта бошам. Зеро ман тоҷикам. Ман фикр мекунам, инсон дар куҷое набошад, бояд расму русуми миллати худро фаромӯш накунад ва фарҳанги хешро пос бидорад.

- Мегӯянд, Аврупо нисбат ба Шарқ камтар романтик аст ва табиатан, ба ишқ низ муносибати сардтар доранд. Шумо, ҳамчун як ҷавоне, ки дар Аврупо ҳастед, ба ишқ чӣ назар доред?

- Ман, ростӣ, тарафдори онам, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ ҳамдигарро шиносанд, дӯст бидоранд ва ҳамдигарро хуб дониста оила барпо намоянд. Дар Аврупо ҳамин хел аст ва ба ман ин ҷиҳати зиндагии инҳо маъқул шуд. Дар мо, рости гап, дар ин масъала камтар душвортар аст. Агар касе ошиқ шавад ҳам, наметавонад озодона бо дӯстдоштааш гаштугузор ва гуфтугӯ кунад.

- Ташаккури зиёд, Наим Валиев буд дар сӯҳбати сомонаи интернетии Радиои Озодӣ ва Наим, ягон саволи дигар ҳаст, ки шумо интизор будеду мо надодем? Ягон сухани дигар барои гуфтан доред, ягон даъват аз ҳамватанони бурунмарзӣ?

- Ман дар охир ба шумо ташаккур мехоҳам гӯям, ки мо тоҷикони берун аз кишварро фаромӯш намекунед. Мо ба воситаи сайти Шумо ҳамеша аз хабарҳои Ватан огоҳ мешавем. Ва аз ҳамаи онҳое, ки дар хориҷа ҳастанд, хоҳиш мекунам, ки ҳамеша бо ёди Ватан бошанд. Дӯстӣ бо ҳамватанон низ аломати дар ёди Ватан будан ва дӯстдории Ватан аст ва дӯст доштани Ватан ҷузве аз имон аст.
XS
SM
MD
LG