Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввал демократия пасон амният, ё баракс?


Дигарандешон аз Белорус то Сурия ва аз Чин то Кубо бори дигар таъйид карданд, таъқиби сиёсӣ на танҳо то ҳол идома дорад, балки густариш ҳам ёфтааст. Дар конфронси демократия ва амният дар Прага дигарандешони собиқ Васлав Ҳавел - раисҷумҳури пешини ҷумҳурии Чеx ва Натан Шаранский - вазири собиқи кобинаи Исроил, ки дар Укроин ба дунё омадааст ва дар солҳои Шуравӣ чанд солро ҳам дар зиндони Шӯравӣ сипарӣ кардааст, ширкат доштанд.

Ҷорҷ Буш - раисҷумҳури Амрико суханронии худ дар конфронси демократия ва амният дар Прагаро дастури рӯзи озодӣ арзёбӣ кард. Дар толор ба ҷуз аз афроде, ки аз онҳо ном бурда шуд, дигарандешони дигари сиёсӣ ва фаъолини демократия аз саросари ҷаҳон ҳузур доштанд. Буш дар хитоб ба онҳо чунин гуфт:

"Дигарандешони зиёде ҳастанд, ки натавонистанд ба мо ҳамроҳ шаванд, зеро онҳо бидуни сабабе ё зиндонӣ шудаанд ё дар ҳабси хонагӣ қарор доранд. Ман умедворам, ки рузе дар конфронсҳое аз ин қабил Александр Казулин аз Белорус, Оун Сан Су Куй аз Бирма, Оскар Элиас Бискет аз Кубо, падари мазҳабӣ Нгуен Ван Ли аз Вйетнам ва Аймон Нур аз Миср низ ширкат кунанд".

Дар ҳошияи ин конфронс рузноманигорон бо ширкаткунандагони дигари конфронс низ гуфтугу карданд. Гарри Каспаров, қаҳрамони пешини шатранҷи ҷаҳон ва яке аз раҳбарони мухолифони давлати Русия бо назардошти мулоқоти ояндаи Ҷорҷ Буш ва Владимир Путин дар авоили моҳи оянда дар Амрико гуфт, вай бовар надорад, ки аз ин мулоқот ба демократҳои Русия суде бирасад:

"Мо барои худ ҳеҷ кӯмак намехоҳем. Мо дархост мекунем, ки аз ҳимояти воқеъан хомӯшонаву ғайрирасмии Путин даст кашанд. Рӯшан аст, ки пазироии вай дар тафриҳгоҳи хусусӣ ҳимоят аз ӯст. Дар ҳар сурат, ин аз ҷумлаи тамосҳоест, ки ба Путин имкон медиҳад, мавқеъи худро дар Русия таҳким бахшад".

Дар поёни конфронси демократия ва амният дар Прага санади ғайрирасмӣ ба тасвиб расид. Дар он раҳбари давлате ё ҳукумате имзо нагузоштааст.
XS
SM
MD
LG