Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои вазнабардории Тоҷикистон


-- Мусобиқоти қаҳрамонии вазнабардории Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе тӯли ду рӯз идома кард, бо пирӯзии дастаи аввали вилояти Хатлон ба анҷом расид.

Сардовари ин мусобиқот Бобохон Сангов ба радиои Озодӣ гуфт: "Дар рақобатҳо 49 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат, ҳамчунин шаҳри Шимкенти Қазоқистон ширкат доштанд. Нахустин бор дар мусобиқоти қаҳрамонии вазнабардории Тоҷикистон, ки барои сездаҳумин бор баргузор шуд, занон ширкат карданд. Сабқати занон дар вазни то 53 килограмм сурат гирифт. Гулсара Тулагановаи қазоқ дар дузарба бо натиҷаи 120 кило ғолиб шуд. Сарвиноз Давлатбоева, аз Душанбе бо натиҷаи 74 кило ҷойи дуввум ва Муқаддас Ҳафизова, аз Кӯлоб бо натиҷаи 55 кило ҷой севвумро касб карданд.»

Дар сабқати мардон варзишгарони шаҳри Ваҳдат - Абдухолиқ Тоҳиров дар вазни то 62 кг бо натиҷаи 222 кг, Сулаймон Саидов дар вазни то 77 кг бо натиҷаи 275 кг ва Файзалӣ Тоҳиров дар вазни то 105 кг бо натиҷаи 220 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Ду нафар аз вилояти Хатлон - Баҳром Сангов дар вазни то 56 кг бо натиҷаи 185 кг ва Акмал Ёқубов дар вазни то 94 кг бо натиҷаи 220 кг бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Ду варзишгари пойтахти кишвар - Носир Расулов дар вазни то 85 кг бо натиҷаи 242 кг ва Абдуфаттоҳ Зиёев дар вазни беш аз 105 кг бо натиҷаи 220 кг ва намояндаи вилояти Суғд Юсуф Ёқубов дар вазни то 69 кг бо натиҷаи 235 кг медалҳои тилло ба даст оварданд.

Дар ҳисоби дастаӣ пас аз тими ғолиб - Хатлон-1, дастаҳои Ваҳдат ва Душанбе-1 ҷойҳои дуввуму севвумро ишғол карданд.

Вале Бобохон Сангов, дабири кулли Федеросиюни вазнабардории Тоҷикистон иброз дошт, ки набудани толори махсуси вазнабардорӣ дар шаҳри Душанбе дар баргузории мусобиқоти қаҳрамонии кишвар мушкилоти зиёд пеш овард.

Ба гуфтаи оқои Сангов беҳтарин вазнабардорони тоҷик моҳи октябр барои ба даст овардани Ҷоми Федеросиюни вазнабардории Тоҷикистон рақобат хоҳанд кард.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG