Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лубнон боз месӯзад


Ба мисли ин сокини Бейрут, ки мегӯяд:

"Он чи ки ҳоло мегузарад, фалокат аст. Раҳбарони кишвар бояд ихтилофоти назари худро канор гузошта, бубинанд, ки бо ин кишвар чӣ мегузарад. Кишвар дар ҳоли оташ гирифтан аст! Онҳо бояд давлат ва кишвар ба ваҳдат оварда, рӯи манофеъи он олии кишвар бияндешанд."

Даргириҳо дар Наҳр-ул-Борид рӯзи якшанбе замоне оғоз ёфт, ки нирӯҳои амниятӣ ба амалиёти боздошти як гурӯҳи ҷангиёни муттаҳам ба ғорати як бонк пардохтанд. Ин ҷангёин аъзои гурӯҳи суннии Фатҳ-ул-Ислом будаанд.

Даргириҳои ахир ҳамагӣ як сол баъд аз низоъи байни Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки кишварро ба таври ҷиддӣ хароб карда буд, сурат мегиранд. Низоъи феълӣ зимнан пурқурбонитарин низоъи дохилӣ дар Лубнон дар 17 соли охир, яъне аз замони хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар дониста мешавад. Ин аст, ки вазъи хушунатбори Лубнон дигарбора мояи нигарониҳои байналмилалӣ шудааст.

Мишел Монтас, сухангӯи дабири кулли СММ Бан Ги Мун гуфт, дабири кулл дар бораи вазъи Лубнон изҳори нигаронии амиқ кардааст:

"Иқдомоти Фатҳ-ул-Ислом ҳамла ба субот ва истиқлолияти Лубнон аст. Дабири кулл аз ваҳдати назари гурӯҳҳои фаластинӣ дар Лубнон, ки ин ҳамалот алайҳи артиши Лубнонро маҳкум карданд, истиқбол мекунад. Ӯ аз тамоми ҷонибҳо даъват мекунад, тамоми талоши мумкинро ба хотири ҳифзи ҳаёти мардуми осоишта истифода баранд."

Дар ҳамин ҳол, вазири иқтисоду тиҷорати Лубнон Самӣ Ҳаддод ба Би-Би-Си гуфтааст, ба назари Бейрут, хушунатҳои ахир ба таври махуф аз сӯи Сурия раҳбарӣ мешаванд. Аммо сафири Сурия дар СММ Башор Ҷаъфарӣ ин иттиҳомро радд намуда, гуфт, Димишқ иртиботе бо Фатҳ-ул-Ислом надорад. Вай афзуд, гузашта аз ин, дар Сурия бархе аз аъзои ин гурӯҳро бо ҷурми тарафдорӣ аз шабакаи ал-Қоида ҳатто ба зиндон афканда буданд.

"Раҳбарони ин гурӯҳ суриёӣ нестанд ва онҳо бо ҷурми иртиботашон бо гурӯҳи ал-Қоида, тавре гуфтам, чандин солро дар Сурия дар зиндон ба сар бурдаанд. Ва Сурия ба ҳеҷ ваҷҳ масъули он чӣ , ки дар ҳоли ҳозир бар сари ин гурӯҳ мегузарад, наметавонад бошад. Чунки агар онҳо ба Сурия бираванд, онҳоро ба зиндон хоҳанд андохт."

Башор Ҷаъфарӣ ба ин нукта ҳам ишора кард, ки аксари аъзои Фатҳ-ул-Ислом фаластинианд. Дар ҳоли ҳозир дар Лубнон тақрибан 400 000 паноҳандаи фаластинӣ ба сар мебаранд, вале ҳамаи гурӯҳҳои фаластинии фаъол дар ин кишвар Фатҳ-ул-Исломро маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG