Тибқи иттилоъи Кумитаи омори Тоҷикистон, тайи як соли ахир азҳампошӣ ё талоқи беш аз се ҳазор хонаводаи тоҷик, махсусан, оилаҳои ҷавон сабти ном шудааст. Мерган Шабозов, раиси кумитаи мазкур гуфт, никоҳи бармаҳали духтарону писарони ноболиғ низ зиёд мушоҳида мешавад. Вай афзуд, танҳо дар як сол ҳудуди навад никоҳи барвақтӣ баста шудааст: «Дар давоми солҳои 2001 - 2006 дар ҷумҳурӣ шумораи ба қайдгирии талоқ 1,4 фисад афзудааст. Яъне, агар хонавайроншавиро дар кишвар ҳисоб кунем, панҷ талоқ ба сари сад хонавода рост меояд.»
Дар ҳамин ҳол, Маърифат Шокирова, мудири шӯъбаи рушди гендерии Кумитаи кор бо занон мегӯяд, ба иллати мушкили иқтисодӣ шумори бештари мардҳои тоҷик муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр карда, солҳост, ки ба кишвар барнагаштаанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, занҳои бесаробонмонда, ки ниёз ба пуштибонии молӣ доранд, дар хонаводаҳои аксар мардони сарватманд зани дуввум шудаанд. Хонум Шокирова гуфт, дар як рӯз тақрибан даҳ-понздаҳ нафар зан бо аризаи шикоятӣ аз мушкилоти хонаводаи худ ба онҳо муроҷиат мекунанд: «Агар нисбат ба солҳои қаблӣ, солҳои даргирӣ буд, муқоиса кунем, вазъи хонаводаҳои тоҷик андаке беҳбуд ёфтааст. Вале агар дақиқ назар кунем, ҳанӯз ҳам камбудҳои зиёде, аз ҷумлаи тарбияи дурусти фарзандон, вазъи тандурустии аъзои оила вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, мо бояд таваҷҷӯҳи худро барои боло бурдани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ равона кунем.»
Маърифат Шокирова ҳамчунин гуфт, Кумитаи занон тасмим дорад, ки қисмати бештари занҳои корҷӯйро бо ҷойи кори муносиб таъмин кунад. Ин дар ҳолест, ки Марҳамат Ғаниева, як сокини Душанбе мегӯяд, имрӯз як қатор мушкилот, минҳайси таҳсили фарзандон ӯро рӯҳафтода кардааст. Вай гуфт, дар ҷое кор намекунад, аммо таъмини хонаводаро бар дӯш дорад: «Ҳозир оилаҳо проблемаҳои зиёд доранд. Бубинед, тӯй кардан, хона харидан мушкил шудааст. Барои таҳсили фарзандон пул даркор. Магар ҳамаи ин мушкилӣ нест?»
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик мегӯянд, то мустақилияти иқтисодӣ ба даст наоваранд, яъне соҳиби ҷойи кори муайян нашаванд, оиладоршавиро қабул намекунанд. Онҳо хушбахтӣ ва пойдор мондани оилаҳоро дар якдигарфаҳмӣ ва доштани ҷойи кору зиндагии серу пур мебинанд....
....ва аммо коршиносони созмонҳои ғайриҳукуматӣ бар ин боваранд, ки хушунати хонаводагӣ далели аслии азҳампошии хонаводаҳои тоҷик гардидааст. Онҳо мегӯянд, агар кор ба ҳамин минвол идома ёбад, теъдоди чунин оилаҳои азҳампошида солҳои оянда ба маротиб хоҳад афзуд.