Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фақирони фарбеҳи Олмон


Олмониҳо дар Аврупо аз ҳама фарбеҳтар будаанд

Як пажӯҳиш маълум кардааст, ки 75 дар сади мардон ва 59 фоизи занон дар Олмон аз меъёр зиёд «фарбеҳ» будаанд.

Фикр мекунед, аз пули бисёр? Не, баръакс. Пажӯҳишгарон гуфтаанд, мавқеъи иҷтимоии олмонӣ ҳар чӣ қадар поинтар бошаду кисааш ҳар чӣ қадар холитар бошад, вай ҳамон қадар фарбеҳтар мешудааст. Аниқтараш, фарбеҳтаринҳои Олмон фақиртаринҳояшон будаанд. Ин пажӯҳишро созмоне бо номи Иттиҳоди байналмилалии омӯзиши фарбеҳӣ гузаронидааст.

Бино бар натоиҷи ин тадқиқот, олмониҳо мардуми фарбеҳтарини Аврупо буда ва дар ин маврид мавқеъи чехҳову бритониёҳоро танг кардаанд.

Олимони Олмон гуфтаанд, иллати дар бадани ҳамватанони онҳо ҷамъ шудани он қадар равғанҳои зиёд он аст, ки онҳо аз низоми нодурусти истеъмоли таом кор мегиранд ва кам ҳаракат мекунанд. Бар ин илова, пиво ва шириниҳо ҳам дар фарбеҳии одам «саҳм»-и арзанда доштааст. Пажӯҳишгарон гуфтаанд, шаст дар сади аҳолии Олмон ҳатто ба супермаркет бо мошин мераванд.

Чунин фарбеҳшавии саросарӣ ба он оварда расонидааст, ки Олмон ҳар сол барои табобати маризиҳои марбут ба фарбеҳшавӣ, низоми дилу мушакҳо ва диабет беш аз даҳ миллиард евро сарф мекардааст.
XS
SM
MD
LG