Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз муҳоҷират: Акнун аз Русия ба Қазоқистон


Баъди аз бозорҳои Русия берун кардани тоҷикон бархе аз онҳо дар ҷустуҷӯи кор ба Қазоқистон рӯ овардаанд. Рустам Фатҳуллоеви колхозободӣ, ки дар Русия 7 сол кор карда буд, мегӯяд. "Дар Русия вазъият тинҷ нест. Дар Перм ҳозир дар бозор раҳ намедиҳанд, он чо 600 ҳазор рубл ҷарима мекунанд. Барои ҳамин ин тараф омадем, ба ватан наздиктар..."

Вай мегӯяд, дар Перм то 10 ҳазор тоҷик дар бозор кор мекард ва акнун аксари онҳо нақша доранд, ба Қазоқистон биёянд.

Муҳоҷири дигар Асрорхоҷа Иброҳимов, зодаи ноҳияи Қумсангир, ки соли гузашта ба Русия рафта буд, мегӯяд, азоби алиме, ки дар шахри Толятти дид, ӯро маҷбур сохт, тарки Русия кунад: "Ман 6 моҳ дар Толятти дар сохтмон кор кардам. Дидам намешавад, милиса ва авбошҳо бисёр ғам медиханд. Шаб меомаданд, медаромаданд ба хона, сумкаҳоро мекофтанд, пула меканданд мегирифтанд. Лат ҳам мекарданд. Намемонанд як чиз бихариву бихури, пушок -мушоки тозата мекашанд мегиранд, ботинкахота мекашанд мегиранд, кепкаатро тоза бошад. мегиранд.Баъд як дах- понздаҳ кас маслиҳат кардему гуфтем ба Қазоқистон биравем."

Ҳамсӯҳбатони мо ҳарчанд дар Алмаато аз гаронии иҷораи манзил ва хурокворӣ шиква мекунанд, умед доранд, ки барояшон вазъ мусоид боқӣ бимонад. Онҳо мегӯянд, агар дар ин ҷо ҳам шароит сахт шавад, намедонанд, ба куҷо хоҳанд рафт."
XS
SM
MD
LG