Собиқ фармондеҳи кулли Иттиҳодияи мухолифини тоҷик Мирзо Зиёев - вазири пешини ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон зимни мусоҳибаи худ бо ҳафтаномаи мустақили «Миллат» гуфтааст, мехоҳад Душанбешаҳрро ба қасди кӯҳистон тарк гуяд. Ба гуфтаи Мирзо Зиёев ин иқдомаш ангезае надорад ва фақат мехоҳад дар мавзеъи Бурхи Вали водии Вахё зиёратгоҳ ва масҷиду меҳмонхона бунёд кунад. Мирзо Зиёев дар посух ба ин суоли хабарнигор,ки аз Душанбе озурда бармегардад, гуфтааст ман бо сулҳ омада будам ва бо сулҳ меравам.
Нашрияи русзабони «Азия плюс» дар сармақолаи худ навиштааст, яке аз санадҳои муҳиме,ки зимни сафари мақомоти баландпояи Тоҷикистон ба Имороти муттаҳидаи Араб ба тасвиб расид, имзои созишномаи ҳамкории ин ду кишвар дар роҳи таҳвил додани гуруҳҳои ҷинояткору қоҷоқбарони одам будааст. Нашрия менависад,ки Имороти муттаҳидаи Араб, хусусан шаҳри Дубай солҳост,ки ба як саҳнаи қочоқи занону духтарони тоҷик табдил шудааст. Аммо бино ба набуди созишномаи ҳамкорӣ, баргардондани чунин занону духтарон,ки дар ин ин кишварҳо ба танфурӯшӣ ҷалб шуда, манбаъи ба даст овардани маблағҳои калон барои қочоқбарон гаштаанд, кори чандон осон набудааст.
Рӯзномаи «Вечерний Душанбе» зери сарлавҳаи Маҳмадсаид Убайдуллоев: "Татбиқи генплан тибқи қонун амалӣ мешавад" навиштааст, ин тарҳ қарор аст то соли 2015 дар маркази пойтахт ба иҷро дарояд ва то соли 2030 ҳалқаҳои дигари он ки атрофи шаҳрро дар бар мегирад марҳила ба марҳила татбиқ шавад..
Нашрияи «Фараж» - ҳафтаномаи мустақили дигари чопи Душанбе чашмандозе ба таҳавуллоти сиёсӣ дар Бишкек кардааст. Ин навишта бо сарлавҳаи «Ҳукумати бе ранги сурх»ба чоп расидааст ,ки дар он соҳибназарон ва коршиносони масоили сиёсии Тоҷикистион изҳори назар кардаанд. Аз ҷумла Суҳроб Шарипов, мудири Маркази таҳқиқоти стротежики назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон муътақид аст,ки ба фарқ аз ҳаводиси солҳои навадуми Тоҷикистон,ки бо ҷанги шаҳрвандӣ хатм шуд, дар Қирғизистон ин қазия чунин шакл нахоҳад гирифт ва бо роҳи сиёсӣ ҳал хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи «Миллат» зери сарлавҳаи «Шиносномаи рақами 1 - Эмомалӣ Раҳмон» навиштааст Тоҳири Абдуҷаббор як аз шахсиятҳо,ки ба хотири ҳамин гуна иддаъоҳояш аз суйи гурӯҳҳои манфиатҷӯй,барои ҳамеша тамғаи миллатгаро барчаспи исмаш шудааст, аз ин иқдоми Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кардааст.
Нашрияи русизабони «Собития» дар саҳифаи ахбори фарҳангии худ зери сарлавҳаи «Шоира Гулрухсор қаҳрамони филми «Ҳафт зан» хабар медиҳад,ки дар қатори 7 нафар чеҳраҳои маъруф,бонувони саршиноси кишварҳои узви Иттиҳоди Шуравӣ зиндагинома ва роҳи эҷодии шоири саршиноси тоҷик Гулрухсори Сафӣ, ба навор гирифта шудааст. Муаллифи мақолаи мазбур менависад, муаллифи ин филм Александр Липков тавонистааст, мавқеъи Гулрухсоро дар мавриди пешрафти фарҳангу маърифати мардуми Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди шуравӣ муаасир арзёбӣ кардааст.