Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТадАЗ: Коҳиши тавлидот ва болоравии баҳои нерӯи барқ


Ширкати арзизи тоҷик ба иллати норасоии нерӯи барқ дар моҳҳои феврал-марти соли равон беш аз понздаҳ миллион доллар зарар дидааст. Масъулини ширкати мазкур таъйид мекунанд, ки дар ин муддат тавлидоти корхона тақрибан панҷуним ҳазор тонна коҳиш ёфтааст. Ӯктам Фаёзов, муовини раиси Ширкати арзизи тоҷик гуфт, танҳо дар як моҳи март корхона се ҳазор тонна камтар алюминий истеҳсол кардааст.

Тибқи иттилоъи масъулини ширкати арзиз, дар моҳи феврали соли ҷорӣ коҳиши меъёри истифода аз нерӯи барқ 14 миллион ва дар мохи март беш аз 79 млн киловатт соатро ташкил кардааст. Ин манобеъ таъйид мекунанд, ки
дар семоҳаи аввали имсол корхонаи мазкур аз таъминкунандаи асосии худ «Барқи Тоҷик» ба миқдори 93, 4 млн. киловатт соат камтар қувваи барқ дарёфт намудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки меафзояд оқои Фаёзов, корхонаи арзиз рӯзона ба бист миллион соат нерӯи барқ ниёз дорад.

Ва аз сӯи дигар баҳои фурӯши қувваи барқ барои корхона аз 2, 66 дирам то ба 3,6 дирам боло бурда шудааст. Дар навбати худ чунин болоравии қиммати нерӯи барқ ширкатро дар иҷрои нақшаи солона, ки 420 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст, водор мекунад, ки 8 миллион доллари изофӣ пардохт кунад.

Масъулини ширкати арзизи тоҷик гуфтанд, новобаста аз боло бурдани баҳои нерӯи барқ дар семоҳаи аввали имсол тавонистаанд, тақрибан 40 дар сади маблағро дар ин замина ба ширкати «Барқи тоҷик» пардохт кунанд. Аз 21 миллион долларе, ки дар ин муддат ширкат барои нерӯи барқ пардохт кардааст, ҳудуди 19 миллион доллари он ба хазинаи «Барқи Тоҷик» -ширкати фурӯшандаи неури барқи кишвар ворид шудааст.

Ширкати арзизи тоҷик аз моҳи марти соли 1975 ба фаъолият шурӯъ карда то кунун бузургтарин корхонаи истеҳсолии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳоло дар ин корхона ҳудуди 13.000 нафар фаъолият мекунад. Ва 75 %-и содироти кишвар ба ин ширкат мутааллиқ аст
XS
SM
MD
LG