Хазинаи Амударё, баҳси хароҷоти маросимҳо, лағви маҳдудияти барқ ва боло рафтани қимати об дар Тоҷикистон аз мавзӯъҳои мавриди назари нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳаaта будааст.
Ҳафтаномаи «Факти и комментарии» дар матлабе ба унвони «Хазинаи Амударё моро машҳур кард» навиштааст, ки ҳадафи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз бозгардонидани Хазинаи Амударё, ки ҳоло дар Осорхонаи Бритониёст, пурзӯр намудани мавқеи сиёсиаш дар дохили кишвар ва ҷовидонӣ сохтани сиёсати худ аст. Ҳафтанома ҳамчунин овардааст, раисҷумҳури Тоҷикистон бо рекломи Хазинаи Амударё ҳамчунин мехоҳад барои Тахти Сангин, маҳалли таърихие дар ноҳияи Қубодиён мақоми мероси умумибашариро ба даст орад.
Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи «Азия-плюс» дар матлабе таҳти унвони «Хазинаи Амударё. Оё Тоҷикистон тиллои худро метавонад бозгардонад?» навиштааст, ки дар ҳоли бозгардонидани Хазинаи Амударё Тоҷикистон имкони нигаҳдории онро надорад. Ҳафтанома аз қавли Музаффар Азизов, сарвари шӯъбаи ҳифз ва истифодаи осори таърихии вазорати фарҳанги Тоҷикистон навиштааст, ягон дастури расмие вазорат дар мавриди бозгардонидани Хазинаи Амударё нагирифтааст ва дар сурати бозпас гирифтан низ осорхонаҳои Тоҷикистон шароити ҳифзи онро надорад.
Дар ҳамин ҳол, яке дигар аз мавзӯоти мавриди баҳси нашрияҳо гаронии хароҷоти маросимоти тӯю азо дар кишвар будааст.
Ба навиштаи "Аргументи и факти"-и чопи Душанбе хароҷоти тӯю маъракаҳои Тоҷикистон дар соли 2006 аз ҷумла барои тӯйҳои арусӣ ҳудуди 180 ва маъракаҳои мотам беш аз 120 миллион долларро ташкил додааст.
Ҳафтаномаи «Миллат» таҳти унвони «СССР-ро кӣ барҳам дод? Чаро коммунистон капиталист шуданд?» овардааст, ки посух ба ин суолҳо бештар реша дар омилҳои инсоние дорад, ки дар замони шӯравӣ шакл гирифта буданд. Тоҳири Абдуҷаббор, муаллифи ин матлаб навиштааст, раванди хусусигардонӣ ба раванди тороҷи моликияти мардум табдил ёфтааст ва дар ин кор коммунистони орӣ аз худшиносии инсониву миллӣ пешгом будаанд,. Муаллиф навиштааст, коммунистони Тоҷикистон, ки ҳоло дар сари қудратанд, ҳеҷ гоҳ мустақилияти андеша надоштанд ва ҳоло ҳам надоранд.
Аксари пурсидашудагони ҳафтаномаи «Фараж» ба суоли «Шумо қиматшавии нархи обро чӣ гуна қабул кардед?» посухи манфӣ додаанд. Қимати пардохт барои об 67% фисад афзудааст ва як пурсидашудаи ҳафтанома гуфтааст, дар ҳоле ки Тоҷикистон захираҳои бойтарини обро дар минтақа дорост, боло бурдани нархи истифодаи он ғайриқобили қабул аст. Аммо як нафари дигар мегӯяд, азбаски ҳоло кишвар ба ҳамсоягонаш даъво дорад, ки об мол аст, эҳтимол дорад, боло бурдани қимати он тобиши сиёсӣ дошта бошад.