Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инқилобиён канораҷӯ шудаанд?


Дар Укроин ва Қирғизистон боз митингҳову парчамҳо. Дар таҳаввулоти ду ва се сол пеши ин ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ҷавонон нақши фаъол бозидаанд. Ин гурӯҳҳо асосан аз мухолифин пуштибонӣ карда дар паҳлӯи аҳзоби сиёсии кишвар хоҳони ислоҳоту навовариҳои сиёсӣ буданд. Аммо ҳоло мавқеи ин ҷумбишҳо чӣ гуна аст ва дар баробари бӯҳронҳои сиёсии имрӯза онҳо чӣ вокуниш нишон медиҳанд?

Алишер Мамасолиев имрӯз раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии "Платформаи шаҳрвандӣ"-и Қирғизистон - ду соли пеш яке аз раҳбарони ҷумбиши сиёсии "Кел-кел" будааст. Вай гуфт, имрӯз ҳам ин ҷумбиш фаъолияти худро идома медиҳад, аммо аксари онҳое, ки дар барканории ҳукумати Аскар Оқоев иштирок карданд, аз ҳайати ин созмон хориҷ шудаанд:

"Ҳамкорони мо дар Украина, созмони "Пора", дар Гурҷистон - созмони "Кхмара", дар Сербистон - "Отпор" буданд ва ҷумбиши "Кел-кел" ҳам аз рӯи технологияҳои ҳамин созмонҳо таъсис шуда буд. Ҳадаф ин буд, ки ҷавонони бештар барои мубориза ҷалб шаванд. Аз оғоз пешгӯӣ мешуд, ки баъди инқилоб ин ҷумбиш тақсим шуда, як бахш ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва бахши дигар ба корҳои ҷамъиятиву масоили иҷтимоии донишҷӯён машғул хоҳад шуд. Амалан ҳамин тавр ҳам шуд. Мо дар дохили созмон шоҳиди баҳсҳои зиёди пуштибонон ва мухолифони раиси ҷумҳурӣ Боқиев шудем. Ман роҳи сиёсиро интихоб кардам, ва ин роҳи хуб андешидашуда буд. Аммо амалан мо ба ҳайси шарик боқӣ мондем".

Тимур Абаев, ҷавони 24-солаи дигари қирғиз, ки ҳамчунон ду соли пеш дар ҳайати "Кел-кел" дар майдони асосии Бишкек шиорҳои зидди ҳукумати Оқоевро ба забон меовард, имрӯз аз фаъолият канор рафтааст. Вай мегӯяд, ки баъди ин гирудорҳои сиёсӣ ӯ дарк кард, ки бояд аз пайи таҳсил шавад. Ҳоло ӯ дар донишгоҳи миллии Сингапур улуми сиёсӣ меомӯзад. Вай бо қаноатмандӣ гуфт, ки узвият дар "Кел-кел" барояш як мактаби хуби сиёсӣ буд.

"Мо ифтихор дорем, ки ин созмонро таъсис додем, мо ифтихор дорем, ки созмони мо дар рӯйдодҳои 24 марти соли 2005 нақши муҳим бозид. Шодам, ки ҳоло ҳам созмони мо фаъолияташро идома медиҳад, аммо ҳанӯз ҳама кор ба анҷом нарасидааст, дар пеш кор хеле зиёд аст. Аммо дар робита ба рӯйдодҳои ахир, дар робита ба эътирозҳои мухолифин, ки ба 11 апрел таъйин шудааст, ҷумбиши "Кел-кел" ҳанӯз мавқеи худро мушаххас накардааст. Ман намедонам, чӣ мешавад".

Тимур гуфт, ки бо чаҳор донишҷӯи дигари қирғиз, ки феълан дар хориҷа таҳсил мекунанд, чанд рӯз пеш махсус ба Бишкек омаданд, то ки рӯйдодҳои кишварро аз наздик мушоҳида кунанд. "Мо ба ояндаи кишвар бетараф нестем, мо намехоҳем, ки ватани мо оғуштаи бӯҳрону мушкилоти дарозмуддат бошад", гуфт вай.

Дар айни замон, Алишер Мамасолиев эътироф кард, ки бӯҳрони сиёсӣ, ки ҳоло ба нуқтаи авҷаш расидааст, ӯву дигар ҳамсолонашро водор ба бознигарии фаъолиятҳои сиёсиашон кардааст. Вай гуфт, он эҳсоси ҳаёҳуву ғурури ҷавононаеро, ки ду соли пеш дошт, ҳоло як сӯ гузошта, ба рӯйдодҳои имрӯза бештар аз як канор, чун таҳлилгар баҳо медиҳад. Вай гуфт:

"Мо, созмонҳои ҷамъиятӣ, ҷумбишҳои ҷавонон мағрур шуда, эҳсоси набзи сиёсиро аз даст додем. Мо аз ҷараёни ислоҳоти Қонуни Асосӣ канор мондем ва ҳоло сарнавишти кишварро амалан ду нирӯ ҳал мекунад: ҳукумат ва мухолифин. Созмонҳои ҷамъиятӣ бошанд дар нақши пайрав монданд, ки рӯйдодҳоро аз паси гурӯҳҳои сиёсӣ дунбол мекунанд. Агар бубинед, аз як сӯ дуруст ҳам ҳаст, чунки ҳоло мубориза барои қудрат дар миёни собиқ муттафиқон ҷараён дорад ва мо даступо гум кардем, ки дар чунин вазъият бояд бо кӣ ҳамроҳ шавем?".

Алишер мегӯяд, ки дар ҷомеа ҳоло мушаххасан ду нирӯи мухолифин эҷод шудааст, ки яке аз роҳҳои мӯътадил ва дигар аз роҳҳои тағйироти бунёдӣ кор мегирад. Ва нақши раиси ҷумҳурӣ дар ин ҳолат хеле заъиф аст, ки ба қавли ин ҷавон, аз даъватҳои "истеъфо" ва "пароканда кардани парлумон" ҳарос дорад. Алишер мегӯяд, ки шахсан ӯ ва Иттиҳодияи ҷамъиятии "Платформаи шаҳрвандӣ"-аш, ҷонибдори баргузории ислоҳот аст, на интихоботи раёсатҷумҳурии зудрас. Аммо ба фарқ аз ӯ, Тимур Абаев мегӯяд, ки барои ӯ суботи сиёсии кишвар муҳимтар аз он аст, ки қудрат дар дасти кӣ хоҳад буд:

"Фарқ надорад, ки сари қудрат Боқиев мешавад ё Қулов. Муҳим ин аст, ки дар кишвар эътидоли сиёсӣ бошад ва конситутсияи кишвар ислоҳ шуда ин қонун ҳукмфармо бошад. Ман ҷонибдори ислоҳот ҳастам ва аз ақидаҳои "Ҷабҳаи муттаҳид" пуштибонӣ мекунам. Ин маънои онро дорад, ки бале, ман ҷонибдори интихоботи зудрас ҳастам".

Ба андешаи аксар нозирону ширкатдорони фаъоли рӯйдодҳои сиёсии имрӯзаи давлатҳое, ки инқилобҳои рангаро пушти сар карданд, ин марҳилаи ибтидоии демократикунонии ҷомеаи кишварашон мебошад. Сергей Таран, сиёсатшинос ва раҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии демократия мисли се соли пеш имрӯз ҳам дар ҷумбиши сиёсии ҷавонон бо исми "Пора" аст ва ҳоло узви Шӯрои сиёсии ин ҳизб ҳам мебошад. Вай гуфт, ки рӯйдодҳои имрӯзаи Украина шабеҳи демократияҳои ҷавони Аврупову Амрико буда ин як ҷараёни оддии муборизаи сиёсӣ мебошад.

"Ҳоло ҷараёни душвори шаклгирии демократияи Украина идома дорад. Масъала ин аст, ки мо ислоҳоти конститутсиониро қабул карда, аммо дар қонун салоҳиятҳои мушаххаси раиси ҷумҳурӣ, парлумон ва нахуствазирро навишта накардем. Ҳоло кишвар бо усулҳои демократӣ кӯшиш дорад, ки аз вазъияти баамаломада берун шавад".

Сергей Таран гуфт, ки ҳукумат ба раҳбарии Виктор Янукович аз оғоз ба иштибоҳҳои зиёди қонунӣ роҳ дод, ки боиси сар задани бӯҳрони имрӯза шудааст. Аммо Сергею садҳо ҳазор муттафиқонаш, ки се соли пеш зери парчами норанҷии Виктор Юшенко ба барканории ҳукумати Леонид Кучма сабаб шуданд, раиси ҷумҳурии имрӯзаро барои таъхир дар тасмимгириҳояш муттаҳам мекунанд. Аммо бо ин вуҷуд, ба андешаи ӯ, интихоботи нави парлумонӣ танҳо роҳи ҳалли бӯҳрони сиёсии Украина аст:

"Агар интихобот баргузор нашавад, моро ташаннуҷи бӯҳрони сиёсӣ интизор аст. Ва инчунин масъалаи қонуни асосӣ ҳам дар пеш аст, ки бояд мушаххас кунад, ки билохира масъулияти тасмимгирӣ дар кишвар ба дӯши кист? Дар ин сурат, вазъ боз ҳам буғранҷ мешавад. Аз нигоҳи ман, баргузории интихобот танҳо роҳи ҳалли масъала буда метавонад. Агар интихобот баргузор нашавад, пас ба демократияи Украина зарбаи шадид зада, моро беэътидолии сиёсӣ ва адами ислоҳоти бунёдӣ дар кишвар интизор аст".

Сергей Таран мегӯяд, мутмаин аст, ки роҳандозии тағйироти бунёдии сиёсӣ се соли пеш як амри зарурӣ буд.

"Иштибоҳ мешавад агар гӯем, ки инқилоби норанҷӣ хато будааст. Ҳоло бубинед, ки ҳамин ҳизби минтақаҳои Янукович, коммунистҳо ё сотсиалистҳо - ҳамаи инҳо меваҳойи инқилоби норанҷиро мечашанд: мо ба озодии баён даст ёфтем, нирӯҳои сиёсӣ дар ҳамон Майдон гирди ҳам меоянд ва ҳамон шевайи муборизаи инқилоби норанҷиро ба кор мебаранд. Мо имрӯз ба озодие даст ёфтем, ки аз он ҳама баробар истифода мекунанд ва ин дастоварди бузург аст".

Бо зикри ин ҳама, Сергей Таран, узви шӯрои сиёсии ҳизби "Пора" мегӯяд, ки ба фарқ аз се соли пеш имрӯз шеваи муборизаи сиёсии ин ҳизби ҷавони онҳо тағйир кардааст. "Мо нақораҳои инқилобии худро канор гузошта, бо роҳҳои ақлониву музокирот талош дорем, ки ба ислоҳоти сиёсӣ даст ёбем", мегӯяд Сергей. Аммо, ба гуфтаи вай, ҳадаф ва рисолати онҳо ҳамон аст, ки аз оғоз эълон шуда буд: табдили Украина ба як давлати аврупоӣ ва дастёбӣ ба ҳама навъи озодиҳо, пеш аз ҳама ба озодиҳои инсонӣ.
XS
SM
MD
LG