Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чашмони нилгуни Помир


Бузургтарин кӯли Помир Қарақул наздик ба 27-миллиард метри мукааб об дар 460-километрии масири Хоруғ-Уш дар марз бо Қирғизистон доман паҳн кардааст. Мутахассиси идораи оби вилоят Шафтолу Саидмирзоев мегӯяд, ки бино ба сокиту ором будан, дурӣ аз амокин ва адами мавҷудоти зинда дар кӯл, он камтар мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст. Вай гуфт, дар таркиби кӯл намак хеле зиёд аст ва оби он ошомиданӣ нест. Зимистон оби кӯл ях мебандад ва бархе аз ронандагон ба хотири кӯтоҳ кардани роҳ аз болои ях ҳаракат мекунанд. Чанд сол қабл ҳодисаи шикастани ях ва фуру рафтани автомобили сабукрав ба кӯл мунҷар ба ҳалокати ду нафар гардида буд.

Дуввумин бузургтарин кӯли Помир Сарез аст, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Ин кӯл, ки бар асари заминҷунбӣ дар соли 1911 арзи вуҷуд кардааст, зиёда аз 17 миллиард мукааб обро дар хеш ғунҷонидааст. Мутахассисоне, ки солҳои зиёд ин кӯлро муроқибат кардаанд, бархе онро ҷиҳати эҳтимолияти мавҷудияти таҳдиди хатари зиёд дар сурати рух додани офати табиӣ «Аждаҳои хуфта» ва бархе бино ба зебои «Нозанини хуфта» меноманд.

Журналист Гулоси Мамадлоиқ, муаллифи филми мустанади «Сарез» изҳор дошт, на фақат таърихи пайдоиш, эҳтимолияти хатарот, балки оби чун оина шаффоф, зулол дӯстдорони ҳарчӣ бештарро ба худ ҷалб мекунад. Сарез ин афсона, мӯъҷиза, беҳтарин ҷой барои фароғат ва сайёҳӣ аст.

Яшилкул, сокинони маҳаллӣ онро Суманкул меноманд, саввумин бузургтарин, вале нахустин кӯли Бадахшон аст, ки обанбори он мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар фасли сармо ва камоби оби кӯл ба мақсади дар як сатҳи мӯайян нигоҳ доштани оби рӯдхонаи Гунд ва танзими фаъолияти муназзами агрегатҳои нерӯгоҳи обӣ-барқии Помир-1 сар дода мешавад.

Аммо Зоркул, кӯли бузурги дигарест, ки олами рангоранги мавҷудоти зиндаро дар худ ҷо додааст. Дар ин кӯл ғозҳои ҳиндӣ ва дигар намудҳои нодири олами вуҳушу туюрро дидан мумкин аст. Масъули мамнӯъгоҳи Зоркул Шодӣ Солеҳҷонов гуфт, ки ин кӯл дар марзи чаҳор давлат қарор дошта дар мобайни роҳи парвози паррандагон аз як иқлим ба иқлими дигар мавқеъ доштани он боис шудааст, ки фасли баҳор ва тирамоҳ дар гирду атрофи кӯл олами вуҳушу туюри он зиёдтар мешавад.

Рангкӯл, Музкӯл, Турумтайкӯл, Друмкӯл - кӯлҳои бузурги дигари минтақаи Бадахшонанд, ки бо олами рангоранги хеш мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳон қарор гирифтаанд. Аммо аз ин шумор бино бар ҳисоби мутахассисон 120 кӯлҳои кӯчаку бузург дар тори қуллаҳои кӯҳ ва баландиҳо арзи вуҷуд карда омили таҳдид ба маҳалҳои аҳолинишин арзёбӣ мешаванд. Мутахассисон муайян кардаанд, ки офати табии чанд сол қабл дар маҳалли Дашти ноҳияи Роштқалъа, ки мунҷар ба ҳалокати 24 нафар гардида буд, бар асари рахнашавии яке аз чунин кӯлҳо, ки дар роҳи ҳаракати сел ба вуҷуд овардааст, ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба дунболи ин фоҷеа, гурӯҳи мутахассисони сарраёсати геологияи ҷумҳурӣ ва ситоди вазъи фавқулодаи Бадахшон бо кӯмаки Оҷонсии швейтсарӣ оид ба рушд тавассути чархбол вазъи кӯлҳои Бадахшонро мавриди санҷиш қарор дода гуфтанд, ки бархе аз ин кӯлҳо ҷиҳати эҳтимолияти мавҷудияти таҳдид ба ҳаёти сокинон ба муроқибати ҳамешагӣ ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG