Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хостҳои Аврупо аз Осиёи Марказӣ


Дар мулоқоти ҳайъатҳои Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 27-28 март дар Остонаи Қазоқистон барпо шуд, вазири корҳои хориҷии Узбакистон Владимир Норов иброз дошт, ки дар масъалаи ҳуқуқи башар кишвараш ба муколама бо кишварҳои ғарбӣ омодааст, на ба шунидани хитобаҳо. Норов гуфт:

"Ба фикри мо хеле муҳим аст, ки равобит бар пояи ҳуқуқи баробар, эҳтироми дуҷониба, худдорӣ аз мудохила ба корҳои ҳамдигар, прагматизм, эҳтироми манфиати ҷонибҳо ва бидуни вуруди идеология роҳандозӣ шавад".

Мансабдори узбак таҳрими иқтисодии Иттиҳодияи Аврупоро, ки баъди таъқиби ошӯбҳои моҳи маи соли 2005-уми Андиҷон ҷорӣ шудааст, беаҳамият хонд. Моҳи ноябри соли 2005-ум бо ишора ба истифодаи беҳадду андозаи нерӯ дар муқобили эътирозгарони андиҷонӣ Иттиҳодияи Аврупо фурӯши аслиҳа ба Узбакистонро маҳдуд ва тақдими раводиди сафар ба як идда мансабдорони узбакро манъ кард.

Ҳангоми мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Остона вазири корҳои хориҷии Олмон Франк Валтер Штейнмейер аз номи Иттиҳодияи Аврупо лоиҳаи стратегияи Иттиҳодия дар Осиёи Марказиро муаррифӣ намуд. Иттиҳодияи Аврупо саъй дорад, дар минтақаи саршор аз маводи сӯхт ҳамкории қавӣ барқарор намояд. Штейнмейер мегӯяд, барои Иттиҳодияи Аврупо дар баробари рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергия демократиконии кишварҳо минтақа муҳим аст.

Дар ин маврид, раиси ситоди ҳизби демократи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Раҳматулло Валиев мегӯяд, демократия ва эҳтироми ҳуқуқи башар бо миллатҳову анъанаҳои қавмӣ ҳеҷ иртибот надорад, вале баъзан сиёсатмадорон барои рӯпӯш намудани нокомиҳояшон аз ин истилоҳ кор мегиранд:

"Ҳеҷ вақт демократия амрикоиву русиву узбакиву тоҷикӣ намешавад. Ҷомеаи шаҳрвандиву демократӣ аз ниҳодҳо иборат аст: интихоботи озоду шаффоф, се шохаи мустақили давлат ва пеш аз ҳама волоияти қонун. Магар дар пеши қонун ҷавобгӯ будани шаҳрванд амрикоиву тоҷикӣ мешавад?"

Дар арафаи мулоқоти Штейнмейер бо ҳайъатҳои мамолики Осиёи Марказӣ ҳомиёни ҳуқуқи башар талаб карданд, ки Иттиҳодияи Аврупо эҳтироми ҳуқуқи башар дар ин минтақаро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор диҳад. Бахши аввали матлаби имрӯзаи мо ба арзёбии ҳамин гузоришҳо бахшида мешавад.

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал рӯзи 26 март Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ҳам дар як овоздиҳӣ назорати рӯзмарраи вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистону Иронро лағв намуда, нигарониҳои зиёд, аз ҷумла, қурбонии сиёсат шудани ҳуқуқи башарро ба вуҷуд овард.

Федератсияи ҳуқуқи башари Ҳелсинки изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар гӯшаҳои мухталифи Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, ба хусус Русия, Беларус ва Осиёи Марказӣ таъқиби шабеҳи даврони Шӯравӣ эҳё шудааст. Федератсияи ҳуқуқи башари Ҳелсинки, ки вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои узви САҲА-ро назорат мекунад, дар гузориши имсолааш Осиёи Марказӣ, Беларус ва ҷамоҳири Қафқози Шимолии Русияро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дода, навиштааст, соли гузашта дар кишварҳои минтақаи ёдшуда, маҳдудсозии озодии дину баён, таъқиби мухолифин ва баъзан шиканҷаву беному нишоншавии мардум ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора мудири иҷроияи Федератсияи ҳуқуқи Башари Ҳелсинки Аарон Родз мегӯяд:

"Дар солҳои навадуми асри гузашта пешрафте дар таъсиси ниҳодҳои ҳуқуқи башар ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои амсоли Шӯрои Аврупо ва САҲА мушоҳида мешуд. Он замон СММ ҳам фаъолияти бештар дошт. Ҳоло пешрафт мутаваққиф шудааст, ҳатто метавон гуфт, бозгаште эҳсос мешавад".

Ба қавли Аарон Родз, бо ҳадафи фурӯ нишондани нуфузи созмонҳои ғайридавлатӣ дар саросари минтақа чораҳои ҷадиди андешида шудааст. Бар пояи қонуни нави Русия аз моҳи апрели соли 2006-ум созмонҳое, ки кӯмаки хориҷӣ мегиранд, бояд аз нав сабти ном шаванд ва ҳамчунин андози онҳо ба қадри назаррас боло бурда шуд. Ҳамин гуна чораҳои коҳишдиҳандаи фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ низ тасвиб шуд. Дар бисёре аз мамолики муштаракулманофеъ озодии ҷамъомадҳо маҳдуд буд.

Соли гузашта дар ҷараёни як интихоботи саршор аз тақаллуб Александр Лукашенко бори сеюм раёсатҷумҳурии Беларусро бар дӯш гирифт.Тахминан як ҳазор фаъоли мухолифин, ки ба нишони эътироз аз натиҷаи интихобот раҳпаймоӣ ташкил намуданд, дар заминаи сиёсӣ ҳабс ва боздошт шуданд.

Ҷамоҳири Узбакистону Туркманистони Осиёи Марказӣ шоҳиди ваҳшатноктарин поймолшавии ҳуқуқи башар шуданд. Федератсияи ҳуқуқи башари Ҳелсинки ёдрас мекунад, дар Узбакистон таъқибе, ки баъди ошӯби моҳи маи соли 2005-уми Андиҷон шурӯъ шуда буд, то кунун идома дорад. Дар ин ҷумҳурӣ даҳҳо ҳомии ҳуқуқ боздошт ва ё дар ҳабси хонагӣ қарор доранд. Дар Туркманистон саркӯби комили ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигорон ҷой дошт. Соли гузашта дар зиндони ин кишвар хабарнигори Радиои Озодӣ Оқилсапар Муродова ба ҳалокат расид. Фарзандони Муродова гуфтанд, ки дар ҷасади модарашон нишонии латту кӯб ба назар мерасид. Дар гузориши Федератсияи ҳуқуқи Башари Ҳелсинки гуфта мешавад, ки баъди фавти президенти Туркманистон Сапармурод Ниёзов дар моҳи декабри соли гузашта бисёриҳо умед доштанд, ки Туркманистон роҳи ислоҳотро пеш мегирад, вале интихоби ғайридемократии Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар моҳи феврали соли 2007-ум ин умеду орзуҳоро барбод дод.

Ба ақидаи муаллифони гузориш дар Тоҷикистон шиканҷа ва муомилаи ғайри қобили қабул аз тарафи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, муҳокимаҳои ноодилона, боздошт ва ҳамчунин ҳодисаҳои фавт дар маҳбас ҷой доштааст. Аарон Родз меафзояд, захираҳои саршори маводи сӯхти минтақа ба вазъи ҳуқуқи башар таъсири манфӣ мегузорад:

"Нигарониҳо дар мавриди энергия боис шудааст, ки ба вижа кишварҳои аврупоӣ, баррасии ҳуқуқи башарро канор гузошта бештар поймолшавии ҳуқуқро нодида мегиранд. Бо ҳадафи ҳифзи равобит ва кафолати содироти маводи сӯхт вонамуд мешавад, ки пешрафти сиёсӣ ҷой дорад."

Мудири иҷроияи Федератсияи ҳуқуқи Башари Ҳелсинки бар ин фикр аст, ки дар доду гирифт бо ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ҳукуматҳои мамолики ғарбӣ бояд ҳуқуқи башарро фаромӯш накунанд.

Дар арафаи мулоқоти раҳбари даврии Иттиҳодияи Аврупо бо ҳайъатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона созмони байналмилалии дидбони ҳуқуқи башар "Амнести Интернешенел" ё худ "Афви Байналмилалӣ" низ гузориши муфассале дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ ба табъ расонда, иброз дошт, ки дар ин минтақа ҳодисаҳои зиёди поймолшавии ҳуқуқ муҷозоти сазовор нагирифтааст. Анна Сундер Плазман шореҳи умури Осиёи Марказӣ дар созмони "АИ" ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти кишварҳои минтақа бо ҳар баҳона ба таъқиби дигарандешон рӯй меоранд:

"Дар Осиёи Марказӣ ҳукуматҳо ҷанг бо террор ва зарурати таҳкими амниятро пеш оварда, бо мақсади тақвияти қудраташон гурӯҳҳои осебпазирро ҳадаф қарор медиҳанд"

Ҳангоми сӯҳбат дар шаҳри Вена хонум Сундер Плазман гуфт, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чандин паймони ҳуқуқи башар довталабона имзо гузошта ӯҳдадор шудаанд, ки тақозову усули ин санадҳоро татбиқ хоҳанд кард, вале амалан дар вазъи ҳуқуқи башар мамолики минтақа беҳбуди воқеъӣ ба назар намерасад. Ба фикри шореҳи "АИ", Иттиҳодияи Аврупо бояд бо истифода аз имкони муносиб эҳтироми ҳуқуқи башар ва ҳокимияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказиро ба яке аз унсурҳои калидии стратегияаш табдил диҳад.

Ба ҳар навъ, стратегияи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ тобистони соли равон дар мулоқоти сарони кишварҳои ин созмон тасдиқ мешавад ва мо хоҳем дид, ки онҳо ба дархостҳои ҳомиёни ҳуқуқи башар чӣ аксуламал нишон медиҳанд. 26 март Шӯрои ҳуқуқи башари СММ таҳқиқи рӯзмарраи вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистону Иронро мутаваққиф намуд. Ин қарорро як идда ҳукуматҳо ва аз ҷумла ИМА танқид карданд. Ҳамчунин ин тасмим суолеро ба миён овардааст, ки оё Шӯро нисбат ба пешниёнаш, яъне Комиссияи ҳуқуқи башари СММ чӣ бартарӣ дорад?

Ахиран ИМА бо ишора ба нодидагирии поймолшавии ҳуқуқи башар дар баъзе кишварҳо ниҳоди дидбони ҳуқуқи башари СММ-ро мавриди интиқод қарор дод, зеро ин ниҳод арзёбии рӯзмарраи мақоми ҳуқуқи башар дар Узбакистону Иронро, ки ба ақидаи Вашингтон ба ҳуқуқи башар эҳтиром қоил нестанд, лағв намуд. Шӯрои ҳуқуқи башари СММ бо машварати панҷ кишвар ва аз ҷумла Зимбабве, ки худ ҳамчун поймолкунандаи ҳуқуқи башар дониста мешавад, лағви назорати рӯзмарраи вазъи ҳуқуқи башари Ирону Узбакистонро тасдиқ кард. Кишвари дигаре, ки ин ташаббусро матраҳ намудааст, Озарбойҷон аст. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ фиристодаи Озарбойҷон дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Женева Элчин Амирбоев гуфт, ки масъалаи ҳуқуқи башар вобаста ба тарзи тафаккур аст:

"Мутаассифона, мафҳуми ҳуқуқи башар худ ба худ ҷанбаи сиёсӣ дорад. Ва дар ҳақиқат, яке аз пешниҳодҳо ҳангоми ташкили Шӯро ин буд, ки ҳар узви онро аз се ду ҳиссаи кишварҳои шарик дар Маҷмаи Кулли СММ интихоб намоянд, яъне ҳадди ақалл 100 кишвар. Ва агар Шумо як кишвари узвро, ки аз тарафи беш аз 100 мамлакат интихоб шудааст, хуб ва ё бад мешуморед, ин фикри шахсии шумо мебошад. Ба фикрам беҳтарин коре, ки мо ҳоло карда метавонем, ин худдорӣ аз кашидани хатти ҷудоӣ аст."

Дар шаҳри Женева аъзои Шӯро иброз доштанд, ки онҳо мухолифи ҷалби таваҷҷӯҳ ба кишварҳои хос мебошанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар бар ин ақидаанд, ки агар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар паи ҷилавгирӣ аз кашидани хати ҷудоӣ бошад, сарнавишти он мисли Комиссияи ҳуқуқи башари СММ хоҳа буд, ки чанде пеш аз сабаби гум кардани таъсир пароканда карда шуд. ИМА ҳам аз ин овоздиҳӣ дар ҳайрат нест. Том Кейсӣ сухангӯи департаменти давлатӣ ё худ вазорати корҳои хориҷии ИМА иброз дошт, ки кишвараш аз ин амал нороҳат аст.

" Дар масъалаи Ирон қарори Шӯро комилан мухолифи назари Маҷмаи Кулли СММ аст, ки ду моҳ пеш бори дигар поймолшавии ҳуқуқи башар дар Иронро маҳкум карда буд".

Моҳи феврал департаменти давлатии ИМА гузориши солона дар мавриди вазъи ҳуқуқи башар дар саросари олам ва аз ҷумла Иронро ба табъ расонда, таъкид кард, ки дар ҷумҳурии исломӣ навъҳои мухталифи саркӯбӣ амсоли таъқиби мухолифини сиёсӣ, муҳокимаҳои ноодилона ва маҳдудсозии фаъолияти расонаҳо мушоҳида мешавад. Дар ин гузориш Узбакистон ҳам танқид шудааст. Кейсӣ таъкид мекунад, ки сабабии нороҳатии ИМА танҳо лағв шудани таҳқиқи вазъи башарии Ирону Узбакистон набуда, миқёси васеътар дорад:

"Ба фикрам, мутаассифона, ин як намунаи дигари он аст, ки Шӯрои Ҳуқуқи башари СММ ҳамчун ниҳоди қобили эътимод амал намекунад. Ва фаротар аз он, ҷомеаи ҷаҳонӣ дида метавонад, ки ин ниҳод ба иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошта шуда, қодир нест."

Ҳангоми таъсиси ниҳоди нави назорати ҳуқуқи башари СММ, ИМА барои яке аз 47 курсии Шӯро талош наварзид. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва дар байни онҳо созмони "Ҳуман Райтс Воч" мегӯянд, Вашингтон бояд канораҷӯиро бас кунад. Намояндаи "Ҳуман Райтс Воч" Пеггӣ Ҳикс таъкид мекунад, ки ҳанӯз ҳам Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар шакли комил поягузорӣ нашудааст ва ин ниҳод ҳадди ақалл дар коғаз метавонад, ки кишварҳои хилофкорро ба ҷавобгарӣ кашад. Бо ишора ба овоздиҳии таассуфангез дар масъалаи Ирону Узбакистон хонум Ҳикс меафзояд:

"Мо аз ИМА даъват кардем, ки фиристодаи хосеро таъйин намояд. Ин амал гувоҳи он хоҳад буд, ки Вашингтон ба бунёди ин ниҳод ва ҳифзи ҳуқуқи башар содиқ аст. Ба фикрам, сарфи назар аз ин нокомӣ, муҳим аст, бигӯем, ки ин ниҳод дар ҳоли ташкил буда, мақоме, ки Шӯро тақдим мекунад, фазои кофие барои пешрафт ва ҳифзи ҳуқуқи башар фароҳам меорад ва Шӯро нисбат ба Комиссияи мунҳалшуда таъсири бештар дорад.Ва ҳанз ҳам мо умед дорем, ки дар ҷараёни бунёди ин ниҳод ва коре, ки иҷро шудааст, ин ваъда дар ниҳояти амр татбиқ мешавад"

Раиси ситоди ҳизби демократи Маҳмадрӯзӣ Искандаров Раҳматулло Валиев ҳам ҷонибдори ширкати ИМА дар кори Шӯрои ҳуқуқи башарии СММ аст:

" Мо мехоҳем ва намехоҳем ИМА имрӯз кишвари абарқудрати олам аст ва ҳузури ин кишвар дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба нафъи тамоми ҷаҳониён аст".

Эҳтимол бозгашти ИМА ба Шӯрои ҳуқуқи башар амали душвор набошад, вале тавре овоздиҳии 26 марти ин ниҳод нишон медиҳад, ки вуруди тағйир дар фаъолияти Шӯро кори осон нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG