Ба яке аз казино ва ё қиморхонаҳои пойтахти Белгия гурӯҳи мусаллаҳи ғоратгарон ҳамла бурда, як миллиону 100 ҳазор доллари ин казиноро ба ғорат бурдаанд.
Додситон Эрик Деҳон гуфт, ки тамоми саҳнаи ғоратгарӣ панҷ дақиқа давом кардааст. Полис мегӯяд, ки гурӯҳи мазкур аз чаҳор мард иборат буда, ҳар яки онҳо бо туфангу тапончаҳои худ ба атрофиён таҳдид мекарданд.
Дар ҳоле, ки ду нафар дар даромадгоҳи қиморхона қарор гирифта буданд, ду нафари дигар вориди казино шуда, тамоми пули нақд ва маблағҳои дар сандуқҳо бударо холӣ карданд.
Дар лаҳзаи ғоратгарӣ дар дохили казино беш аз даҳ нафар қарор доштаанд. Баъди ин, ҳар чор нафар савори мошин аз ҷои ҳодиса фирор мекунанд.
Полис дар пайи ҷустуҷӯи онҳо мебошад.