Дуруд бар "Озодиён" ва озодагон!
Наврӯз аз гаҳи бостон то кунун замон сароғози солшумории мардуми ариёнажод буда ва ҳаст.
Ин ҷашни фаро расидани баҳор ва баробар шудани шабу рӯз бо ҳама дину ойине созгор буда ва ҳаст ки ариёнажодон пайравашон будаанд ва ҳастанд.
Ҳамакнун низ Наврӯз дар ҷумҳуриҳои исломии Эрон ва Афғонистон ҷашни оғози соли нави ҳиҷрии хуршедист ки имсол 1 фарвардини 1386 баробар бо 21 марти 2007 соати 05:37:26 ба вақти Душанбе фаро мерасад.
Наврӯз бояд сароғози солшумории расмии Тоҷикистон бошад. Он гоҳ ҷойгоҳи сазовори худро пайдо хоҳад кард.
Хоҷагон ва бонувони арҷманд! Бароятон соли хушу хубу ором орзумандам ва аз шумо хоҳишмандам аз пешниҳоди банда барои оғози солшумории кишвар эълом кардани Наврӯз пуштибонӣ кунед!
Ҳамнафас: Ташаккур ба Умед Ҷайҳoнӣ, ки ба пурсиши хонандаи дигари мо -- Музаффар Раҳимов посух дод.