Вокунишҳо дар Тоҷикистон
Мусоҳиба бо Додоҷони Атовулло
Изҳороти Сафорати Тоҷикистон дар Русия
Салом иштирокчиёни баҳси навбатӣ.
Банда фикр мекунам ҳукумати феълии Раҳмоновро бе опозитсиюн нашояд, чун агар ин ҳол то 15 соли дигар ба яккатозии Раҳмонуфу ҳаммаслаконаш дар Тоҷикистон давом ёбад, мардуми тоҷик ғурури миллӣ, фарҳанги бою ҳуқуқу озодиҳои кучакашро чи дар дохил ва чи дар хориҷ ба куллӣ аз даст хоҳад дод ва далели ин гуфтаҳо бубинед ҳоли ҳозир ҳоли мардуми тоҷикро дар Федератсия Русия ки ҳукумати Раҳмонов мардуми тоҷикро дар зарфи ин солҳои яккатозияш чунон тарсу гардонидааст, ки ҳатто наметавонад ҳуқуқи доштаи худро дар назди ниҳодҳои интизомии кишварҳои хориҷӣ ҳифз намояд, чун медонад ки бе пуштупаноҳ ва бесоҳиб ҳаст.
Ба ҳар ҳол ташкили чунин як гурӯҳи мухолифи давлат бо ибтикори Додоҷони Атовулло аз манфиат барои мардуми тоҷик холӣ нахоҳад буд, то тавонад чунин як гурӯҳ лаҷоми ин гурӯҳи пушташ камбағали маҳалгароро кашад.
Ва Додоҷон, аз Шумо як хоҳиш дорем, илтимос Маҳмуди хунхорро ба ин гурӯҳ ҷой надеҳ, чунки мардуми тоҷик шоҳиди он бетартибиҳои Маҳмуд дар Рашту Хатлон ҳастанд.
Бо эҳтиром
Ғариби дар орзуи дидори ватан
----------------------------------------
Раҳмонов дигар сарвари давлат буда наметавонад ва қобилияти роҳбариро низ кайҳо боз надорад. Додоҷон дуруст мегӯяд, ки Раҳмонов имкон ва қобилияти роҳбариро дигар надорад. То ба кай бо тавсияи Ҳаёев, Мирзошоев, Назирамоҳу дигарон кор мекунад.
ТК
---------------------------------------
Ҷунбиши "Ватандор" низ корро аз мансабхоҳӣ сар кардааст ва ба фикри ман саркардагони ин чҷнбиш аз Раҳмонов дида бадтаранд. Танҳо Раҳмонов ба Русия такя мекунаду Додоҷон ба Узбакистон! Ҳарду ҳам миллатфурӯшанд!
Қаюмов Қаюм аз Кӯлоб
---------------------------------------
Салом.
Ин сару садое ки "Ватандор" миёни ҷомеаи Тоҷикистон андохт, боз ҳам зарурияти мубориза алайҳи Раҳмонов ва командаи ӯро собит мекунад.
Агар ин тур набуд изҳороти Сафорату навис-нависҳо дар рӯзномаҳои дохили кишвар пайдо намешуданд.
Ба фикри ман Д А роҳи дурустро пеш гирифтааст
Ва барои комёб шудан дар ин роҳ ӯ бояд аслан аз зинда мондан фикр накунад.
Тоҷик
--------------------------------------
Ман Додоҷони Атовулоро ба унвони бузургтарин журналисти маҳалгаро мешиносам. У хеч гох ба манфиати кулли мардуми Тоҷикистон кор нахоахд кард. Аз ҳамаи сӯҳбатҳояш кариб буи гализи махалгароӣ меояд. Оё ин гуна ашхос метавонанд дар паи ободгардонии як Тоҷикистони воҳид бошанд.
Самар
--------------------------------------
Салом ба халқи тоҷик.
Ба фикри ман барои мардуми тоҷик вақте омадааст, ки бедор шавад. Бовар кунед, дӯстон мо хеле дар ғафлатем. Намедонем, ҳаққи худро чӣ хел талаб кунем. Ҳатто омода ҳастем, ки аз ҳаққи худ тамоман бигузарем. Хеле меҳаросем.
Ин амали Д.А. қадами аввалин аст барои бедории мардум ва барои қадам задан дар роҳи ҳақ, новобаста ки аз кадом тараф бошад. Хулоса, мо тарафдори шумоем, мо як гурӯҳи донишҷӯён дар ин бора баҳс кардем ва ин фикрро дар байни мардум пиёда мекунем. Метавонам, бигӯям, ки хосатан дар байни ҷавонон ин фикр хуб нуфуз карда истодааст. Муваффақият ба шумо.
Донишҷӯ аз Душанбе

Фикр мекунам ки ин хама "кушиш ва талош"-хои Додоҷони Атовулло беҳудаанд. Аввалин ин ки миёни авом хеч гуна обруву эхтиром надорад ва касе низ аз ин мардум уро намешиносад. Агар у воқеан ғамхори мардум мешуданд ру ба гурез намениҳоданд ва дар Тоҷикистон ба ин кор даст мезаданд.
Шариф
--------------------------------------
Салом ба шумо!
Ман фикр намекунам, ки Додоҷони Атовулло дар ин ҷода муваффақ шавад. Чунки опозитсиюн аз ин дида муборизаҳои шадидтаро ба кор бурданд вале натиҷае наёфтанд. Ба таври маҷҷонӣ ин ҳаракатро дастгирӣ кардан даркор нест. Вале фикр мекунам, ки хеле хуб аст, ки як ниҳоде метавонад ҳукуматро ҳушдор диҳад, ки ин хел зистан номумкин аст. Вале дар худи ҳамин изҳорот метавон сад далелеро пайдо кард, ки ба ноустувории дастандаркорони он далолат мекунад... Ҳамчунин шояд ин охирин изҳороти Додоҷони Атовулло ба таври самимӣ бошад.
Маҳмадсаид Раҳмонов-узви комисюни алайҳи "Ватандор"
-----------------------------------------
Дар холе ки андозаи поёни маош $6.35 аст ва як келограм гуш $3.15, кайхо фурсат фаро расида мардум хукукашонро талаб кунанд. аммо Додоҷон аз берун барномарези мекунад ва худо накарда ходисахои соли 1992 боз ба сари мардуми точик ояд. оё ба ин пахлуи натичаи барномааш андеша кардааст - Додоҷон? зеро худо накарда дар ин ҳолат боз мардум мазлум мешаваду аз дасти Додоҷон коре намеояд.агар воқеан Додоҷон ба холи хаммеханонаш рахму шафкат дорад роҳи бехтар он аст, биёяд миёни мардум ва корро бо мусолиха ва барномарезии ҷадиду оқилона ҳал намояд.
Муҳаққиқ, н.Спитамен
---------------------------------------
Салом ба ҳамаи тоҷикони ҷаҳон.
Ман фикр мекунам, агар ҷаноби Э.Р. дигар миллатгароӣ накунаду ҳаракат кунад, ки ҳамаро якҷоя кунад, яъне намояндагони ҳамаи маҳалҳои кишварро, амнияти кишвар мустаҳкамтар мешавад. Вагарна, куҷое рафӣ, одамони як маҳал нишастаанд. агар пурсӣ, мегӯянд, инаш хеши президент. Инҳо дигар мансабҳои гирифтаро аз даст намедиҳанд. Биноан, ман тарафдори Додоҷони Атовулло ҳастам. Талх аст, вале ҳақ.
Руслан
---------------------------------------
Ба номи Худо.
Салом ба кормандони радиои Озодӣ. Аз хамаи коркунони ин расонаи хабарӣ ташаккур мекунам.
Ба назари ман Додоҷон наметавонад дар ин ин иқдом муваффақ шавад чун ба ҷое такя кардааст, ки ўро ба номуваффақӣ мекашонад.
Мардуми мо имоне ба Худо доранд ва ба паёмбар акрам фикр мекунам ки ниёз ба Раҳбаре доранд, такягоҳаш ин ду чизи азим бошад.
Бо ташаккур
Абдусамади Карим аз шаҳри Душанбе
---------------------------------------
Салом.
Ба назари ман, оқои Атовулло вақти хуберо барои оғози ин ҳаракат интихоб накардааст. Мо бояд пеш аз ҳама мардумро бедор кунем ва сипас даст ба чунин ислоҳоти бузурге бизанем. Ин бехабарии мардумро метавон аз инқилоби саркӯбшудаи гузашта донист, ки ба фикри ман, сабаби номуваффақият будани он бехабарии мардум аст.
Лизо ҳоло ҳам шурӯъи чунин коре оқилона ба назар намерасад, лизо бояд оқои Атовулло ва ҳар шахси дигар ба ин нукта таваҷҷӯҳ карда, мардумро беҳуда ба куштан надиҳад.
Алишо, Душанбе
---------------------------------------
Шояд Додоҷон бо ин ҳаракаташ фишанги нави сохти Руссия барои фишор болои ҳукумати Раҳмонов беш набошад , чунки ахиран Раҳмонов ба дигар кишварҳо рӯй оварда истодааст, вагарна чаро дигар мухолифин дар дохили Тоҷикистон фаъолият доранд ва ҳатто ба махбас аз худи Руссия ҳам интикол дода шудаанд . Ба ҳар ҳол худо раҳми моро хӯраду дуюмбора ба ҷанги граждани гирифтор нашавем.
Слд
--------------------------------------
Офарин Додоҷон, ман бо ту ҳастам ва ба ҳаракати "Ватандор"-ат пайваст мешавам ва зинда бод сарсупурдаҳои миллат. Мо аз дасти ин меҳмонҳои миллат ба дод омадем.
Карими Зарафшонӣ
---------------------------------------
Раҳмонов ва ҳукуматаш ба маънои тома зиддимардумиянд. Аммо Додоҷон низ ба ин миллат меҳрубон нахоҳад буд. "Изхорот"-и Д.А. як иғвост, ӯ ҳеч вақт мақсадҳои гузоштаашро амалӣ карда наметавонад. Кош такягоҳҳои Д.А. фарзандони миллат мебуданд, на манкуртон.
Мири Кӯлоб
---------------------------------------
Ягона инсоне ки ягон тарс надошта, ҳукумати ноодили ҳозираи Тоҷикистонро метавонад зери танқиди шадид қарор диҳад, ин Додоҷон Атовуллоев мебошад. Ин мардест, ки ба гуфти кӯчагӣ, гурда дорад, дар ҳақиқат йигит аст. Дар ҷомеа ду роҳи барканор кардани давлати ноодил вуҷуд дорад: 1)исёни мардум, шӯриш ва ё ҷанге ки хуни бегуноҳон рехта мешавад. 2) ҷунбиши сиёсӣ, кори коршиносон, яъне тағйири ҳукумат бе хунрезӣ. Офарин Додоҷон Атовуллоев, шумо аз ҳамон коршиносони пуртаҷриба метобед, ягона инсонест, ки дар Тоҷикистон дили шерро дорад. Додоҷони шердил!
Анвар Сафоев

Ассалом ба ҳама ҳамсадоёни мизи радиои Озодӣ!
Мехоҳам танхо як чизро илова кунам ки Тоҷикистони мо руз то руз гулгун шукуфонаст ва шуда истодааст ай бародарон ва ай Атоулло рузмон деҳ осуда зиндагӣ кунем инкадар хуни рехтаи мардуми бегуноҳ магар бас набуд
бо салом аз шунавандаи доимии радиои Озодӣ
Аминҷон
---------------------------------------
Дар ин ҳоле, ки имрӯз мо шаҳрвандон ва насли ҷавон қарор дорем, ин ҷунбиш натиҷаи нек ба бор нахоҳад овард. Чунки ҷаҳонбинии сиёсии мо дар сатҳи хело паст қарор дорад. Мардум то ҳол калларо аз салла фарқ карда наметавонанд. Аз ин рӯ, агар ин ҷунбиш дар Тоҷикистон фаъолият кунад, нобасомониҳои зиёдеро дар пай хоҳад дошт.
Ҳукумати вақт ба худ мухолиф надорад, дар баробари ҳизби ҳоким дастгоҳи дигаре мавҷуд нест, ки гоҳ-гоҳ лаҷомашро кашад. Ягона мухолифи Раҳмонов Додоҷонро ном барем, хато нахоҳем кард, ки садои ӯ ҳам аз дуродур ба гӯш мерасад. Интизори онем, ки генерали журналистони демократи тоҷик муваффақ мешавад.
Баҳман
________________
Ман фикр мекунам, ҷунбиши нав ягон кори хубе барои ватани азиз ба анҷом намедиҳад. Ин ҳизбҳо як сиёсате мебошанд, ки фаҳмидани он мушкил аст. Дуруст аст, ки ҳукумати имрӯзаи мо одилона рафтор намекунад, лекин ин мушкилро бо таъсиси ҳизбу ҳаракатҳо ҳал карда намешавад, балки бо таҳсили хуб ва гирифтани мансабҳои хуб барои поккорӣ аз фасод.
С.Ҳ., ватандор
---------------------------------------
Дусти азиз, Атовулло.
Ман бисёр хурсанд шудам, ки шумо бо ин қадар мушкилиҳо нигоҳ накарда, аввал ғами мардуми бечораи тоҷикро хурда истодаед! Тамоми тоҷикони берун аз ватан хусусан касоне, ки дар беҳбуд ва пирӯзии иқтисодиёти Ватан ҳастанд, бо шумо ва тарафдори шумо ҳастанд. Тоҷикони Аврупо, шахсан ман худам, ки дар Берлин зиндагӣ мекунам, ҳамаи тоҷикони Олмон бо шумо ҳастем ва ҳар кумаке, ки тавонистем мо ҳам сар мекунем.
Солҳо мо мунтазир шудему мунтазир будем, ки мардум аз дохили Ватан бедор мешанду барои ҳуқуқи худ муборизаро сар мекунанд, мисли Грузия, лекин афсус, ки мардуми бечора шояд тарс доранд ва дигар ин ки гушнагӣ, беқудратӣ ҳаст, ки то ҳануз ором ҳастанд. Аввал Худованд бо шумо, сониян ҳар шахсе, ки тарафдори демократия, озодӣ ва баробарӣ ҳастанд, бо шумо мебошанд. Мо муқобили миллатчигӣ ва ноҳияпарастиву хешу таборбозӣ!!!
Тоҷик ҳамаамон як миллат ва як хун. Бас аст ҷудокунӣ ва зулм нисбати мардуми худ.
Ягон бӯи ҷанг нест ва нахоҳад шуд. Ин сиёсати имрӯзаи президент аст, ки мардумро бо калимаи ҷанг тарсонда, зулмро пеш мебарад.
Додоҷон, Худо боз ҳам зиёдтар ба шумо қудрату тавоноӣ диҳад.
Як гурӯҳ тоҷикони муқимии Олмон.
---------------------------------------
Салом ба хонандагони ин сайт.
Аввало ман як чизро мегӯям, ки чӣ хеле худи Д.А. гуфтанд, ин ҳаракат дар Тошканд низ анҷом ёфтааст. Мо 70 соли замони шӯравӣ пойбанди Ӯзбакистон будем. Дигарбора набояд боз ба ҳамон чоҳ афтод. Ҳамчун як шаҳрванди оддӣ ман ин ҳаракатро дасти нави Ӯзбакистон мешуморам.
Ва ҳамчунин аз раҳбари давлат Эмомалӣ Шарипович хоҳиш мекунам, дигар вазирон аз дигар манотиқи кишвар, чун Ғарм ва дигар манотиқро дар ҳукуматаш ҷой диҳад, то миллат ба фитнаи нав андохта нашавад.
Деҳқонбаччаи Ғарм
---------------------------------------
....Воқеан ҳам Додочони Атовулло нақшаи олиҷанобе кашидааст. Аммо амал кардан ба мутобиқи он корест қайриимкон.
Oриёи Ҳақкқӣ, ш.Истаравшан
---------------------------------------
Дар ин бора хело гап ҳам занем каму лекин ин журналист, агар дар Русия барои худ аъзо ҷамъ намояд, мумкин хело аъзое пайдо кунад, чунки мо ҳозир мебинем, мардуми тоҷик бо чӣ қадар азобҳо гирифтор аст ва то ҳол давлати мо ҳалли ин мушкилотро наёфтааст. Хайр, ҳамин буд мухтасари фикри ман.
Форуқлар
---------------------------------------
Бо расидани баҳор дардҳои хуфта хуруҷ мекунанд. Аз ин хотир, иқдоми навбатии Д.А. хуруҷи як дард аст. Ҷунбиши "Ватандор"- афсонае беш нест.
Парвардигоро! Кишвари Тоҷикистони моро аз ин "руъёи лолагуни" гурӯҳе аз "сиёсатмадорони бемадор" дар амони худ нигаҳ дор!!!.
Шакибо
-------------------------------------
Ба номи Худованд!.
Воқеан, як рӯз пеш эълони ин ҳаракат ба гӯшҳо расид ва низ масирашро то андозае рӯшаен кард. Банда солҳои тӯлонӣ яке аз мухлисони Додоҷони Атовулло мебошам, чаро ки ҳамеша ҳақиқатро мегӯяд. Агарчи дар ин бора аҳзоби дохили кишвар назарҳои мухталиф баён кардаанд, ман аз як нуктаи ин назарҳо изҳори ҳайрат мекунам. Оё онҳо аз кадом навъи "зӯрӣ" ҳарф мезананд? Ва кадом навъи тағйири ҳукуматро дар назар доранд ва аз кадом роҳ?
Агарчи ин ҳаракат бо шиорҳои тару тоза зуҳур кардааст, аммо бубинем, ки дар таърих чанд навъи тағйир додани ҳукумат вуҷуд дора?.
Агар устод Додоҷон ҳамон тарзи зӯри имрӯзаро аз хориҷи кишвар дар назар дорад, мо шоҳиди нобасомониҳо дар се кившари осиёӣ -- Афғонистон, Ироқ ва Фаластин мебошем. Ва дар ин сурат аз абарқудратон ҷонибдории кофӣ пайдо хоҳад кард. Аммо дар дохил наметавонад, ки худро бо итминони комил ҳис кунад. Агар тарзе ки дар охирҳои қарни гузашта дар Эрон инқилоб шуд, дунбол кунад, ин як ҳаракате мешавад, ки басуръат дар минтақа пеш меравад. Ягона роҳ - роҳи дилҷӯии мардум ва баёни ҳақиқат аст. Ҳукумати ҳозира манфиати як гурӯҳ аз ҳамдиёрони ҷаноби раиси ҷумҳурро ифода мекунад ва мардуми оддӣ то рафт қашшоқтар мешавад.
Банда тарафдори чунин ҳаркат ва шиорҳои онам, лекин агар ин ҳаракат ҳарчи тезтар дар дохил сар мезад, фикр мекунам, ҷонибдорони зиёде пайдо мекард. Агарчи ҳоло дар хориҷ эълон шудааст, метавонад, норозиёни беруни кишварро муттаҳид кунад, агар оқои Додоҷон дар иродаи хеш собит бошад.
Б. Мусофир
-------------------------------------
Ман тарафдори ин фикрам, ки Тоҷикистон, дар ҳақиқат, дар як вартаи амиқи сиёсию иҷтимоӣ, кадрӣ ва давлатӣ қарор дорад. Ба онҳое, ки сари курсиҳои баланд нишастаанд, нигоҳ кунед, ҳама чиз бароятон рушан мешавад. Як гурӯҳ одамони ноогоҳ (некомпетентный) як халқро ба бузбозӣ андохтаанд.Барои ислоҳи вазъ, албатта, мубориза бояд бурд - бо Д А ё бе Д А ин тарафи дигари масъала аст.
Агар мо ба сиёсат рӯ наорем, пас кӣ бояд ин кора ба ҷойи мо кунад??????
Танҳо бо роҳҳои сиёсӣ метавон аз ин варта бурун шуд
Аз Душанбе Мубориз
---------------------------------------
Додоҷон ҳамеша худро ғамхори мардуми тоҷик метарошад, вале пуштибонияш аз Маҳмуд Худойбердиев ва дигар зархаридони Узбакистон обрӯяшро резонда аст. Чигуна метавон аз паси "раҳбаре" рафт, ки "чаҳбар" буданашро ҳамагон медонанд? Ҳамзамон бояд гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон ба раёсати Эмомалӣ Раҳмонов аз ҳоли мардум ғофил аст. "Ватандорон" низ суду зиёни мардумро намедонанд.
Зиндагӣ ошкор кард, ки миллати тоҷик ҳеҷ ниёзе ба шоҳу вазиру раисҷумҳуру раҳбару сарвар надорад. Зеро дар 10 соли гузашта ҳамин муҳоҷирон буданд, ки зану кӯдаку хешу табору пайванди худро хӯронданду пӯшонданд, на "юрчикон"-у "вовчикон", на ҳукумату "чаппазисия", на Додоҷону Раҳмонов.
Ариярамна
--------------------------------------
Ба фикрам, ин ҳаракати "Ватандор" сари Раҳмоновро мехӯрад бо ин ҳукумати ғӯтида дар фасод ва таркибёфта аз 1 маҳал.
Ватандор аз Душанбе
--------------------------------------
Салом ба аҳли хонандагони ин сомона!
Ман фикр мекунам, ки агар ҷаноби Додоҷони Атовулло воқеан ватандор будани худро собит созад, пас бояд ин ҷунбишро на дар хориҷ, балки дар дохили кишвар роҳандозӣ кунад, то бубинем ки то куҷо муваффақ мешавад.
Алъон, ман наметавонам дар мавриди дурнамои ин ҳаракат чизе бигӯям, зеро вақт беҳтарин довар аст, аммо ман гумон намекунам, ки бо таъсиси ин ҷунбиш мардуми тоҷик шароити беҳтари зистро касб кунанд. Боки "давлатдорон"-и кунуниву "ватандорон"-и берун аз ватан ва шумое, ки натиҷаи ҳамаи ин дигаргуниҳоро интизореду мардуме, ки ба умеди осудагии рӯзгор умр ба сар мебаранд, бигӯянд, ки чӣ мешавад....
НУФАРН-4
---------------------------------------
Вақти он расидааст, ки ҳукумат масъулият эҳсос кунад. Вагарна Шуравии абарқудратро тавонистанд пош диҳанд,чи монад ба сарнагунии ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистони кучак, ки ченаки муттаҳидияшро на ормонҳои бузурги миллӣ, балки нафс ташкил медиҳад.
Ҳақгӯ
---------------------------------------
Салому алайкум ҳамдиёрони азиз.
Баъди пош хӯрдани Шӯравӣ мо ҷунбишҳои сиёсии мухталиф доштем, ки аз ҳукумат норозӣ буданд. Вале ин фикрҳои ҷунбишҳоро баъзе аз ашхоси хориҷиву дохилӣ, ки аз ин кор манфиат доштанд ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонданд.
Дар он вақт ҳамаи тоҷикон ба гурӯҳҳои муқобил тақсим шуданд, ки ин бесаводии мардуми мо буд. Дар он вақт ба ҷанг хестан шарт набуд. Вале афсӯс...
Ҷунбиши нави Ватандор ба фикри ман ягона ҷунбишест, ки нотарсона камбудии давлати ҳозираи Тоҷикистонро мегӯяд. Фазои сиёсии Тоҷикистон ба дараҷаи касодӣ ва фасодӣ расидааст. Ин давлат ба пешравии Тоҷикистони афсонавӣ ягон ҳисса гузошта наметавонад. Гапҳои хушку холи......
Ман хеле хурсандам, ки ин ҷунбиш созмон дода шуд. Шояд ин ҷунбиш моро аз истисмори диктатурии ҳукумати имрӯза халос мекунад.
Даврон аз Тоҷикистон

Ҷунбиши "Ватандор" дар ҳоли ҳозир ягона неруи сиёсист, ки дар хориҷи кишвар ҳам бошад, амалҳои ноинсофонаи ҳукумати Точикистонро маҳкум мекунад ва дар ин самт ҷасорат нишон медиҳад. Воқеан ҳукумати Тоҷикистон як ҳукумати маҳалгарост ва барои ҳар нафаре, ки зодаи минтақаи Хатлон аст, "кӯлобӣ" будан маънои озодии комилро дар Тоҷикистон дораду душанбегӣ будан маънои ҳаёти зиндонӣ доштанро. Офарин устод Додоҷони Атовулло! Ман бовар дорам, ки ҳаракати навбатӣ муваффақ хоҳад шуд!
Нигина аз Душанбе

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.