Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ван дер Меер: "Калиди ояндаи нек дар низоми идории давлат аст"


намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мусоҳибаи Каюмарси Ато бо Адриан Ван дер Меер

-Ҷаноби Адриан Ван дер Меер, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон. Созмони Шумо дар Тоҷикистон тарҳи навбатиро оид ба ислоҳоти хадамоти давлатӣ ба анҷом расонид. Метавонед, аҳдофи аслии ин иқдомро барои шунавандагони мо тавзеҳ диҳед?

-Ахиран ба чунин натиҷа расидем, ки идораи одилона ва оқилонаи давлат масъалаи муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад ва он як калиде ба сӯйи ояндаи хуб аст. Албатта, амалӣ кардани он на танҳо аз ҳукумат, раҳбарият ва вазоратхонаҳо, балки аз низоми идораи давлат ва ходимони давлатӣ низ бастагӣ дорад. Ҳоло дар минтақа, махсусан дар Қазоқистон ва Тоҷикистон мехоҳем маҳорати касбии ходимони давлатиро беҳтар кунем. Ҳадафи мо ин аст, ходимони давлатӣ ба дарки масъулияте, ки доранд бирасанд, яъне онҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон хидмат кунанд, на барои худу наздикони худ.

-Оё мешавад мушахастар сӯҳбат кунем. Ин тарҳ дар роҳи беҳбуд бахшидани фаъолияти хадамоти давлатӣ ва идораҳои давлатӣ то чӣ андоза мусоидат мекунад?

-Аслан, ҳаққи шарҳи ҷавоби ин суолро надорам. Аммо мебинем, ки ҳукумат кӯшиш мекунад, баъзе аз иштибоҳҳои худро ислоҳ кунад. Масалан, дафъаҳои ахир ислоҳоти маъмурӣ мегузаронад ва қисман сафи кормандони расмиро дар ҳукумат ихтисор мекунад. Акнун бояд маоши ходимони давлатиро боло бардорад. Зеро ин роҳи раҳоӣ аз ришвату фасодзадагӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад.

Мо чӣ кор карда метавонем? Танҳо имкон дорем, таҷрибаи ҷаҳониро барои ходимони давлатӣ ва ҳукумат пешниҳод кунем. Дар чаҳорчӯби ин тарҳ, барои ходимони давлатӣ тамринҳо ва давраҳои омӯзишӣ баргузор шуд. Ба онҳо имкони сафар ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, мушаххасан ба Эстония ва Бритониёи Кабир фароҳам оварда шуд. Ҳоло марҳилаи дуввуми лоиҳа оғоз меёбад ва дар ин марҳила ният дорем, ходимони давлатиро бо фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва баҳогузории ин фаъолият шинос намоем. Бояд гуфт, ки барои Донишкадаи такмили ихтисоси назди Раёсати хадамоти давлатии ҷумҳурӣ таҷҳизоти фаннӣ супорида шуд. Қарор аст, як сомонае дар бораи хадамоти давлатии Тоҷикистон боз шавад.

-Ташаккур, оқои Ван Дер Меер оё ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо ин тарҳи Шумо ошноӣ дошт ва чӣ вокунише аз худ нишон дод?

-Тавре мо фаҳмидем, ҳукумати Тоҷикистон аз ислоҳоте, ки дар асоси ин тарҳ амалӣ мешавад, қаноатманд аст. Вақте мо лоиҳаи аввалиро ба анҷом расонидем, назарсанҷии мустақил гузаронидем ва маълум шуд, ки кӯшишҳои мо натиҷаи хуб ба бор овардааст. Ягона чизе, ки мо метавонем бигӯем натиҷаи хуби кори лоиҳа аст, ин ислоҳоти нави хадамоти давлатӣ ва тарҳи нави Қонун дар бораи хадамоти давлатӣ мебошад. Ба фикри ман, хадамоти давлатии Тоҷикистон нисбатан беҳтар мешавад. Ман бояд бигӯям, ки дар ин росто ҳанӯз корҳои зиёде ба анҷом нарасидаанд. Инро ҳатто ҳукумати Тоҷикистон эътироф мекунад.

Кумиссиюни аврупоӣ танҳо барои лоиҳаи мусоидат дар ислоҳоти хадамоти давлатӣ 1 миллиону 300 ҳазор евро ҷудо кардааст. Ҳамчунин, барои харидани дастгоҳу таҷҳизоти фаннӣ 130 ҳазор евро сарф карда шуд, ки ҳамаи он қарзи бебозгаштанд. Барои таълиму машварат бошад, мо аз Аврупо коршиносонро даъват кардем, то ба ходимони давлатии Тоҷикистон кӯмак кунанд.

Ман метавонам бигӯям, то замоне ки ислоҳоти хадамоти давлатӣ ҳамчун масъалаи муҳим дар минтақа боқӣ мемонад, мо аз мусоидат кардан даст намекашем. Кумиссиюни аврупоӣ, ки пас аз татбиқи лоиҳаи аввал натиҷаҳои хуб ба даст овард, қаноатманд аст ва кори худро дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG