Ба бародароне ки кӯшиш кардаанд, то аз ислом дифоъ кунанд, тазаккур доданиам, ки онҳо набояд байни "ишқ" ва "ҳуб" ихтилот кунанд. Зеро ишқ ба маънои моддӣ дар забони араб истифода мешавад. Ва албатта, натиҷаи ин ишқ васл аст.
Аммо калимаи "ҳуб" низ маънои дӯстдориро дорад, вале натиҷаи ин дидори Оллоҳ таоло дар ҷаннат аст. Ва "ҳуб" маънои васлро надорад ва дар шакли моддӣ тафсир карда намешавад.
Фикри чанд бародар ин аст Оллоҳ таоло ва Расули худоро дӯст медоранд, вале он дӯстие ки дар ҳадиси Расули Оллоҳ ё дар Қурон омадааст, "ҳуб" ном дорад, на "ишқ".
Зуҳуриддин, Ал-Қоҳира
---------------------------------------
Салом.
Ишқи покро ҳамеша тарафдорам. Лекин имрӯз ишқро ба маънои аслияш на ҳама медонад.
Саид
---------------------------------------
Ассалом ба ҳама ҳамватанон.
Ишк ин калимаест к аз шунидани он гуши инсон рохат мекунад дили инсон форам мегардад бисёр калимаи зебою зарин печаст бале ошик будам ва дарди ошикиро низ чашидаам ва касе ки ошики хакикист ё шудааст замоне ин шириниро хис меунад ман балки замоне шоин гашта будам шоири дарбор не шоири халку ватан не балки шоири он махчабин ки шайдои у гашта будам шоири по банди руи сафеди у ва лабони ширинаш шеърхо эчод мекардам худ намедонистам ки аз кучо ба замонам меоянд ин суханхо вале бояд фаромуш накунем ки ишк боз талхие ддорад ки аз кандани чон талхтараст замоне ки он махбубаеки дусташ медорию барояш ба хама рох рафтан розии туро тарк мекунад барои моли ночизи дунё шуда ба дигар ба шавхвр мебарояд охх бисёр рузи сахтаст то хол ба ёдам меояд аз чашмонам ашк чун чуйбор равона мегардад бале ба дигар кас падару модараш мачбури он азизакамро ба марди 36 сола ки пеш 3 зан гирифта чудо шуда буд доданд духтари 17 соларо ва он лахза шеъре ба забонам омад ки чунинаст бубахшед агар шеъри бемаънехам бошад
Шу карди аз Дагара
Сузонди ин ,,,ра
аз балои молу зар
гирифти як пирхара
накарди яксол токат
Худо кунаду хокат
имруз ман гумрох шудам
дилдодам ба ишки нопокат
инро хамон лахзаеки шунидам башавхар баромадааст навистаам ба хамаи шумо хамватанони гироми тамоми хушихои зиндагиро таманно дорам ва илохо хамеша бо ширинихои ишки пок зинда бошеду харгиз талхиашро набинед бубуахшед агар дароз шуда бошад хохиш мекунам хамашро пура нависед коркгарони Радиёи озоди радиое ки додраси хамаи мо чавонон асти
лек илтимос мекунам номамро пахш накунед
(БЕИМЗО)
-------------------------------------
Bo Oghoyi Ashur va Daler sad dar sad movofiqm.
Agar ijozat dihed, ba savolaton hamin tavr javob mediham:
Az mohabbat talkh-haa shirin shavad,
Az mohabbat mis-haa zarrin shavad.
Az mohabbat doord-haa saafi shavad,
V-az mohabbat dard-haa shaafi shavad.
Az mohabbat khaar-haa gol mishavad,
V-az mohabbat serk mol mishavad.
Az mohabbat sajn golshan mishavad,
Bi mohabbat ravzah golkhan mishavad.
Az mohabbat naar noori mishavad,
V-az mohabbat div hoori mishavad.
Az mohabbat saqm sehat mishavad,
V-az mohabbat qahr rahmat mishavad.
Az mohabbat mordah zindah mishavad,
V-az mohabbat shah bandah mishavad.
Ҳодизода
--------------------------------------
Нодиртарин ҳамосаи ишқӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ насиби мо, форсигӯён аст.Достонҳои нотакрору дилангези "Лайлӣ ва Маҷнун", "Хусарву Ширин", "Юсуфу Зулайхо", "ВОмиқу Узро" гувоҳи ин гуфтаҳост. Аз сӯи дигар "Илоҳинома"-И Аттору "Маснавӣ"-и Мавлои Рум ва гуфтаҳои Абӯсаид Абулхайр, ки аз ишқи илоҳӣ ҳикоят мекунанд, беназиранд.Тоҷик дар паҳнои миллати зебоиофарин буда ва дар домани ин зебоиҳо зиндагӣ мекунад.
Дар пайванд ба навиштаҳои бародари ҳаммеҳанам Ашӯр Назарзода, ки аз мушоракати ба қавли худашон, "исломиён" нороҳат аст, гуфтаниям, ки дар ҳаққи он бузургмарди таърих густохӣ нашояд. Ҳамин ишқи самимӣ ва ҷовидонии мусулмонон бо паёмбарашон аст, ки ин дин аз ҳама газанду офатҳо эмин монда ва ҳар мусулмони огаҳ омодааст, ҷони худро фидои ӯ кунад.
Шояд барои баъзеҳо ӯ Муҳаммади Арабист, вале барои пайравони кеши аҳмадӣ ӯ як раҳбари озодибахш, инсони комил, паёмовари растагорӣ аз сӯи худо ба ҷаҳониён ва ҷовидонатарин марди таърих аст. Миллионҳо нафар дар дарозои таърих бо вай ишқ варзидаанд ва ин меҳрварзӣ то қиёми растохез пойдор хоҳад монд.
Муҳаммад Вафо, Исломобод
--------------------------------------
Баноми ХУДО.
Салом ба кормандони радиои Озодӣ.
Авалан аз фурсат истифодабурда имейли худамро saidperm@yandex.ru ба бародар
Ашур Назарзода пешкаш мекунам то ки гуфтугӯ кунем дар бораи тиҷорати ҳазрати МУҲАММАД(с).
Дувум ҳеч гох фаромуш накунед бародар ХУДОВАНДЕ КИ дунёро ва ончеки дар дунёст
аз ҷумлаи одамизод ва ..... ба хотири муҳаббату дӯстдоштани МУҲАММАД(с) буд ки офарид ки имрӯзҳо мо дар Русияву шумо дар
Лаҳистон. Севум ишқу муҳаббати ҳазрати МУҲАММАД(с) ба умматонаш чӣ қадар зиёд буд, ки
ба хотири умматонаш аз падару модараш гузашт. Оё инҳо ошиқ набуданд?
Ошиқӣ миёни бандаву ХУДОВАНД ва уммату пайғамбар МУҲАММАД (с) аст.
Асалому алайкум.
Сайид,Русия
--------------------------------------
Ба Ашӯри Назарзод.
Илтимос, номи ин сайт Озодӣ ном дорад ва ин ҷо ягон насиҳати шумо лозим надорад. Бимон ҳар кас фикри худашро бигӯяд, , мехоҳед қабул кун, намехоҳед, на, вале касе туро маҷбур намекунад, фикри каси дигарро қабул кунӣ. Бояд таҳаммулпазир бошӣ. Демократия ҳамин аст, ки кас бояд таҳаммули шунидани фикри ҷониби дигарро дошта бошад.
Бо эҳтиром
Сироҷиддин аз Душанбе
--------------------------------------
Салом ба халқи азизи тоҷик ва коркунони радиои Озодӣ.
Ишқ ин покиазтарин ҳиссест байни одамият. Албатта, банда дастраси ин ҳисси малакутӣ ҳам будам ва ҳоло ҳам, ки хаёлам парвози он замон кунад, диламро ҳолати шрину дилангезе фаро мегирад.
Ишқ дар олам набудӣ, гар набудӣ рӯи зебо
Варна гул будӣ, нахондӣ булбуле бар шохсоре.
Ишқи ҳақиқӣ вуҷуд дорад ва ишқи шарқиёнаро ишқи пок меҳисобам. Бе ишқ дунё як кӯчаи сарбаста аст.
Далер аз Олмон
--------------------------------------
Ман вақте бархе аз ин номаҳоро мехонам, фикр мекунам ё дар тоҷикон ишқ мурдааст ва ё ин мардум ҳама араб шудаанд. Ёдовар мешавам, ки паёмбари ислом, агар гуфта бошад, аз ҳама моли ҷаҳон маро бештар дӯст доред, чаро худ тоҷир буд? Маъзарат, ман намехоҳам ба эҳсосоти динии касе расам, аммо ин ҳама аз ҳадду ҳудуд гузаштааст, ки дигар ҳама чиз, ҳатто муносибати писару духтар низ ба дин рабт дода шавад. Ё шояд дар ин баҳс асосан исломгароён ширкат мекунанд ва ё шояд асосан исломгароён ба компютер дастрасӣ доранд.
Мӯҳтарам, кормандони радиои Озодӣ. Шумо шарт гузоштаед, ки таблиғ нашр намекунед, вале бубинед, чӣ қадар ин ҷо пур аз таблиғоти динист. Дин як кори шахсии инсон аст ва набояд меъёри ҳатто эҳсосоти мо бошад, ки оё падару модарамонро чӣ қадар дӯст дорем ё ҳазрати пайғамбарро.
Ашӯр Назарзода, аз Лаҳистон
--------------------------------------
Ишқ аз баҳсбарангезтарин мавзӯъоти ҷаҳони илм ва фалсафаи солҳо ва садаҳост. Вале фикр мекунам ишқе, ки имрӯз мавриди баррасии мо қарор гирифтааст, ҳамон муҳаббати исон ба инсон аст.
Ман фикр мекунам ишқи ҳақиқӣ ҳамон муҳаббатест, ки барои чизи дастнорас варзида мешавад. Масалан, ишқи илоҳӣ аз ҷовидонатарин ишқҳхост, зеро инсон ҳамешагӣ баҳри дидор ва дастрасии худованд муҳаббат меварзад. Аммо дар ишқи инсон бар инсон наметавон ишқи ҳақиқиро эҳсос кард.Он факат муддате вуҷуд дорад ва ин ҳам замонест, ки ошиқ барои маъшуқ ва маъшуқ барои ошиҳ дастнорасанд. Чун замони дастрасиҳо фаро расид ба таври механикӣ категорияи ишқ поён мепазирад ва категорияи бисёр нохуши шаҳват оғоз мешавад. Ишқи ҳақиқии байни инсонҳо факат моли орзупарварона метавонад бошаду халос.
Ҳамин аст, ки ҳазрати Ҷомӣ фармуда: Агар муҳаббат шаҳват будӣ, говону харон сардафтари ошиқони олам буданд.
ИРШОД
--------------------------------------
Ба номи Худо.
Саломун алекум кормандони Радиои озодӣ бо камоли ташаккур аз шумо.
Дар бораи ишқ сухан гуфтан зиёд аст бародарҳо менависанд ва мо мехонем.
Ман як чиз гуфтаним ва он ин ки ба баъзеҳо гуфтаниям ки шабакаи радиои Озодиро роҳнамоӣ накунанд. Радиои Озоди озод аст ҳар ки аз ҳар гушаи дунё навишт чи таблиготи исломӣ бошад, чи ғайри исломӣ мунташир бояд шавад Дуруд бар шумо кормандони радиои Озодӣ. Дӯстатон дорам
Бо ташаккур
Абдусамади Карим аз Душанбе
--------------------------------------
Ман фикр мекунам, ки ишқи асосӣ ба худо ва ба пайғамбари вай Муҳаммад (с.а.в.) аст.
Чунки худованд мефармояд, касе мехоҳад маро ибодат кунад, пайрави Муҳаммад (с.а.в.) шавад ва чунонеки пайғамбар барҳақ моро, яъне умматонашро дӯст медштанд, бар мо низ фарз аст, ки ӯро чунин дӯст дорем:
Рӯзи растохез шавад оғоз
Уммати, уммати гуфта хезад боз.
Ва худи пайғамбар мефармояд, касе ки маро аз падару модараш дида, аз тамоми молу ашёе ки дар дунёст ва аз худи дунё дида ҳатто аз ҷони худ дида дӯст надорад, имони вай комил нест!!!
Бо эҳтиром
Муҳаммад
--------------------------------------
ИШҚ...
Дар ҷавонӣ аз дарди ишқ, ишқи Ёр чун шамъ месузем. Гумон мекунем, ки дунё бе ишқи ӯ ҳеч аст. Тамоми ҳастии олам, ширинии ҳаёт бо ӯ зеб дорад. Дар пеши ӯ тамоми моли дунё ҳеч аст.
Аммо вақте, ки синну сол ба ҷое мерасад, ҳамаи ин фаромуш мешавад новобаста аз он ки бо ӯ хонадор мешавем ё не. Гарчанде мо намехоҳем ин ҳиссиётро ошкорро гӯем.
Чунки ҷои он ишқро ишқи дигар мегирад. ИШҚИ пул, мол, мансаб мошин, хонаи БАДВОҲИМА ва ғайраҳо.
Албата дар ин ҷо мо гунаҳкор нестем. Ин гуноҳи худи ИШҚ аст ва дар мафҳуми ишқ мо ҳамаи инро мебинем.
... ишқ бошад, худ як ҷузви нафс мебошад. Аммо дар дохили нафс ҳамаи мо медонем, ки шайтон макон гирифтааст.
Аз ин рӯ мо ишқро шиори худ мекунему ба чи роҳҳое намеравем.
Имрӯзҳо аз дасти мо ошиқон чи корҳое намеояд.
Аз ин лиҳоз мо пеш аз ишқ нафси худро пок нигоҳ дорем.
Чун ки сарчашмаи ишқ НАФС мебошад.
Сурик
--------------------------------------
Уфффф!
Мӯҳтарам кормандони радиои дӯстдоштаи мо, ғарибони бепропискаи саргардони аз чанголи пулис даргурези Москва, бо ин суол дили ғарибони ҷавони дар орзуи дидори маҳбубаҳои худ ашкрезонро хуншор кардед.
Баъзеи ҷавонон пас аз хонадоршавӣ ақаллан моҳи асалашонро дар ҳамон хонаҳои тангу торики бе рушноии Тоҷикистон нагузаронида, боз ба дар ба дари ба Федератсияи Русия раҳсипор мегарданд ва барои онҳо ишқу ошиқӣ он тараф истад, калоншавии фарзандонашонро намебинанд.
Қисме аз ҷавонон канори занҳои пирро гирифта, болини онҳоро гарм медоранд, ки ин аз ноилоҷӣ аст, ки шоир хуб гуфтааст:
Орзуи зиндагонӣ будааст хонаву дар
Меҳри яку ба дил ҷоӣ сар дар канори дигар
Аммо дар Тоҷикистон маҳбубаҳояшон хун мегирянд аз фироқи онҳо.
Чи илоҷ, чунин будааст тақдири мо, ҷавонони тоҷик
Вой дод аз давлати имрузаи тоҷик ки ҳатто наметавонад ҳуқуқи шаҳрвандони худро дар хориҷ ҳифз намояд ва намегузорад, онҳо мисли ҳамагон ишқварзии солим дошта бошанд.
Бо эҳтиром
Ғариб
--------------------------------------
Ман ба як чиз ҳайронам, ки чаро ишқро ҳам бисёриҳо дар ин ҷо шиъори таблиғоти динӣ кардаанд ва шумо ин номаҳоро нашр мекунед.Ҳоло хоҳанд навишт, ки "беҳтарин ишқ ишқи исломист ва ислом ягона динест, ки ишқи поку ҳақиқиро ба вуҷуд меорад."
Ба назари банда, ишқ волотарин ҳисси инсонист, ки на ягон динро мешиносаду на ягон сиёсатро, на ягон марзу на ягон кишварро. Ишқ кимиёи саодат ва дастури табиъат аст, ки миёни ду инсон иттифоқ меафтад, то насли башарро идомабахш гардад. Албатта, ишқ анҷоме дорад. Вақте табиъат ба мақсади худ мерасад ва аз ду нафар нафари саввум ба дунё меояд, ишқ вазифаи худро ба итмом мерасонад ва инсонро ба гирдобу гирдбодҳои рӯзгор меафканад.
Онҳое ки пас аз ин ҳам боз борҳову борҳо ошиқ мешаванд, касоне ҳастанд, ки аз ҳар каси дигар бештар зиндагӣ ва ҷавониро дӯст медоранд ва мехоҳанд, ҳамеша ҷавон бимонанд.
Бо эҳтиром
Ашӯр Н.
--------------------------------------
Чӣ хеле ки рафиқон зикр кардаанд, ишқ на танҳо онест, ки ошиқи ҷинси муқобил бошӣ. Ба назари ман ҳеҷ кас дар ин дунё бе ишқ буда наметавонад. Масалан, ман ва Шуморо кӣ маҷбур кардааст, ки ба саволҳои форуми Озодӣ ақидаҳоямонр иброз намоем, ин ҳамон ИШҚ аст, муҳаббат аст, ки моро маҷбур менамояд, вақтамонро сарф намоем, маблағ харҷ карда ба назди интернет нишинем, то бубинем Озодӣ чӣ мегўяд. Дар ҳоле, ки метавон....
Бе ишқ зиндагӣ муҳол аст.
Гарчанде дур аз мавзўст, ин рубоӣ аз номи шоир тақдим ба Шумои азиз:
Эй ситамгар мисли Маҷнун ишқ ғамдардат кунад,
Рафта чашмонат ба хобу дард бедорат кунад.
Аз хаёлат як нафас берун нагардад, ишқи ман
Гар фаромушам кунӣ, ОҲЕ кашам курат кунад.
БАҲМАН
--------------------------------------
Ассалому алейкум, ҳамватанони азиз!
Ман пеш аз ҳама ба ҳамаи шумо ишқи покро орзумандам, яъне ишқе бу худоро, чуноне ки дигар бародарон зикр карданд.
Ошиқи воқеӣ касест, ки ба худо ошиқ шавад ва дуввум ба волидайн ва зану фарзанд. Аммо афсӯс имрӯзҳо ҷавонони зиёедро мебинем, ки ишқу ошиқӣ мекунанд барои фахри байни якдигар. Ва ё дастобадаст дар боғу кӯчаҳо гаштан ё телефонӣ сӯҳбат карданро медонанд ва бисёри онҳо медонад, ки оқибат онҳо якҷоя намешаванд. Мутаассифона боз ҳам чунин мекунанд ва ин ишқро метавон гуфт, ки оғоз ҳасту анҷом ҳам. Манзури ман аз ҷавонон ин ҷо ҳам писаронанд ва ҳам духтарон.
Ғариб
--------------------------------------
Бо салом.
Баъзеҳо худашонро хеле бетоб нишон дода, мехоҳанд ОШИҚ будани хешро исбот кунанд, аммо ошиқи воқеӣ касе нест, ки доду фарёд мекунад, балки ишқи воқеӣ ин аст, ки шоир мефармояд:
Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул нолӣ,
Ҳар гоҳ ки бимириву нанолӣ, ишқ аст.
Алиҷон, Душанбе
--------------------------------------
Дуруд бар озодагон!
Бовар дорам ки меҳр бастан ва касеро дӯст доштан эҳсосест ки офаридаро ба Офаридгор наздиктар мекунад.
Меҳрварзӣ ва дӯстдорӣ равонро ҷовидонӣ кунад. Чунон ки Ҳофиз гуфта:
Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
Хоҷагон ва бонувон, дӯст доред ва дӯстдошта бошед!
Ариярамна
--------------------------------------
Салом ба радиои Озодӣ!
Ишқ аз нигоҳи ман, ин марҳалаи охирини муҳаббат аст ва дар табиати башар вуҷуд дорад. Аммо суол ин аст, ки ин муҳаббатро ба куҷо равона кунем?
Бояд мо, шахси мусулмон, худо ва расули онро дӯст дорем ва ҳеч гоҳ муҳаббати худовандиро ба муҳаббати иснонӣ баробар накунем. Зеро муҳаббате ки ба худо дорем, ин сабаби қарибӣ ба худованд мебошад, аммо муҳаббати инсонӣ мисли муҳаббати мард ҳамроҳи ҳамсараш ин ҳаст, инро ҳеч гоҳ инкор намекунем, локин бяод аз муҳаббати худовандӣ нагузарад.
Абумуҳаммад аз хориҷи кишвар
--------------------------------------
Ба номи худованди бахшандаи меҳрубон.
Саломуналайкум бародарони азиз ва шабакаи Озодӣ!
Ба назари мо хеле суоли писанде пешкаш кардаед хеле муваффақият ба шумо!
Аввалан бояд донист, ки кӣ бояд ошиқ шавад!
Ошиқӣ ин нест, ки ҳамроҳи духтар гаштан мисли ҷавонони ҳозираи Тоҷикистон! Хуб бояд донист, ки пеш аз ошиқ шудан оқибат чӣ рӯй медиҳад! Чӣ тавре ки Нигинабону зикр кардаанд, хеле суханҳои хубу дилоро задаанд! Ошиқ шудан аввал бо Худованди таоло, баъд ба китоби худованд, ки ҳамаи чизҳои зиндагӣ ва ҳатто ишқӣ дар он зикр шудааст ва баъд бо ҳамроҳи дигарҳо.
Аслан ошиқӣ табиати одам, хусусан донишҷӯ ва толибилмро нохуб месозад! Толибилм набояд ошиқи духтар шавад балки ошиқи илм шуданаш лозим! Дар назди араб як масали хеле хуб ва муносиб аст, ки ошиқӣ ин як кӯрдилист.
Агар ҳозира замон баъзе ошиқҳои ҷавони Тоҷикистонро назар кунем ба ҳамин масали араб хеле муносиб аст!Барои ҳамин одам бояд бо давр, бо навбат корро анҷом диҳад на инки ошиқӣ, балки ҳар як коре, ки мекунад дар вақташ воҷиби ҳар як инсон аст!
Албатта, ишқи ҳақиқӣ вуҷуд дорад, лекин бениҳоят камёб аст!
Бо эҳтиром бародари азизи шумо
Фаридунҷон
--------------------------------------
Бузургворе фармудааст:
Арзандатар аз ишқ дар олам гуҳаре нест
Покиза бидораш, ки ба ҳастӣ сабаб аст он.
Ба фикри ман беҳтарин гуфторест дар бораи ишқ. Ҳақиқати олам худаш дар покизагии ишқ аст.
Нигина, шаҳри Душанбе
--------------------------------------
Аслан одам бояд ба худо ва ба зикри худо ошиқ шавад. Аммо касе ки ошиқи одамизод гаштанӣ бошад, ба зани хуб ошиқӣ кунад, барои он ки ошиқӣ ҳаром аст ба духтарҳое ки никоҳ надошта бошӣ.
Аҳмад
--------------------------------------
Дар баробари баррасии ин суол Душанбеи рӯзи гузашта (14-ум)ба ёд меояд ва ҳолати "шок" маро фаро мегирад.Яъне дирӯз дар пойтахт ҷашни ошиқонро ҳамчунон бо гармӣ таҷлил карданд, ки тасаввур намекунам то дигар ҷашнҳо ин қадар дар мадди таваҷҷӯҳ қарор бигиранд.
Пас ин чи маънӣ дорад? Албатта, самимият, муҳаббат ва ҳамдилӣ нишонае аз ширинии зиндагист, аммо хоҳу нохоҳ таҷлиле аз қабили чунин идҳо, ин фарҳанги бегона аст. Мо таи 70-сол, ки таҳти фарҳанги бегонае қарор доштем, баъдан гӯё инро дарк кардем ва баъзан афсӯс ҳам мехӯрем. Аз ин хотир ҳамин чиз барои мо сабақ нашудааст? Ё шояд мо баъд аз ҷанг мушт бардоштанро одат кардаем?! Ин одат чизи "хуб" аст. Натиҷа надиҳад ҳам, хатар надорад.
Сипар
--------------------------------------
Ошиқи воқеӣ касест, ки бо худо ишқ варзад.
Ризо
--------------------------------------
"Ишқро оғоз ҳаст, анҷом низ..."
Гумонам, ишқ як эҳсосоти муваққатист. Дар баробари ба дунё омадан, инсон ҳисси муҳаббат нисбати чизе ва ё касе пайдо мекунад. Инсон ки рафт ишқи ӯ низ меравад. Агарчи аз як сӯ ишқ бар зоти худ поянда аст, аз ҷониби дигар маҳз бо сабаби гузаранда будани ҳомилони он, ишқро метавон миранда гуфт.
Намехоҳам акнун ба баҳси ишқ нисбати кӣ ва чӣ пардозам. Ман ошиқ шудаам ва орзу дорам, ки онро то тобут поку устувор нигаҳ дорам. Аз он қатраи муҳаббате, ки Аллоҳ Таъоло аз баҳри меҳри худ барои бандагон бар ман додааст мекӯшам ба хубӣ истифода бубарам.
Пушёнӣ
--------------------------------------
Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.