Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар Суғд: Сиёсати нав ё бозтақсими мансабҳо?


Суғд Дар пайи аз вазифаи раиси вилояти Суғд барканор шудани Қосим Қосимов тақрибан ҳаштод дар сади мақомҳои аввал дар ҳама сохторҳои қудратӣ ва ҳукуматии Суғд мансабҳои худро аз даст доданд ва ё тағйири курсӣ карданд. Қосим Қосимов, ки ба таври бесобиқа дар муддати 11 сол зимоми мақоми аввали устондории Суғдро дар даст дошт, акнун курсии ӯро Абдуқоҳир Назиров, собиқ вазири хоҷагии оби кишвар ишғол кард. Табиист, ки ин ҳама тағйирот бо силсилаи амрҳои раиси ҷумҳур сурат гирифт, зеро қонунгузории Тоҷикистон ин ҳама ваколатро дар ихтиёри ӯ гузоштааст.

Оё ин тағйироти кадрии нав дар вилояти Суғд нируӯҳи зеҳниву ақлонии тоза ва соҳиби тахассусро сари қудрат овард ва ё аз як маъракаи навбатии тақсими мансаб беш набуд? Мавзӯъи аслии баҳс миёни таҳлилгарону коршиносон сари ҳамин масъала аст, дар ҳоле ки дар зинаҳои поёнии ҳукумати Суғд ҳанӯз таъин ва ҷо ба ҷо гузоштани кадрҳо анҷом наёфтааст, Ва ин ки оё нафароне, ки ба курсии мансабҳо омаданд, ба рушди минбаъдаи Суғд таконе чашмрас хоҳанд бахшид? Ба назари бештари таҳлилгарон, тағйироти кадрӣ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон аз ҷойивазкунии навбатии кадрҳо беш набуд. Неъматуллоҳи Мирсаид – таҳлилгари масоили иқтисодии Суғд:

« Аз ин ҷой иваз кардани кадрҳо, ба фикрам, ягон комёбие ба даст намеояд. Аз он ки имрӯз дар Тоҷикистон як сиёсати куллие дар ҷо ба ҷо гузории кадрҳо ба вуҷуд наомадааст. Ман гумон мекунам, имрӯз пешравии Тоҷикистон вобаста ба он аст, ки раиси ҷумҳур чӣ хел рафтор мекунад, чӣ гуна талаботи кадрии худро қатъитар мегардонад. Агар раиси ҷумҳур имрӯз дар ҳақиқат сиёсати дохилиро тағйир доданӣ бошад ва талаботи худро сахттар намояд, он вақт ба як дигаргуние умед бастан мумкин аст.»

Дар зимни тағйироти кадрӣ ҳафт раиси шаҳру навоҳии Суғд, аз ҷумла Хуҷанд ва Истаравшан ва ду муовини раиси ҳукумати устон аз вазифа сабукдӯш шуданд. Вале боқӣ сарони нӯҳ шаҳру навоҳии Суғд курсиҳои худро бо мақомҳои ҳамвазн дар маҳалҳои дигар иваз карданд. Бобоҷони Икром, таҳлилгари Суғд мегӯяд, барои бори нахуст дар шимоли Тоҷикистон раҳбарони манотиқи дар назари Хуҷанд - музофотӣ, дар мисоли Шакарбек Самадов, раиси пешини шаҳри Панҷакент ва Мавҷуда Бобоева, раиси собиқи шаҳри Исфараро ба мақомҳои аввали ҳукумати вилояти Суғд овард. Ин ду тан бо фармонҳои раиси ҷумҳур мутаносибан муовини аввал ва муовини раиси ҳукумати Суғд таъин шуданд. Аммо бо ин вуҷуд, аз нигоҳи Бобоҷони Икром, умдатарин масоили кадрӣ чун пештара ҳалношуда боқӣ мондааст :

«Устони Суғд яке аз минтақаҳои хеле пешрафтаи Тоҷикистон аст, ба хусус дар риштаи саноат. Агар аз ин нуқтаи назар ва эҳёи бахши кишоварзӣ нигоҳ кунем, гуфта метавонам, ки имрӯз новобаста аз он ки дар ин минтақа як тағйироти кадрӣ ба амал омад, боз ҳам як бӯҳрони шадид дар риштаи кадрҳо: дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ ва фарҳанг ба назар мерасад. Ман бар он ақида ҳастам, ки кадрҳои раҳбарикунандаи Тоҷикистон аз рӯи маҳал, муносибатҳои хешутаборӣ, ё аз рӯи вафодорӣ ба шахсони мансабдори сатҳи олии мамлакат интихоб мешаванд.»

Аз нигоҳи Бобоҷони Икром, ин ки ҳукумати нави вилояти Суғд то кадом андоза ба рушди иқтисодиву сиёсӣ дастёб хоҳад шуд, ба он бастагӣ дорад, ки раҳбарони навтаъини Суғд дар атрофи худ дар тақсими мансаб чӣ дастаи кориеро сарҷамъ меоранд. Назари раиси нави ҳукумати Суғд Абдуқоҳир Назиров:

«Якум, он чи ки мо имрӯз талаб мекунем дасти тоза, дилу нияти пок ва тахассус. Маҳалла, хешутабор, ҷӯра, шинос ин чизҳо ба назар гирифта намешавад. Мо дар оянда ҳам ба ин ҷиҳатҳо диққат медиҳем. Имрӯз вақти он расидааст, ки мо пеш аз он ки як касро ба вазифае интихоб кунем, бояд як озмун тендер гузаронем ва интихобот дар комиссияи озмун дар асоси тозагӣ ва тахассус сурат мегирад.»

Ин дар ҳолест, ки ҳама мақомҳои аввал дар ҳукуматҳои шаҳру навоҳии Суғд аз сӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъин шудаанд. Донишманди иқтисоддони тоҷик, Тоҳири Абдуҷаббор дар бораи ин мақомҳои навтаъин ин гуна изҳори назар мекунад :

«Онҳое, ки шоистаи кор бошанд, лаёқати кор дошта бошанд ва тахассус дошта бошанд ба риштаҳои муҳими иқтисодӣ рӯи кор меомаданд, метавон умедвор буд, ки вазоифи бузурге, ки пеши кишвар истода ҳал хоҳанд шуд ё ба ҳар сурат кӯшише дар ин роҳ хоҳанд кард, Вале аз он ҷо ки бештари онҳое, ки таъин шудаанд ба ин вазифаҳо, тахассус ва ё лаёқати дурусте надоранд дар ин риштаҳо, камтар метавон умедвор шуд, ки онҳо битавонанд ин масоилро ҳал бикунанд.»

Воқеан, дар Суғд онҳое боз соҳиби вазифаву мансабҳои нав шуданд, ки қаблан низ курсиҳои тақрибан ҳамсанг дар ихтиёр доштанд, ба истиснои чанд тан, ки тағйироти ахири кадрӣ ононро аз мақомҳо маҳрум сохт. Ва ҳама мақомҳои нав чеҳраҳои шинос ва кӯҳна ва он чӣ онҳоро як умумият медиҳад, - дар байни онҳо нафарони зери синни чил ва ҳамчунин чеҳрахои нав ва тоза дучор намешаванд.
XS
SM
MD
LG