Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон озодии фаврии шаҳрвандонашро тақозо дорад


Эрон аз нируҳои Амрико тақозо кардааст, ки шаҳрвандони боздоштшудаи Эрон дар Ироқро фавран озод кунанд. Ба гуфтаи Эрон, панҷ нафар шаҳрвандони боздоштшудааш дар Арбили Ироқ 11-уми январ ҳангоми боздошт дар консулгарии Эрон ба корҳои дипломатӣ машғул будаанд.

Қаблан низомиёни Амрико мустақар дар Ироқ гуфтанд, ки боздоштшудагони эронӣ афроди муттаъалиқ ба Горди Посдорони Эронанд ва нируҳои Амрико онҳоро дар ҷараёни як амалиёти вижа боздошт ва бо баъзе аз ҳуҷҷатҳову дастгоҳҳои компютерӣ бо худ бурдаанд. Муҳаммад Алӣ Ҳусейнӣ-сухангуи вазорати умури хориҷии Эрон дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон гуфт, ин панҷ нафар боздоштшуда кормандони дипломатӣ будаанд:


"Тамоми масоиле, ки дар он ҷо мегузаштааст, дар консулгарӣ бо иттилоъ ва қонунӣ будааст. Бино бар ин нируҳои амрикоӣ бояд ҳар чӣ сариътар ин панҷ нафарро озод букунанд ва аз иқдомоти эҳтимолии мушобеҳ ҳам бояд пешгирӣ букунанд ва ин гуна иқдомотро муттавақиф букунанд. Ва хисоротеро ҳам, ки ба сохтмони сарконсулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арбил ворди шуда, бояд онро ба зудӣ ҷуброн кунанд".

Аммо нируҳои амрикоӣ мегуянд, ҳеҷ як аз ин панҷ нафар шиносномаи дипломатӣ надоштаанд ва марбут ба Сипоҳи Посдорон мебошанд, ки мустақиман зери фармони Оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари руҳонии Эрон қарор дорад. Амалиёти зидди эрониён дар Ироқ замоне анҷом гирифт, ки Ҷорҷ Буш гуфт, ба он чӣ дахолати эрониён дар Ироқ хонда мешавад, хотима хоҳад дод.

Аз суи дигар, Кондолиза Райс-вазири хориҷаи Амрико, ки машғули боздид аз кишварҳои Ховари Миёна аст, бори дигар Эронро муттаҳам кард, ки ба тундравҳои ироқӣ омузиш медиҳад ва барои ҷанг бар зидди нируҳои Амрикоӣ ба онҳо аслиҳа медиҳад. Хонум Райс гуфт, далоили зиёде вуҷуд дорад, ки Эрон дар таҳияи бамҳои қавӣ дар Ироқ даст дорад ва ин бамҳо бар зидди нируҳои амрикоӣ истифода мешаванд.
XS
SM
MD
LG