Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори гарми либосҳои зимистона


Нафиса як донишҷӯи тоҷик мегӯяд, бо умеди хариди сару либоси зимистона бо 500 сомонӣ ҳудудан 150 доллар вориди бозори молу коло гаштаву, аммо аз он ҷо хеле нороҳат баргаштааст, чун бо ин маблағ ӯ натавонистааст ҳатто чанд либоси табъи дилашро харид кунад.

Зимистона имсола, ки барои Тоҷикистон сарду пурмушкил омад ба бозору мағозаҳои либосфурӯшии кишвар намудҳои гуногуни либосҳои зимистонаи замонавӣ хеле зиёд ворид гашт.

Ва он гуна, ки мардум интизор ва ҳам хеле нигарон буданд нархи колову либосҳои зимистона баробари боридани барфи аввал дар кишвар боло рафт.

Феълан либосҳои нисбатан босифат дар бозорҳои калони кишвар барои занону мардон палто ва ё болопӯшҳое, ки аз матои драп ва чарм омода шудаанд, ки баҳои онҳо аз 100 то 300 долларро ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол дар бозори молу коло куртка ва ё нимтанаҳои на чандон гарм, вале нисбатан арзон харидорони зиёд дорад. Курткаҳоро метавон аз 50 то ба 200 сомонӣ харидорӣ кард.

Шимҳои мардона, ки аз матои ҷинсу аз виливет омода шудаанд ва барои фасли сармо мутобиқанд аз 50 то 100 сомонӣ, барои занон, ки феълан шимҳои кӯтоҳ дар муд аст вобаста ба шакли духту матоашон аз 35 то 150 сомонӣ баҳогузорӣ шудаанд.

Аммо қиммати куртаву жемперҳои занона аз 30 то 100 сомонӣ ва миёни мардон, ки имрӯз жемперу свитрҳои бофташуда нисбатан серталабот аст нархи он аз 40 то ба 200 сомонӣ мерасад.

Вале агар як пояфзоли сифаташ миёнаи зимистона барои занон соли гузашта ба маблағи 40 ё 60 сомонӣ фурӯхта мешуд имрӯз арзонтарин пояфзол 60 то 80 сомонӣ аст.

Фарорасии фасли сармо, масдуд шудани роҳҳо камбуди шадиди барқу газ ва тағйир ёфтани қурби асъор аз омилҳои аслии болоравии нархи либос дар бозори молу колои кишвар дониста мешавад.

Вале Зироат Азизова як тоҷири бозори корвон иллати дигари инро иброз медорад. «Ҳозир мо маҷбурем нарха боло бардорем, чӣ кор кунем ана дар бозор орендаҳомон қиммат ман 300 сомонӣ оренда медиҳам боз 45 сомонӣ дигар орендаи давлатӣ аст. Боз ғайри ин ҳар рӯз 3 сомонӣ чек медиҳем пули ароба маблағ барои маҳзан ва дигар, ки албатта барои мо тоҷирон ҳам мушкил аст. »

Албатта агар дар бозор хуб сайр кунӣ либосҳои арзонтар ҳам дарёфт кардан мумкин аст, аммо аксарият мардум аз харидани онҳо худдорӣ мекунанд, чун мегӯянд, буҷаи иқтисоди онҳо чандон зиёд нест, ки либоси зимистонаро танҳо барои як моҳ харид кунанд.
XS
SM
MD
LG