Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамли бидуни қаробати ҷинсӣ?


Хабари ҷолиб аз олами хазандагон

Як сусмори бузург дар боғи ҷонварони Бритониё бидуни «кӯмак»-и ягон ҷонвари нарина ҳомила шудааст.

Ин сусмор, ки дар боғи ҷонварон ӯро Флора ном гузошта будаанд, дар боғи ҷонварони Честер 11 тухм гузоштааст.

Ин навъи сусморро ҳамчунин аждаҳои Комодо низ ном мебаранд ва се тухми ин аждаҳои Комодо кафидааст, аммо ҳафт сусморчаи дигар дар ҳоли омодабош барои чашм кушудан ба ин дунё будаанд.

Кормандони он боғи ҷонварон гуфтаанд, интизор доранд, ки фарзандакони Флора дар рӯзҳои иди соли навӣ пардаву пӯсти тухмашонро пора карда «таваллуд» шаванд.

Ҳарчанд гуфта мешавад, ки дигар анвоъи сусмор қобилияти бордории бидуни «кӯмак»-ро доранд, аммо ин бори аввал аст, ки сусморе аз оилаи аждаҳои Комодо мустақилона тухм гузоштааст.

Дар омади гап, намояндагони аждаҳои Комодо аз лиҳози ҷисм бузургтарини сусморҳо будаанд. Дар Индонезия як чунин наринаи семетраро боре дарёфта будаанд.
XS
SM
MD
LG