«Миллат» аз хостори музокирот шудани ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандарови бо ҷиноҳи мухолифи Масъуд Собиров хабар додааст. Ба навиштаи нашрия Ҷумъабой Ниёзов муовини раиси ҳизби демократии Искандаров гуфтааст, ин тасмими дуҷониба буд ва ҷониби дуввум низ ба ин музокирот изҳори ризоият кардааст.
Аммо муаллиф навиштааст, ки ҷиноҳи Масъуд Собиров, аз қабл хостори ҳамкорӣ бо ҷиноҳи мухолифи худ будааст ва ва сари мизи музокирот нишастан пешниҳоди ӯ мебошад. Вале оқои Ниёзов гуфтаст, ки иттиҳоди ин ду ҷиноҳи ҳизб дар ҳоле сурат хоҳад гирифт, ки ҷиноҳи Собиров раёсати Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро эътироф кунад. Ва дар посух Оқои Собиров афзудааст, ки омодаст ба хотири ваҳдати ҳизб курсии раёсатро ба нафари дигар бигузорад.
«Шикори вопасини «дарранда». «Азия плюс», зери ин унвон матлабе дар мавриди таърихи муҳосира ва кушта шудани Ризвон Содиров, фармондеҳи собиқи иттиҳоди нирӯҳои мухолифинро нашр карда, назари мақомот ва ҳамдастаҳои ӯро баён кардааст. Ба гуфтаи мақомот Ризвон Содиров сарвари гурӯҳи ҷиноӣ буд, ки 2 декабри соли 1997 пас аз 7 соати шуруи амалиёт кушта шуд.
Ҳамзамон бародари Ризвон Фаҳмиддин, ки дар маҳбас аст, мегӯяд ӯ ҳадаф дошт, ҳадафи таъсиси давлати исломӣ. Ӯ ғорат намекард, балки ҳар нафар аз зердастонашро, ки ғорат ва ё беадолатӣ мекард, сахт муҷозот мекард ва ваъда медод, ки пас аз таъсиси давлати исломӣ ин муҷозот сангинтар хоҳад шуд. Аммо мақомот мегӯяд Ризвон Содиров ҳеҷ гоҳ дар хатти муҳориба набуд, ҳамеша 50 километр аз мавқеи набардҳо масофа мегирифт ва ба ғорату ситам дар мевқеи худ машғул буд. Ӯ корманди Созмони Милсли Муттаҳид Карин Маннро асир гирифт. Ба барои овардани сари ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ ва машина мукофот таъин карда буданд, ва ӯ дар рӯзҳои ахири ҳаёти худ хеле боэҳтиёт пинҳон мешуд. Аммо Ризвонро холаи хуи ӯ ба мақомоти қудратии Тоҷикистон фурӯхтааст.
Нашрияи «Собития» ба фоҷиаи ҳавопаймои ту 154-и ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, ки соли 1997 мавриди нишастан дар фурудгоҳи Шарҷаи Арабистони Суудӣ суқут кард ва дар натиҷа 85 нафар ба ҳалокат расид, бознигарӣ кардааст. Ба навиштаи нашрия дар ин тайёра аксарият тоҷирон буданд. Тафтиши ин фоҷиаро Департаменти ҳавопаймоии мулкии Аморати Муттаҳидаи Араб бар ӯҳда дошта ва ба натиҷа расидааст, ки иллати сар задании садамаи ҳавопаймо фармони ахирини нигаҳ доштани масофаро иҷро накардани нозири тайёра мебошад. Ҳамчунин ӯ ҳавопайморо поин нишонда ба огаҳии хавф таваҷҷӯҳ зоҳир накардааст, ки дар натиҷа тайёра ба замин бархӯрда комилан оташ мегирад.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон" дар посух ба суоли чаро дар Тоҷикистон барқ маҳдуд мешавад, нақшаи бастани маҷрои Сарбани дарёи Вахш, минтақаи таркиши кӯҳпораи ҷиҳати иҷрои ин амал ва мавқеъгирии нирӯгоҳҳои барқи обии Норак ва Бойғозиро нашр кардааст. Ва навиштааст, ки ниҳоят таърихи бастани маҷрои дарёи Вахш ба 15 декабр муқарра шудаст, ки дар ин маросим Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва раиси ширкати РАо ЭС-и Русия Анатолий Чубайс ширкат хоҳанд кард. Нашрия аз қавли масъулини сохтмони нирӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» навиштааст, аз соати 23-и рӯзи 15 декабр то соати 23-и 16 декабр дар соросари Тоҷикистон интиқоли нирӯи барқ комилан қатъ хоҳад шуд.
Аммо ҳафтаномаи «Нигоҳ», нашрияи ҷадиди чопи Душанбе, ки бо забони тоҷикӣ ва 16 саҳифа нашр шуд, дар мавриди мушкилоти ҷиёди матраҳи ҷомеаи Тоҷикистон матолиб нашр кардааст. Аз ҷумла дар матлаби Махмалбоф дар Тоҷикистон чӣ мебофад» фаъолияти коргардони иронӣ Муҳсини Махмалбофро умдатан ба таҳлил кашидааст, ки ҳамчунин дар Тоҷикистон чанд филмро ба навор гирифтааст. Муаллиф ин мавзӯро матраҳ кардаст, ки Махмалбоф дар ҳураи синамои Ирон мавқеъи шинохтае надорад, аммо дар фестивалҳои синамоии Тоҷикистон ҷои пои худро он қадар қавӣ гардондаст, ки ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳад, ки ҳунармандони машҳури иронӣ вориди озмунҳои Тоҷикистон шаванд. Ба гуфтаи муаллиф дар Тоҷикистон ҳунармандони маъруфи синамои ин кишваро, ки шӯҳрати ҷавонӣ доранд хуб мешиносанд, аммо оғои Махмалбоф саддест барои вуруди онҳо ба ин кишвари ҳамзабонашон.
Ҳамзамон дар ин ҳафта шумораи нахустини нашрияи дигаре унвонии «Овоза» ба нашр расид, ки аз ҳаёти сарояндагон ва ҳунарварон, ҳамчунин вазъи ҳунару ҳунарвариӣ дар Тоҷикистон матолиб ба чоп расондааст.