Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобинаи нави ҳукумат: Бо бисёре аз чеҳраҳои қаблӣ, аммо бидуни мухолифини собиқ


Рӯзи гузашта (30ноябр) Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон тамоми аъзои ҳукумати худро барканор кард, аммо субҳи ҷумъа (якуми декабр) бо таъини вазири дифоъ, ки ҳамчунон вазири дифоъи пешина аст, аксари аъзои кобинаи қаблии худро ба вазоифи худ ва ё ба вазорате дигар таъин намуд.

Танҳо чеҳраҳои нав дар ҳукумати нав Ҳамроҳхон Зарифов вазири умури хориҷа, сафири пешини Тоҷикистон дар ИМА ва Мирзошоҳрух Асроров, вазири фарҳанг, аз роҳбарони собиқи радио ва телевизон аст.

Ба назари соҳибназарон, тӯли бештар аз 10 соли роҳбарии Талбак Назаров дар Вазорати хориҷа сиёсати хориҷиии кишвар ахиран ба як сиёсати мутавозин дар гироиши равобити минтақа ва байналмилал табдил шуда буд.

Кобинаи нав дар ин росто низ қобили баррасист, ки ҳамагии намояндагони боқимондаи мухолифини пешин аз раёсати вазоратҳо ва муовинати сарвазир барканор шуданд. Дар ҳоле, ки бархе коршиносон инро дур аз назокати сиёсӣ арзёбӣ мекунанд, намояндагони мухолифини пешин ин иқдомро як амри табиӣ ва маъмулӣ ва медонанд. Сайид Иброҳими Назар аз пешвоёни ҲНИТ мегуяд, ҳузур ё адами ҳузури ин афрод дар ҳукумат ҳеҷ аҳамияте барои раванди сулҳ надошт.

Бояд гуфт, Зокир Вазиров - вазири кор, Мирзо Зиёев - вазири умури фавқуллода ва Зайд Сайидов - вазири саноат намояндагони мухолифини пешин буданд, ки то кунун мақомҳои худро ҳифз карда буданд ва акнун барканор шуданд.

Ин дар ҳолест, ки Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Искандаров мегӯяд, беҳтар мебуд, раиси ҷумҳур аъзои нави ҳукуматашро аз ҷумлаи намояндагони аҳзоб ташкил медод. Ба назари оғои Валиев, ин ҳол метавонист, масъулияти аъзои ҳукумат ва мутақобилан масъулияти аҳзобро бештар кунад.

Исмоил Раҳматов, устоди сиёсат дар донишгоҳи славянии Тоҷикистон мегӯяд, таъини ҳукумати навъ навъе ҷойивазкуни кадрҳо буда ва аз ивазкунии ҷойи ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир нахоҳад ёфт.

Дар ҳар сурат, ҳамчунин бояд афзуд, бо вуҷуди таъйини дубораи аксаре аз вазирон чанд чеҳраи шинохта назири Сайидамир Зуҳуров, раиси Кумитаи давлатии марзбонӣ, ки аз меъморони давлати Раҳмонов дониста мешавад, Зайд Сайидов ва Сайид Зубайдов, вазирони саноат ва мухобирот, ки муваффақтарин вазирони ҳукумат дар амри ҷалби сармоя ва роҳандозии корхонаҳои соҳоти марбутаи худ ва аз вазирони ислоҳталаб маҳсуб мешуданд, дар ҳайъати тозаи ҳукумат ҳеҷ яке аз онҳо ҷой наёфтааст.
XS
SM
MD
LG