Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон дар маркази таваҷҷӯҳи нишасти НАТО


Дабири кулли паймони низомии НАТО Яап де Ҳуп Схеффер гуфт, як мавзӯъи аслии матрӯҳа дар нишасти Рига мавзӯъи Афғонистон хоҳад шуд. Фармондеҳии нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистонро феълан НАТО дар ӯҳда дорад ва оқои Схеффер, ки субҳи сешанбе ҳанӯз то оғози нишасти паймон дар пойтахти Латвия сӯҳбат мекард, гуфт, дар ин нишаст ба кишварҳои узви паймон фишор хоҳанд овард, то ӯҳдадориҳои худ дар Афғонистонро биафзоянд: "Мо бояд ҳайъати Айсафро ба таври муносиб такмил кунем. Ин як чизи ғайриқобилиқабул аст, ки тавони маъмурияти мо дар ҷануби Афғонистон 20 дарсад камтар аз масъулиятҳои муштаракест, ки мо ба дӯш гирифтаем. Ман инро чандин бор гуфтаам ва бори дигар мегӯям, ки чунин ҳол ба тавони фармондеҳӣ ва муассирияти фаъолиятҳои мо латма мезанад."

НАТО феълан дар Афғонистон беш аз 30 000 аскарро таҳти фармон дорад ва ин кишвар акнун барои ин паймони низомӣ ҷойи имтиҳон ҳам ҳаст. Агар НАТО дар амри саркӯбии ошӯби Толибон ва истиқрори субот дар Афғонистон комёб шавад, пас собит мекунад, ки барои посух додан ба чолишҳои асри нав омода ҳаст. Ва ҳамин тавр нокомиии НАТО дар Афғонистон метавонад суолҳои ҷиддиеро дар бораи дурнамои худи ин созмон дар миён гузорад. Роберт Лугар, раиси кумитаи равобити байналмилалии Сенати Амрико ҳам гуфта, ки худдории кишварҳои узви НАТО аз ирсоли нирӯи бештар ба Афғонистон ба эътибори ин созмон зарбаи ҷиддӣ хоҳад зад.

Мушкил ин аст, ки доманаи ошӯби Толибон дар ҳоли афзоиш буда, вале нирӯҳои НАТО, ки ахиран маъмурияти худро ба тамоми қаламрави Афғонистон густариш доданд, дар муқобил парокандаву парешон ба назар мерасанд.
Дар ҷануби бештар аз ҳама ошӯбзадаи Афғонистон феълан танҳо Амрикову Канада ва Бритониёву Ҳолланд нирӯ доранд. Олмон ва ҳамин тавр Фаронсаву Итолиё ва Испания низ аз эъзоми нирӯҳои худ ба вилоёти ошӯбзада худдорӣ мекунанд. Ва аммо Вейра Викэ Фрайберга, раисиҷумҳури Латвия, мизбони нишасти имсолаи НАТО мегӯяд: "Агар мо дар Афғонистон ноком шавем, дар он сурат Толибон ва Ал-Қоида ба сари қудрат бар хоҳанд гашт. Ин ифротиёни исломиро дар дигар гӯшаҳои ҷаҳон ташвиқ хоҳад кард ва ин сенарияи баде ҳаст, ки мо, албатта, хостори амалӣ шуданаш нестем."

Мавзӯъи Афғонистон масоили дигари дастури кори нишасти Рига, аз ҷумла густариши паймони НАТО ва баррасии мавзӯъи номзадии кишварҳое аз қабили Гурҷистону Мақдуния ва Албанияро ба мадди дуввум бурдааст. Аммо интизор намеравад, ки дар Рига қарори фавқулодда дар мавриди тавсиъаи марзҳои НАТО қабул шавад, ки ин бешубҳа ба фоидаи Маскав аст.
XS
SM
MD
LG