Александр Литвиненко, собиқ корманди хадамоти амнияти федералии Русия, ки мақомоти Кремлро ҳамеша танқид мекард, шоми 23 ноябр дар бемористони шаҳри Лондон даргузашт. Ҷим Даун, сухангӯи бемористоне, ки дар он Литвиненко ҳафтаи охир таҳти муроқибат қарор дошт, гуфт:
"Mо бо таассуф эълом мекунем, ки Александр Ливиненко дар бемористони University College Hospital 23 ноябр соати 9:21 - и шом ҷони худро аз даст дод, ӯ шадидан мариз буд ва пизишкони ин бемористон ҳар чизе ки аз дасташон омад барои ӯ карданд."
Бархе аз коршиносон ва пизишкон мегӯянд, ки оқои Литвиненко ба иллати заҳролуд шудан аз дасти шахсони ношинос ба ҳалокат расид. Олег Гордиевский, собиқ афсари хадамоти амнияти федералӣ, ки аз солҳои 1980 дар шаҳри Ландан ба сар мебарад мегуяд, ки бидуни шак ба заҳролудшавии оқои Литвиненко хадамоти махфии Русия даст дорад. аммо Борис Когарлийкий, сисёсатмадори рус мегӯяд, ки мақомоти Русия шояд ба марги оқои Литвиненко даст надошта бошанд.
"Ман фикр намекунам, ки ин дастури мақомоти Русия бошад чун ки ҳоло барои давлати Русия марги Литвиненко зарари зиёд мерасонад ва ман фикр намекунам ки давлати Русия ё раҳбарони хадамоти амниятӣ ин қадар бесавод бошанд, ки инро нафаҳманд, чунки ин кор Русияро дар назди Аврупо бадном мекунад"
Аммо падари Литвиненко имрӯз шояд бештар аз дигарон андӯҳгин буд, ӯ ҳалокати писарашро ба таркиши як бомбаи ҳастаӣ шабоҳат дод, ки бо чашми оддӣ диданаш мушкил буд. Ӯ гуфт:
"Ба ин режим бовар накунед. Режими Маскав барои тамоми дунё ҳалокатбор аст. Ба ин режим бовар накунед, Александр бо ин режим мубориза мебурд ва ӯ инро мефаҳмид"
Ду рӯз пеш аз маргаш оқои Литвинеко як номаеро навишт, ки имрӯз аз он чун васиятномаи ӯ ёд мекунанд. Дар ин изҳорот, Литвиненко дар марги худ Владимир Путин раиси ҷумҳури Русияро муттаҳам карда гуфтааст, ки барои хомӯш кардани ӯ Путин нархи гаронро пардохт хоҳад кард.