Дар минбари баҳси шумораи ахири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ду мақола таҳти унвони «Тӯраҷонзода нобгароӣ мекунад» ва «Давлатов тарафдори хурофот аст» ба нашр расидааст. ки дар яке аз навиштаҳо китоби ахиран ба нашррасидаи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода бо номи «Шариат ва ҷомеа» ситоиш шуда ва дар мақолаи дуввумӣ, ин китоб мавриди танқиди шадид қарор гирифтааст.
Дар навиштаи «Тӯраҷонзода нобгароӣ мекунад» гуфта мешавад, ки қаблан масалан Толибон ҳам зери шиори Исломи ноб фарҳангу арзишҳои миллиро нобуд карданд. Дар ин мақола Муҳаммадшариф Ҳимматзода, яке аз пешвоёни ҲНИТ мавриди накӯҳиш қарор дода шудааст, ки вай ба ин китоб муқаддима навиштааст.
Аслан, китоби оғои Тӯраҷонзода дар шумораи пешини ҳамин рӯзнома аз тарафи раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Муродулло Давлатов шадидан танқид шуда буд, ки ин баҳс дар шумораҳои баъдӣ низ идома ёфт.
Дар мақолаи дигар таҳти унвони «Давлатов тарафдори хурофот аст» таъкид шудааст, ки Тӯраҷонзода дар китоби худ роҳҳои мубориза бо Ҳизбутаҳрирро, ки душмани ҳукумати Тоҷикистон аст, нишон дода ба зарурати танзими маросимҳои миллӣ ба монанди туйҳо, мотамҳо таъкид кардааст. Нависандаи ин мақола мегӯяд, модоме, ки Давлатов - раиси Кумитаи дини Тоҷикисон ин китобро танқид мекунад пас дар мавриди Ҳизбутаҳрир мавқеи ӯ норӯшан боқӣ мемонад.
Ҳафтаномаи мустақили «Вақт», нашрияи дигари чопи Душанбе пас аз раҳоии Раҷаби Мирзо аз боздоштгоҳи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо ӯ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом додааст. Раҷаби Мирзо, раиси созмони душанбегии Ҳизби демократ мебошад, ки пас аз кӯшиши роҳпаймоӣ дар назди Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳамроҳ бо се нафар аз тарафдоронаш барои 15 рӯз аз озодӣ маҳрум карда шуд. Вай дар ин мусоҳиба мегӯяд, ки ҳукумат ӯро нафаҳмидааст. Манзураш ин аст, ки роҳпамоии онҳо аз эътирозоте, ки ду моҳ қабл дар консерти Ораш хонандаи маъруфи эронӣ аз ҷониби биннандаҳо бархоста буд, фарқ мекард. Демократҳо мехостанд, як роҳпаймоии маданӣ анҷом диҳанд. Оғои Мирзо мегӯяд, аммо ҳукумат онҳоро фаҳмидан нахост.
Ба назари таҳлилгарон, яке аз ҳодисаи муҳими дигари сиёсии ҳафтаи гузашта баргузории маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмонов буд, ки барои бори саввум ва 7 сол дар курсии раёсати ҷумурии Тоҷикистон ҷулус кард. Ва рӯзномаҳои мустақил бо чопи матни расмии суханронии Раҳмонов дар назди вакилони мардумӣ, ки он ҳамчунин дар саҳифаи интернетии президент ба нашр расидааст, иктифо кардаанд. Ва ҳеҷ вокуниш ва изҳори назари рӯзномаҳо ба чашм намехӯрад.
Дар ҳоле, ки матни расмии суханронии Раҳмонов таҳти унвони «Савганд ба шири модар ва Тоҷикистони ҳафтмилионна»-ра ба нашр расонидааст, ҳафтаномаи «Миллат» - нашрияи дигари мустақил таҳти унвони «Вақте муҳоҷирон ронда мешаванд, ҷуз Ватан ҷои рафтан надоранд» ба ҳукумати ҷадиди Раҳмонов ҳушдор додааст. Нависандаи ин мақола мегӯяд, «Умед аст, ҳукумати Тоҷикистон низ бо ҷиддияти тамом ва истифода аз абзорҳои дар ихтиёр дошта ба монанди пойгоҳи Русия дар ин кишвар, тарҳҳои марбут ба нерӯгоҳҳо ва корхонаи арзиз битавонад аз эҳтимоли ихроҷи садҳо ҳазор тоҷик аз Русия ҷилавгирӣ ба амал орад. Дар ҳамин навишта як аксе низ ҷой дода шудааст, ки Путин ва Ислом Каримов аз Раҳмонов пушт гардонда бо шак ба ӯ менигаранд.
«Азия Плюс» аз афзоиши мӯътодони маводи мухаддир ва аз хушунат ба занон аз ҷониби шавҳарон дар ин кишвар таъкид мекунад.
«Зиндагӣ " дар бахши фарҳангии худ Бозор Собир, шоири маҳбуб ва дар ғурбати тоҷикро ба муносибати 68 - умин зодрӯзаш табрик кардааст.
«Азия Плюс» Мӯъмин Қаноат, шоири тавонои тоҷикро ба муносибати узвияти ифтихориаш дар ширкати «Билайн», ки ба тозагӣ намояндагии худро дар Душанбе ифтитоҳ кард, табрик гуфтааст.