Хиромон Бақозода
Мақомхони тоҷик, Сабоҳат Наҷмиддинова дар пешорӯи зодрӯзи худ меҳмони «Озодӣ» шуд.
Сабоҳат дар гурӯҳи шашмақомхонони Кумитаи ТВ ва радиои Тоҷикистон фаъолият мекунад. Аз шашмақомхонҳои маъруф, Барно Исҳоқова ва Боймуҳаммад Ниёзов дарс гирифтааст. Соҳиби якчанд ҷоизаҳо мебошад.
Аввалин суруди Сабоҳат Бар лаби дарё биё мебошад, ки дар соли саввуми донишҷӯияш сурудааст. Ва аммо суруде, ки Сабоҳат Наҷмиддиноваро маъруфи Тоҷикистон гардонидааст, Вафо аз бевафо омӯхтам охир ном дорад.
Сабоҳат дар сӯҳбат ҳамчунин аз он қисса намуд, ки чӣ гуна махсус барои бозгардони як мард ба оилааш Бе ман ту чунӣ, эй азиз, дар хилвати ёри дигар сурудааст.