Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи шартии раиси ҷумҳур дар "Ояндасоз"


Дурудддддддддд ба дӯстон ва ҳамсолони азизамон, ки мухсили барномаи Ояндасозанд.
Мо силсилаи сӯҳбатҳоямонро дар мавзӯйи интихоботи раисҷумҳур идома медиҳем ва шунавандаи азиз шумо огоҳ ҳастед, ки дар миёни номзадҳои ба мақоми раисиҷумҳур пешниҳодшуда ягон нафари то 40 сола пешбарӣ нашудааст.

Мо қарор додем, ки бо иштироки ҷавонони фаъоли аҳзоби сиёсии кишвар интихоботи шартӣ гузаронем, яъне агар ҷавонон номзадии худро пешбарӣ кунанд барои ҳамсолони худ кадом барномаҳоро роҳандозӣ хоҳанд кард?

Дар барномаҳои қаблӣ намояндагони ҳизбҳои халқӣ демократӣ, наҳзати ислом, сотсиал демократ ва демократ ширкат доштанд. Имрӯз бошад бо барномаҳои номзадҳои шартии ҳизбҳои халқи демократӣ, сотсиалистӣ ва коммунистӣ ошно хоҳед шуд.

Натиҷаи барномаҳои мо нишон медиҳанд, ки номзадҳои ҷавон низ, ки ғолибан синни то 35 сола доштанд андешаву барномаҳои ҷолибро барои рушди Тоҷикистон пешниҳод мекунанд. Аммо ба ҳар сурат баҳои ахир аз ҷониби худи шумо шунавандаи закию дурандеш аст, бинобар ин ба суҳбати мо бипайвандед ва назарҳои худро иброз доред.

Вобаста

XS
SM
MD
LG