Яке аз мушкилоти доғи Тоҷикистон фасод аст. Он мисли торҳои анкабут тамоми бахшҳои фаъолияти ҷомеаро фаро гирифтааст. Баррасиҳои Маркази таҳқиқоти стротежии Тоҷикистон ва муассисаҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки фасодкорӣ дар ҳамаи зинаҳои идораи давлатӣ, дар корхонаҳои санъатию кишоварзӣ, муассисоти тиббию тиҷоратӣ, дар мактабҳою донишгоҳҳо, ҳатто дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ривоҷ ёфтааст. Дар ин миён кормандони кумитаҳои молиёту гумрук, амволи давлатӣ, маҳкамаю додситониҳо ва муассисаҳои молӣ бештар олудаи фасод мебошанд. Ин аст, ки Тоҷикистон яке аз фосидтарин кишварҳои ҷаҳон шинохта шудааст.
Маъмултарин шакли фасод - ришвахорӣ аст. Тавре ки мегўянд, дар кишвар ҳеч мушкиле бидуни ришва осон намешавад. Робитаҳои хешу таборӣ, маҳалгароию қавмгароӣ, ёру ошнобозиҳо, дуздии амволи давлатӣ, зўроварӣ ва «харидани мансабдорон» низ аз шаклҳои роиҷи фасод аст.
Мансабдорони воломақом хешу табор ва ҳамшаҳриҳошонро сарфи назар аз донишу лаёқатшон ба курсиҳои мансаб мешинонанд. Баъзеҳо мансабҳои давлатиро «мехаранд», яъне ҳазорҳо доллар ришва дода, соҳиби мансаб мешаванд. Равшан аст, ки ҳадафи чунин афрод, пеш аз ҳама, ришвахорӣ ва ба даст овардани пули бештар аст. Зимнан, дар ҷараёни кор онҳо як ҳиссаи маблағҳои ҷамъ кардаашонро ба мақомоти болотару болотар мерасонанд.
Фасод пайомадҳои басо ногувор дорад. Нахуст ин ки, он боиси болоравии қиматҳо мешавад. Зеро соҳибкорону тоҷирон маблағҳоеро, ки ба сифати ришва ба мансабдорон медиҳанд, ба қамати колоҳо зам мекунанд ва ба ҳангоми фурўхтани колоҳои худ он маблағро дубора аз харидорон дарёфт мекунанд.. Яъне, аксаран, маблағи ришваро, дар ниҳояти кор, тоҷирону соҳибкорон не, балки мардум мепардозанд. Сониян, болоравии қиматҳо боиси кам шудани фурӯши колоҳо мегардад. Ин амр соҳибкоронро аз сармоягузорӣ ва густариши тавлидот боз медорад. Сармоягузорони хориҷӣ ҳам ба иқтисоди кишвари фасодзада сармоягузорӣ намекунанд. Яъне фасод - садди роҳи пешрафти иктисод мешавад. Савум ин, ки фасод боиси густариши нобаробариҳои иҷтимоъӣ, ривоҷи беадолатиҳо, хароб шудани ахлоқ ва суст шудани эътимоди мардум бар ҳукумат мегардад. Ин ҳолат рушди солими иҷтимоию фарҳангӣ ва суботи сиёсии кишварро ба хатар меандозад.
Густариши фасод сабабҳои зиёд дорад. Муҳимтарин манъба ва ангезаи он ҳукумат аст. Ҳукумат тамоми ихтиёроту имконот ва ҳаққи тасмимгириро дорад ва фаъолияти корхонаҳою муассисоти кишвар ба тасмимҳои он вобаста аст. Он василаи дубораю себора тақсим кардани даромади миллӣ аст. Ва мансабдорони ҳарис аз ин васила ба суди хеш истифода мекунанд. Яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз фасодкорӣ маҳдуд кардани доираи ихтиёрот ва мудохилаи ҳукумат ба фаъолияти корхонаҳою муассисот аст. Вале ҳукуматдорони Тоҷикистон имрўз ҳам бо шеваҳои замони шўравӣ кор мекунанд. Онҳо, агарчӣ аз демокрасию иқтисоди бозор ҳарф мезананд, вале дар асл мекўшанд, ки дар кишвар ҳамагон тобеъю вобаста ва зери фармони онҳо бошанд, ҳатто корхонаҳои бахши хусусӣ.
Сабаби муҳими дигар - фақр аст. Дар кишвар музди кор, аз ҷумла музди кормандони давлат хеле ночиз аст. Дар ҳоле ки музди миёнаи кор барои зиндагии фақирона як нафар дар як ҳафта намерасад, бисёриҳо мекўшанд, ки мувофиқи меъёрҳои кишварҳои пешрафта зиндагӣ кунанд, хонаҳои бошукўҳу муҷаҳҳаз бо тамоми ашёю абзори рўзгор, телевизору видио, компютару телефонҳои сайёр, мошинҳои гаронқимат ва дигар васоили майишатро дошта бошанд. Бинобар ин, онҳо даст ба аъмоли ғайриқонунӣ мезананд. Илова бар ин, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии бисёриҳо, ба вижа кормандони идороти давлатӣ хеле пойин аст. Аз ин рў, онҳо наметавонанд нафси худро маҳор кунанд ва ба нони ҳалол қаноат кунанд.
Як сабаби дигари густариши фасод ин аст, ки адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа таъмин нест. Дар ҷое ки камтар аз 10% аҳолӣ ҳиссаи бузурги даромаду сарвати кишварро соҳиб мешавад ва ҳукуматдорон шадидан олудаи фасод мебошанд, қонун ва ҳукумат эътибори худро аз даст медиҳанд. Ҳолати равонӣ ва рафтори мардум низ дигаргун мешавад ва барояшон худдорӣ кардан аз аъмоли ношоиста мушкил мегардад.
Заъфу норасоиҳои қавонини мавҷуда, набудани шаффофият дар фаъолияти ҳукуматдорон, сустию вобастигии маҳкамаҳо ва нотавонии ҷомеа дар ҷиҳати назорат аз болои фаъолияти ҳукумат заминаро барои густариши фасод мусоид сохтааст.