Гурези Назирмад, ки 77 сол дорад, бо иллати набуди ҳунарманди ҷавон ҳанӯз ҳам дар саҳнаи театри мазҳакаи мусиқаи ба номи Сайидалӣ Вализодаи Кӯлоб нақш меофарад...
Исо Абдуррашидов - раиси театри маъруфи ба номи Лоҳутӣ мегӯяд, набуди ҷавонон дар театр мушкили рақами як аст!
Ҷавонон то 50 сомонӣ маош мегиранд ва ба кори театр намеоянд. Пас аз 2-3 моҳи кор ҳамаи онҳо ба Русия мераванд. Ба муздурӣ.
Гурези Назирмад, актёри 77 сола мегӯяд, аз театр рафтани ҷавонон фоли нек нест, аммо бо ин маош кор кардани онҳо имкон надорад, зеро онҳо соҳиби оила ва чанд фарзанди ноболиғанд.
Исо Абдуррашидов меафзояд, дар ин зимн аксари саҳнаҳои маъруф дар қабл дигар ба намоиш гузошта намешаванд. Зеро ҳунармандон пир шудаанд ва дигар нақши ҷавононро бозида наметавонанд.
Воқеан ҳам тассаввур кардани Фотима Ғуломова ва Хайрӣ Назарова-ҳунармандони саршинос, ки синни мубораки 70 - ро убур мекунанд, дар нақшҳои духтари 14 ва 17 сола дар намоишномаҳои «Имтиҳон» ва «Бой ва хизматгор» - малеҳтар бигӯем, табассумбарангез аст. Ва ин асарҳо ба таҷдиди назар ниёз доранд.
Вале Нуруллоҳи Абдуллоҳ, муовини раиси Иттиҳоди арбобони театрӣ мегӯяд, вазъ дар театрҳои музофотӣ боз ҳам бадтар аст. Зеро агар театрҳои пойтахт аз дигар театрҳо ҳунармандони ҷавонро барои нақшофариниш «иҷора» гиранд, пас дар музофотҳо ин имконият нест.
Биноан, оқои Назирмад, ки ба марраи 80 наздик мешавад, то ҳанӯз ҳам нақши ҷавонҳоро мебозад- нақшҳоеро, ки ӯ 55 сол муқаддам меофарид.
Вале мушкили аслии театри тоҷик набуди духтарон ва занҳои ҷавон аст. Исо Абдуррашидов мегӯяд, агар дар театрҳои кишвар як ё ду нафар ҳунарманди ҷавон бошанд, пас духтарон аслан нестанд!
Одина Раҳмон, коргардони театри ба номи Сайидалӣ Вализода мегӯяд, «ҳудуди 30 сол аст, ки нафаре аз ҷавонон ба ин театр ба кор наомадааст!»
Ва аммо Мунаввара Аминова, ҳунарманди театри ба номи Сайидалӣ Вализода мегӯяд, ҳунармандони солхӯрда ба вежа занҳо ба кӯчактарин маблағ ва қалилтарин шароит ниёз доранд.
Нуруллоҳи Абдуллоҳ меафзояд, ки на танҳо маоши кӯчак, балки ҳамин бечорагиву дармондагии ҳунармандони солхӯрда ҷавонҳоро аз ҳунар дилсард мекунад ва онҳо ба саҳна намеоянд ва театри тоҷик пир мешавад. Оқои Абдуллоҳ мегӯяд, агар вазъ оҷилан тағйир наёбад, 15 сол ба баъд театрҳо бе ҳунарманд мемонанд!
Пас роҳи раҳоӣ куҷост?
Кӣ театрро ҷавон мекунад? Кай ба шарёни труппаи солхӯрдаи ҳунарӣ хуни ҷавонӣ мерезанд?
Исо Абдуррашидов бар ин назар аст, ки бояд студияҳо дар назди театр рӯи кор оянд, то ҷавонон ба театр бозгарданд
Аммо Нуруллоҳи Абдуллоҳ мегӯяд, театр бояд барои ҳунарманд шароит фароҳам оварад, ки пул кор кунад!
«Қонун дар бораи театр бояд қабул шавад ва ба ҳунарманд иҷозат диҳанд, ки намоишномаҳои худро ба саҳна гузорад, сарпараст, ҳомии молӣ ёбад, бинандаро ҷустуҷӯ кунад. Ҳунарманд кай ин корро мекунад? Ҳамон вақте ки медонад, аз ин намоишнома даромад меситонад. Бояд корро тарзе роҳандозӣ кард, ки ҳунарро бизнес кунем - ними даромад аз намоишнома ба кассаи театр ва нимаи дигар ба кисаи ҳунарманд резад. Танҳо дар ин сурат мо аз бӯҳрони театрӣ вомераҳем!»
Дар мавриде ки ҳунармандон дар пойтахт ва мантақаи ҷануб маблағ меҷӯянд, дар Суғд ин мушкилро тақрибан рафъ кардаанд. Нуруллоҳи Абдуллоҳ мегӯяд, театрҳо дар Хуҷанд ба тӯйу сури мардум мераванд ва бар тибқи қарордод саҳнаҳо мебозанд. Маблағро миёни маъмурияти театр ва ҳунармандон 50 ба 50 қисмат мебурранд ва бо ҳамин мушкили набуди ҳунарманди ҷавон ҳам рафъ шудааст.
Вале дар театрҳои ҷануби кишвар вазъ ҳамоно бӯҳронист. Бобои Назирмад то ҳанӯз нақши лашкарӣ, ҷавони майзада ва ҳатто Фигароро мебозад.
Бори ахир ӯ дар саҳнаи таҷлил аз 2.700 солагии Кӯлоб дар таърихи 10 сентябри соли ҷорӣ дар рӯ ба рӯи президенти кишвар дар нақши Паҳлавон ҳозир шуд. Ва танҳо гримм ё ранги сунъӣ азоби алими гурзбардорӣ ва чеҳраи рангзудои ин пирро рӯпӯш мекард.