Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти варзишгарони маълули тоҷик аз Рим бо 4 медол


Варзишгарони маълули тоҷик дар Бозиҳои махсуси урупоии олимпии ҷавонон дар пойтахти Итолиё - шаҳри Рим чаҳор медол - се тилло ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Дилбар Шарифова, раҳбари барномаи Special Olimpics ё Олимпиадаи махсус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт: «Дар ин бозиҳо, ки аз соли 2000-ум миёни варзишгарони маълули аз 14 то 21-сола баргузор мешаванд, намояндагони Тоҷикистон аввалин бор ширкат варзиданд. Дар чаҳорумин давраи ин бозиҳо наздики 1700 варзишгари маълул аз 55 кишвари Авруосиё дар 14 риштаи варзиш, минҷумла баскетболу волейбол, футбол, варзиши сабук ва ғайра рақобат карданд.»

Хонум Шарифова афзуд, чаҳор варзишгари маълули тоҷик дар се навъи рақобатҳо дар риштаи варзиши сабук ҳунарнамоӣ карданд. Умед Назарови бистсола дар партови вазнӣ ё гулӯлапартоӣ байни ҷавонмардон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Санавбар Халиловаи ҳаждаҳсола дар ин навъи рақобатҳо миёни духтарон пирӯз шуд. Намояндагони Тоҷикистон - Нилуфар Додобоева, Санавбар Халилова, Ҷунайдуллоҳ Алиев ва Умед Назаров дар эстафетаи 4 бар 100 метр мақоми аввалро касб карданд. Нилуфар Додобоеваи чаҳордаҳсола дар давидан ба масофаи 100 метр байни духтарон дар ҷойгоҳи севвум қарор гирифт.

Ба гуфтаи хонум Шарифова ҳоло дар Тоҷикистон наздики чаҳор ҳазору ҳаштсад нафар кӯдакону навҷавонон аз рӯи барномаи Special Olimpics ба варзиш шуғл меварзанд.
XS
SM
MD
LG