Фирӯза Алифова, сарояндаи маъруфи тоҷик барои услуби вижаи овозхониаш барандаи ҷоизаи Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон шуд. Аз миёни шашсад ширкатдори озмуни байналмилалии мусиқии "Остона 2006" ӯ дар давраи ниҳоии озмун дар қатори 14 сароянда ба бурдани чунин ҷоиза мушарраф шуд.
Фирӯза 25 сол дорад ва 15 сол боз дар саҳна аст. Фирӯза дар гуфтугӯе бо Радиои Озодӣ гуфт, агар аз мизбон, аз Қазоқистон сарфи назар кунем, Тоҷикистон танҳо кишвари Осиёи Марказӣ буд, ки дар ин фестивал намоянда дошт. Фирӯза Алифова аз ин озмун ба унвони як мактаби хуби ҳунарӣ ёд кард ва афзуд, ки аз имконияти тамрину сабти таронаҳояш дар озмун истифода карда, сурудҳои албоми навашро дар Остона танзим ва сабт намуд. Ӯ гуфт, ки нашри ин албом моҳи оянда дар назар гирифта шудааст.
Фирӯза ҳамчунин гуфт, ӯ хушбахт аст, ки бо либоси миллӣ, бо атласи тоҷикӣ рӯи саҳна омада ва ватани худро муаррифӣ кард.