Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъуд Собиров: "Номзади мо пирӯз хоҳад шуд!"


МС: Ман ҳамин ҳоло номаи вазорати адлияи Тоҷикистонро дар даст дорам. Ин номаро ба Кумисиюни Марказии Интихоботи фиристодаанд. Як нусхаашро ба дафтари шумо овардаам. Дар охираш мехонем: "Бино бар асосҳои овардашуда, вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки дар банди чаҳоруми рӯйхатти ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шашуми сентябри соли ҷорӣ пешниҳод намуда буд, ба ҳайси раҳбари Ҳизби Демократи Тоҷикистон Масъуд Собиров эътироф карда шуд ва санадҳои Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби Демократи Тоҷикистон аз 27 август ва 17 сентябри соли ҷорӣ ба инобат гирифта шавад. Вазир Халифабобо Ҳомидов."

РО: Дар ин сурат, таклифи Ҳизби Демократи Маҳмадрӯзӣ ИСкандаров чӣ мешавад? Онҳо ба куҷо мераванд ва мақоми ҳуқуқии онҳо чӣ ҳаст, аслан?

МС: Аслан, дар мавриди гурӯҳи ҳизбиёне, ки аз Маҳмадрӯзӣ Искандаров пуштибонӣ мекарданд, мо муроҷеъатномае ба онҳо пешниҳод намуда будем. Биёянд ва бо мо ҳамроҳ шаванд. Ҷое нараванд. Куҷо мераванд? Онҳо ҳам шомили ҳамин ҳизб ҳастанд, аъзои ҳамин ҳизб ҳастанд, демократ ҳастанд. Боз куҷо мераванд? Ба Халқӣ-Демократ мераванд ё Сотсиалист?

РО: Яъне фақат барои гирифтани мақоми раҳбарии Ҳизби Демократ буд, ки шумо ин корро кардед?

МС: Воқеъан, ҳамин тур ҳам буд. Вақте ки бори аввал мо изҳорот пахш кардем, оид ба таъсиси ҷиноҳи "Ватан", мо гуфта будем, ки Ҳизби Демократи Тоҷикистон фаъъолияташро дар ҷомеъаи кунунӣ заъиф карда ва раҳбарони ҳизб аслан кореро анҷом намедиҳанд. Ва мақсади мо эҳё намудани ҳизб ва ба даст овардани идораи Ҳизби Демократи Тоҷикистон буд.

РО: Шумо мегӯед, ки онҳо ҳич кореро анҷом намедиҳанд. Вале иддае дигар аз байни ҳамонҳо мегӯянд, ки шумо хеле наздиктар ба давлат ҳастед ва рӯҳияи мухолифатро дар ҳизб аз байн мебаред. Яъне ҳангоме ки шумо бо давлат ҳамкорӣ мекунед ё ба он ҳусни таваҷҷуҳ доред, чӣ гуна метавонед як ҳизби мухолиф бошед?

МС: Мухолифат сангпартоӣ намешавад. Мо воқеъан бо ҳамаи созмонҳо ва ҳатто ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамкорӣ мекунем. Вале метавонем, ки қарорҳои нодуруст ё сиёсати нодурусташро маҳкум кунем. Масалан, имрӯз коррупсия (фасод). Мо онро имрӯз маҳкум мекунем ва ин барои мо тамоман як чизи дигар аст. Ё ки ҷобаҷоии кадрҳо дар сохтор (ниҳод)-ҳои давлатӣ. Мо инро маҳкум мекунем. Ва касе агар бигӯяд, ки мо ҳукуматӣ ҳастем ва ё моро ҳукумат идора мекунад, исбот бикунад. Мо дар анҷуманамон воқеъан исбот кардем, ки ҳукуматӣ нестем. Масалан, дар баробари номзаде аз Ҳизби Демократ номзадии Эмомалӣ Раҳмонов, президенти кунунии Тоҷикистон низ пешниҳод шуда буд.

РО: Яъне дар анҷумани шумо номзадии Эмомалӣ Раҳмонов ҳам пешбарӣ шуда буд?

МС: Бале, пешбарӣ шуда буд ва дар ҳамон ҷо номзадии Раҳмонов дастгирӣ наёфт ба ҳайси президент дар оянда.

РО: Вале ҳамине, ки дар анҷумани як ҳизби мухолифи давлати Тоҷикистон номзадии раисиҷумҳурии феълӣ пешбарӣ мешавад, оё ба он маънӣ нест, ки дар суфуфи шумо афроде ҳастанд, ки ба давлат ҳусни таваҷҷуҳи хеле зиёд доранд? Ва оё ин мавҷудияти як ҳизби мухолифро зери суол намебарад?

МС: Ин факт ифодакунандаи ин суханони шумо нест. Барои он ки ҳизбе, ки натавонист як лидер тарбият ва тавлид кунад, ҳизбе, ки лидер сохта натавонист... Аз тарафи дигар, Раҳмонов ҳам лидер аст! Ҷомеъа тавонист ӯро лидер кунад. Аслан дар куҷо дидем, ки ба муқобили Раҳмонов гурӯҳе аз одамон ё шаҳрвандон хестанду митинг (тазоҳурот) карданд ё ҷамъомад карданд? Мо ин чизро надидем.

РО: Вале чизе, ки баъзеҳо мегӯянд аз давлати Тоҷикистон дидаанд, ин аст, ки онҳое, ки тавонистанд сар баланд кунанд... масалан, яке аз онҳо, раҳбари ҳизби шумо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мехост, ки дар интихобот ширкат кунад, вале ӯро зиндонӣ карданд. Яъне онҳое, ки дар Тоҷикистон матраҳ мешаванд, ба назари шумо саркӯб намешаванд?

МС: Гӯш кунед, шумо мусоҳибаро аз назари хусусии хеш набаред, як шумо чунин мегӯед...

РО: Ин назари шахсии ман нест оқои Собиров чаро ки мо назари шахсӣ баён намекунем, ин чизҳое ҳаст, ки мухолифони шумо мегӯянд ва ман онро дар миён мегузорам, то ҷавоби шуморо ба онҳо бирасонам.

МС: Ҷавоби дақиқ ин аст, ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар баробари идораи ҳизби сиёсӣ роҳбари корхонаи воҳиди давлатӣ буд, яъне ӯ мӯҳр дошт, ҳисоби бонкӣ дошт, ба истеҳсолот сару кор дошт. Ман намедонам, ки ҳалномаи додгоҳ чӣ гуна поён ёфт, вале ҳаминро медонам, ки маҳкум кардани Искандаров танҳо назари сиёсӣ нест, тарафҳои сиёсӣ ҳам дорад.

РО: Вале агар ба он номзаде, ки шумо пешниҳод кардед, бипардозем, яъне Табаралӣ Зиёев. Ба назари шумо вай муввафақ хоҳад шуд, масалан, яке аз тақозоҳои Кумисиюни Марказии Интихоботро иҷро кунад ва 160 ҳазор имзо ҷамъ оварад?

МС: Мо аз дирӯз, баъди он ки вазорати адлия хулосаи худро баровард, машғули имзоҷамъкунӣ ҳастем ва боварӣ дорем, ки 160 ҳазор имзо ҷамъ мекунем ва номзади мо пирӯз мешавад, чун беҳтарин номзад аст, номзади илми педагогӣ аст ва илова бар ин муаллифи китобҳои дарсии бачаҳои мо аст, китобҳои таърих аз синфи 7 то 10. Чаро ки арзанда набошад!

РО: Иттифоқан, то андозае шахси саршинос ҳастанд ва Табаралӣ Зиёевро бархе мешиносанд, ки устоди донишгоҳ ҳаст, вале шумо ӯро дар баробари касе қарор додаед, ки худатон "лидер" меномид, дар баробари Эмомалӣ Раҳмонов. Оё ӯ метавонад Эмомалӣ Раҳмоновро шикаст диҳад?

МС: Ман воқеан Эмомалӣ Раҳмоновро лидер мегуям. Аввалаш ин ки Ҳизби Халқии Демократӣ тавонист, Эмомалӣ Раҳмоновро лидер бикунад ва ғайр аз ин Эмомалӣ Раҳмонов худаш ҳам кӯшиш кард, ки лидер бишавад. Кӯшишҳояш зиёд аст. Дар баробари ин Табаралӣ Зиёев яке аз раҳбарони собиқадори ҳизби мо аст, таъсисдиҳандаи ҳизб аст, аз соли 1990 узви ҳамин ҳизб аст. Шахсан ман шоҳиди зинда ҳастам, ки Табаралӣ Зиёев меомад ва мо шабҳо дар деҳаҳо рафта ҳастаҳои ҳизби таъсис медодем.

РО: Вале суоле ман кардам, ин буд, ки оё воқеъан Табаралӣ Зиёев Эмомалӣ Раҳмоновро шикаст хоҳад дод? Чун шумо гуфтед, ки ӯ пирӯз хоҳад шуд

МС: Аслан боварӣ ки намедоштем... Инсон як корро барои он мекунад, ки натиҷа бидиҳад. Мо бо умеде мекунем, ки натиҷа бидиҳад.

РО: Яъне умедвор ҳастед, вале бовар надоред?

МС: Кӯшиш мекунем, чун мо қувваи нав ҷамъ кардем, собиқадорони ҳизбро ҷамъ кардем, тамоми шароитро агар надошта бошем ҳам, аммо кӯшиш мекунем, ки номзади мо дар баробари Раҳмонов дар як сатҳи муъайян қарор бигирад ва аслан, ки ғалаба бикунад.
XS
SM
MD
LG