Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои мардикорӣ - ба Тоҷикистон


Ҷои ҷамъомади мардикорони узбакистонӣ дар Конибодом, дар назди гузаргоҳи марзии Патар аст. Ҳамарӯза дар он ҷо даҳҳо ҷавону миёнсол дар интизори корфармоён гирд меоянд. Сокинони маҳаллӣ он ҷоро «бозори мардикорони узбакистонӣ» меноманд. Дар манзилҳои хусусии сокинони Конибодом ҳам мардикорони узбакистонӣ ба чашм мерасанд, ки машғули кори сохтмонанд. Онҳо мегӯянд, ин ҷо мардикорон¸ ҳарчанд ба душворӣ, метавонанд барои худ кор пайдо кунанд:

"Ҳар кас ки усто бошад ва ҳунар дошта бошад, кор меёбад. Масалан, хона месозад, хишт мерезад..."

Як мардикори ҷавони узбак, ки худро Шерқузӣ муъаррифӣ кард, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ӯ сокини ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Узбакистон, ҳаммарз бо ноҳияи Конибодом аст. Се фарзанд дорад ва дар зодгоҳаш ба кишоварзӣ машғул аст. Ӯ мегӯяд, дастмузди ночиз дорад, ки барои таъмини аҳли хонаводааш кофӣ нест:

"Дар маҳалли зисти мо ҷои кор ва моҳонаи кофӣ нест. Пас, дар чунин шароит ман кӯдакони худро чи тавр нигоҳубин кунам?"

Аммо бархе аз мардикорон, ба гуфтаи худашон, таҳсилоти олии фаннӣ ва омузгорӣ доранд, аммо дастмузди моҳонаи онҳо муъодили ҳудуди 30 доллар будааст, аз ин рӯ мардикорӣ барои онҳо як роҳи таъмини будҷаи хонаводаҳояшон маҳсуб мешавад:

"Ин ҷо наздик ва равуо осон аст. Мо барои рафтан ба Русия маблағ надорем. Барои ҳамин мо барои мардикорӣ ин ҷоро интихоб кардем."

Аммо ба гуфтаи мардикорони узбакистоние, ки дар гузаргоҳи Патари Конибодом дидам, қисмати умдаи мардони қобили кор аз вилояти Фарғонаи Узбакистон барои мардикорӣ ба Русияву Қазоқистон сафар мекунанд.

Мардикорони узбакистонӣ мегӯянд, дар Конибодому Исфара рӯзе 5 то 10 сомонӣ ва бештар музд ба даст меоранд:

"Дар як рӯз маъмулан 5 сомонӣ кор мекунем. Мешавад, ки дар як рӯз 10 сомонӣ ба даст орем. Аммо музд вобаста ба кор аст."

Тавофуқномаи миёни Тоҷикистону Узбакистон ба сокинони манотиқи марзӣ иҷоза медиҳад бидуни раводид (визо) дар тӯли панҷ шабонарӯз дар қаламрави ҳамдигар ба сар баранд. Аммо Зайниддин Орифӣ, як коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, мардикорони узбакистониро дар Конибодом мушкилоти зиёде домангир аст:

"Ҳоло мардикорони узбакистонӣ талош мекунанд баъд аз поён ёфтани муҳлати панҷрӯза як бор ба ватанашон рафта, субҳи дигар боз барои панҷ рӯзи дигар ба Тоҷикистон баргарданд. Аммо моро гоҳо пулиси тоҷик барои мардикории ғайриқонунӣ ва насупурани андоз низ аз қаламрави Тоҷикистон берун мекунад. Зеро мардикорони узбак бидуни қарордоди расмӣ дар манзилҳои хусусӣ кор мекунанд."

Аммо ба гуфтаи Зайниддин Орифӣ, мавориди зиёди ихроҷ дар тайи ду соли ахир теъдоди мардикорони узбакистониро дар Конибодом ва Исфара коҳиш надодааст. Зеро ин минтақа ҳамчунон барои онҳо як ҷои аслии дарёфти рӯзӣ боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG