Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҳрони ҳуввияти забонӣ?


Баҳси форсӣ хондани забоне, ки дар замони Шӯравӣ номи он тоҷикӣ буд ва пеш аз он форсӣ ё форсии дарӣ, борҳо дар маҳофили мухталиф, ба вижа дар Тоҷикистон матраҳ шудааст. Оё воқеъан, форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ се гӯиши як забон аст ё се забони мустақил? Ҳич донишномае миёни забон ва лаҳҷа ё гӯиш хатти мушаххасе накашидааст. Аммо он чи беш аз ҳама дар таърифи тафовути миёни забон ва лаҳҷа омадааст, чунин аст:

"Агар ду фард ба ҳангоми гуфтугӯ якдигарро дар кул бидуни кумаки мутарҷим мефаҳманд, пас он ду ба як забони воҳид суҳбат мекунанд. Агар дар ҷараёни суҳбат бархе аз таъбирҳо ва вожаҳои мавриди корбурди як гӯянда барои гӯяндаи дигар қобили дарк нест, пас он ду ба ду лаҳҷаи як забони воҳид такаллум мекунанд. Ва агар ин ду тан мутаваҷҷеҳ шуданд, ки аслан якдигарро намефаҳманд, пас онҳо ба ду забони мухталиф суҳбат мекунанд."

Ҳоло барои ин ки ин таъриф аз печидагӣ дар биёяд як намунае меорем.

Дар Ҷумҳурии Чек, ки садои моро аз он ҷо мешунавед (ва ин ҳарфҳо ҳам ҳамон ҷо чида мешавад), мардум умдатан ба забони чекӣ суҳбат мекунанд, ки бо русӣ ҳамреша аст. Як донандаи русӣ шуморе аз калимоти чекиро, ки тавре дигар талаффуз мешавад, шояд бифаҳмад. Ба монанди zena, muz, pozor, richly ва ғайра. Ғофил аз он ки ҳич як аз ин вожаҳо дорои маънии русии он нест.

"Жена" дар забони чекӣ ба маънии завҷа ё ҳамсар нест, балки ба маънии зан аст. "Муж" ҳам шавҳар нест, балки мард аст. "Позор" ҳам барои як фарди чек тавҳиномез ё хиҷолатангез нест, балки билофосила ӯро мутаваҷҷеҳи як хатари эҳтимолӣ мекунад. Зеро "позор" дар забони чекӣ маънии "эҳтиёт" ва "таваҷҷуҳ"-ро дорад. Ва "рихли", дуруст баръакси маънии русии он, ки сусту заъифу тӯхолист, дар забони чекӣ маънии тунду сареъу чобукро медиҳад.

Бад-ин гуна дар мавриди забонҳои чекӣ ва русӣ бепарво метавон гуфт, ки мо бо ду забони мухталифе сарукор дорем, ки решаҳои воҳиди словӣ дорад, на ду гӯиши як забон.

Аммо оё метавон ҳамин иддаъоро дар мавриди форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ кард? Оё, масалан, вожаи "шармандагӣ", ки дар Тоҷикистон ба кор меравад, дар Ирон ё Афғонистон маънии, масалан, "таваҷҷуҳ" ё "эҳтиёт"-ро медиҳад? Фикр намекунам.

Бад-ин гуна ду гӯиши як забони воҳид метавонад тафовутҳое дошта бошад, ба монанди тафовутҳои вожагонӣ ё ҳатто громерӣ ё сарфию наҳвӣ. Аммо дар айни ҳол боз ҳам мутаъаллиқ ба як забони воҳид бимонад.

Дар барномаи Фарҳангу Андеша назароти мухталифе дар ин бора омадааст. Майдони Баҳси сомонаамон ҳам ба ҳамин пурсиш ихтисос дорад: Забони мо чист? Лутфан беибо назаратонро дар ин бора ба нишонии tajik@rferl.org бифиристед, то боз ҳам битавонем ин мавзӯъро бишикофем. Бошад, ки рӯзе-рӯзгоре бо ҳуввияти забонии мушаххасу қотеъ аз ин сардаргумиҳо фориғ шавем.

То он ҳангом мувозиби худатон бошед ва падруд.

Баҳси мову шумо:

Салом, Дориюш. Забони тоҷикӣ забони форсӣ аст ва ҳам дарӣ дарии тоҷикӣ асту форсӣ форсии тоҷикӣ асту дарӣ. Ин ҳар се забон забоне якест ва набояд инро он гуфту онро ин. Вагарна агар ину он гӯем, забон боз ҳам парокандатар мешавад ва хатари дур шудани тоҷикиву форсиву дарӣ зиёдтар мешавад. Тоҷикони Тоҷикистон ва Узбакистон ба тоҷикӣ, эрониён ба форсии эронӣ, афғонҳо ба дарӣ, бадахшониҳо ба забонҳои худ, кӯҳистониҳо ба забонҳои худ, курдҳо ба забонҳои худ ва ғайра... Ин ҳама як қавманд ва танҳо ба эҳтиром, муттаҳидӣ, дӯстӣ ва бародарӣ муваффақ мешаванд, ки аз як гиребон сар бароранд ва бигӯянд, ки мо яке мебошем. Номгузорӣ кардани ин забон мушкил аст ва имконнопазир. Чун агар бо Америка ва Австралия ва Нйу Зиланд ва Англистон муқоиса кунем ва забони онҳо ҳама англисӣ ном дорам, намешавад. Таърихи ин давлатҳо нав аст ва ҳамааш пайваста ба зарба ва ҳамлаи англисҳо аз Англистон оғоз шуд ва Америка ва Австралия ва Нйу Зиланд ба забони англисӣ барпо шудаанд ва танҳо чанд садсола гузаштааст. Таърихи чандинҳазорсолаи худро тоҷикон ба тоҷикӣ мешиносанд ва бадахшониҳо ба бадахшӣ ва суғдҳо ба суғдӣ ва курдҳо ба курдӣ ва афғонҳо ба дарӣ ва дигар чандин қавмҳо, ки ҳама ба забони фаҳмои эронӣ сухан мегӯянд. Ин ҳама қавмҳои қадимӣ наметавонанд ва намепазиранд, ки забонашон форсӣ гуфта шавад. Чун онҳо ҳама пушти нажодашонро ба қавми худ мешиносанд. Хеле осон мешуд агар ин ҳама муттаҳидан забонро порсӣ мегуфтанд, ки дар ҷаҳон ба форсӣ маъруф аст. Аммо чунон ки дар боло гуфтам, худи ин қавмҳо инро наметавонанд пазируфтан ва сабабашро ҳам гуфта гузаштам. Хеле зиёд метавонистам навиштан, аммо сухан дароз мешавад ва сухандарозӣ хуб нест. Вале чун сухан сар дорад ва дум, ин сухан нотамом мемонад.
Эҳтиромона
Сиёвуш


Аз Дориюш: Сиёвуши гаронмоя, дуруд, ки бо чӣ суръати сутуданӣ ба навиштаи банда посух гуфтӣ. Кош ин расми ёрони Фарҳангу Андеша шавад. Ва аз номаи андешабарангезат сипосгузорам. Ба вижа аз руҷӯъат ба торих ва ба пешинаи забонҳои чандмиллиятие ба монанди инглисӣ. Ин нуктае, ки мегӯӣ, шояд битавонад калиде бошад барои гушудани дастикам як дар аз дарҳои бешумори ин баҳс: "Таърихи чандинҳазорсолаи худро тоҷикон ба тоҷикӣ мешиносанд." Ба ростӣ, аз ин торихи чандинҳазорсола чанд солашро тоҷикон ба ҳисоби забони тоҷикӣ мегузоранд ва чанд солашро ба ҳисоби форсӣ? Инро вомегузорам барои азизоне мисли худат, ки боз ҳам дидгоҳҳои ҷолиби худро бо Фарҳангу Андеша дар миён бигзоранд.

Ва оё касе аз миёни азизон забони дигареро мешиносад, ки бо вуҷуди ягонагии вожагонӣ ва сарфию наҳвӣ бо як забони дигар бо номи дигаре ёд шавад? Воқеъан, чаро ба инглисӣ ё арабӣ дар қораҳои мухталифи ҷаҳон "инглисӣ" ва "арабӣ" мегӯянд, аммо форсӣ (ё ҳар чи мегӯӣ, бигӯй) дар як минтақаи воҳид се ном дорад? Пурсишҳое дархури посух аз сӯи шумо, азизон.

Зимнан, ҳамин ҳоло, пас аз шабкории малоловар, ки нигоҳе ба донишномаи интернетии Wikipedia андохтам, таърифи ҷолиберо аз забони форсӣ пайдо кардам:

"Форсӣ як забони ҳиндуурупоист, ки дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Баҳрайн, Ироқ, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, ҷануби Русия, кишварҳои ҳамсояи он ва дуртар аз он роиҷ аст. Номи маҳаллии забони форсӣ дар Осиёи Миёна "тоҷикӣ" аст. "Дарӣ" номест, ки ба назми порсии клоссик нисбат медиҳанд, ба маънии забони дарборӣ ва ҳамчунин ба гӯишҳои форсии роиҷ дар Тоҷикистон ва Афғонистон."

Ва дар ин таъриф ишорае ҳам ҳаст, ки форсӣ танҳо як забон аз даҳҳо забони эронист ва воқеъан ба ҳич рӯй наметавон интизор дошт, ки курдҳо ба забони курдӣ ҳам форсӣ бигӯянд ва паштунҳо ба забони пашту. Бо ин ки ҳар ду ҷузъи забонҳои эронианд, аммо ба ҳич ваҷҳ форсӣ нестанд. Аз лиҳози қавмӣ ҳам онҳо ғолибан аз ҳуввиятҳои қавмии мустақилле бархурдоранд. Аммо инак суҳбати мо дар бораи форсию тоҷикию дарист. Се забон ё се гӯиши як забон?

Боз ҳам биандешеду бинависед, ки баҳсамон гармтару гармтар бишавад, то бошад, ки партави дурахшонтаре рӯи ин мақула биуфтаду мавзӯъро равшантар кунад.
---------------------------------------------------

Салом, Дориюши азиз, Фаровон дидаам, ки тоҷику эрониву афғонӣ аз сатҳи буланди давлатӣ то афроди оддӣ бо такаллуфи андак ва бе тарҷумон тафоҳум кардаанд. Ин шояд бузургтарин далели он бошад, ки тоҷикиву дариву форсӣ се номи як забонанд. Дуруст аст, ки забонҳое мисли арабиву савоҳилӣ ва инглисӣ дар манотиқи мухталифе такномиро ҳифз кардаанд, аммо ба ақидаи ман такмонӣ муҳимтар аст аз такномӣ. Форсӣ аз такмонӣ баҳрае фаровон дорад, ки то бод, чунин бодо... Дигар, дуруст аст, ки тақсимоти номгузориҳои мухталифи форсӣ бо ғаразҳои ҷудо кардану бегона сохтан анҷом шудааст, аммо боз ҳам муҳим ин аст, ки ба қавли Гулрухсор: Зинда бод ин пайкари обод дар вайронагӣ... Форсӣ зинда монд. Пас ин ҷудосозҳо, ки ранҷи беҳуда кашиданд, ба форсӣ хидмат карданд. Яъне ин забони воҳидро се ном карданд. Тавассути ин сомонаи Озодӣ мехоҳам ба ҳамаи ононе, ки дарди забонро дар сина доранд, муроҷеъа карда бигӯям, ки ёрон баҳси якнома кардани як забони сеномаро бигзоред. Ба ҷои он биандешед, ки ин забони зебои шево, ки дар воқеъ, арӯси забонҳои ҷаҳон аст, чи гуна ба сатҳи байнулмилалӣ будан роҳ ёбад? Чи гуна дар ҷараёни Globalization (ҷаҳонӣ шудан), ки қотили бераҳми забонҳои бепуштибон аст, зиндаву ҷовид монад? Ё Ҳу...
Ҳидоят

Аз Дориюш: Ҳидояти фарзона, дуруд. Чи ҳидояти хирадмандонае кардӣ моро! Ҳар чи фармудӣ, бархурдор аз неъмати мантиқ аст. Аммо пурсишҳое, ки акнун дар зеҳни ман пайдо шуд, ин аст, ки оё мазийяти сенома мондани забони мо чист? Чӣ суде аз ин таъаддуди ҳуввият ба забони мо расида? Ва ин ки мегӯӣ "ҷудосозҳо, ки ранҷи беҳуда кашиданд, ба форсӣ хидмат карданд", ба чӣ маънист? Ҳаққо, ки форсӣ зинда монд ва ҳамин забон аст, ки ҳамакнун василаи гуфтугӯи мову шумост. Аммо оё воқеъан "дар ин вайронагӣ пайкари обод"-ро мебинӣ? Ва саранҷом, пурсише, ки дар поёни нома овардӣ, бисёр баҷост ва боз ҳам агар роғибӣ, лутфан нахуст худат бифармо, ки аз чӣ роҳе метавон забонамонро ба сатҳи байнулмилалӣ иртиқо дод ва бо чӣ ному бо чӣ хатте? Чашмбароҳи дурри каломат.
XS
SM
MD
LG