Шоми якшанбе, даҳуми сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе аз 25-30 ҳазор нафар танҳо садои "Ооооораш" бурун меомад, ба нерӯе, ки гӯиё ҳамин ҳоло варзишгоҳро хоҳад тарконид.
Ин мардум ағлабан тинэйҷерон буданд, маҳз ба хотири сарояндаи маъруфи «Буру-буру» панҷ соат қабл аз шурӯъи консерт ба варзишгоҳи марказӣ омада буданд. Аммо соати шаши бегоҳ, ки қарор буд, консерт шурӯъ бишавад, Ораш рӯи саҳна наомад. То омадани Ораш сарояндаҳои маъруфи тоҷикро водор карданд, ки мухлисони башӯромадаро ором кунанд. Мардум, ки ором шудан намехост ва ба сӯи майдон сангу зарфҳои холии обнӯшӣ ба парвоз даромаданд.
Аммо баъд аз яку ним соати таъхир Ораш, «тикекунанда»-и дилҳои мухлисонаш рӯи саҳна омад, аммо танҳо барои чанд дақиқа.
Барандаи консерт:
«Бубинед, ки мардум каме нороҳат шуданд, чунки ин ҷо мунтазир буданд ва мехостанд, ҳарчи зудтар садои шуморо шунаванд ва ҳоло мебинем, ки мушкили техникӣ пеш омадааст, як пешниҳод дорам. Он суруде, ки маҳбуби Тоҷикистон ва ҷаҳон аст, як пора зинда месурудед.»
Ораш:
«Буру буру дилам туро, туро намеход,
Диге диге намихом бубинамет.
Буру буру дилам ҷои диге диге ҳаст,
Диге диге намихом бибинаме.
Фардо соати дувоздаҳ ҳамаро инҷо мебинам!!!!!!»
Баробари шунидани ин ҳарфҳо беш аз 30 ҳазор мухлисе, ки дар дохил ва берун аз варзишгоҳи марказӣ ба хотири дидан ва шунидани садои Ораш омада буданд, якбора ба шӯр омада даст ба бенизомиҳо заданд: як гурӯҳ ба шикастану задани мошинҳои сабукраву нақлиёти мусофирбар шурӯъ карда, дигарҳо ба ходимони милиса ҳамла мекарданд. Дар натиҷа, баъди чанд соати бетартибиҳо атрофи варзишгоҳ ва роҳҳои мошингарди минтақаи мазкур пур аз шишапораву пору буд.
«Сангшап кардем, бақлашкашап кардем, милисаҳо заданмон»
«Халқ ҳама кора партофта омаданд ин ҷа, ӯ фақат як мисра байт хонд, тамом.»
Замира ном мусоҳибам мегӯяд, ки муносибати бади пулис ва бо сагҳо ҳамла кардани онҳо ба издиҳоми мардум ба қавле болои сӯхта намакоб шуд.
«Беаҳамиятии бисёр аз тарафи милисаҳо шуд, вақти даромадан милисаҳо сагҳоро оварда ба сари одамо партофтанд, хуб нигоҳ накарданд.»
Тибқи шаҳодати бархе ҷавонон, аз ин вазъият ғоратгарону дуздон ҳам хуб истифода карданд: Дар натиҷа аксарият аз кисапулиҳову ҷавоҳироти худ маҳрум шуданд.
«Бетартибӣ, дуздӣ, ҳатто корд ёфтанд аз як ҷавон, таги по карданд духтарҳоро, занҷираҳошона канда гирифтанд, кошелекошона гирифтанд. Мо барои Ораш рафта будем, ин одамои худмона дида будем. Як ҳафта дар телевизион намоиш доданду омада халқа ин хел ахмақ карданд.»
Бо нигоҳе ба рӯйдодҳое, ки шабеҳи онро солҳо буд тоҷикистониҳо шоҳид нашуда буданд, бархе ҷавононро айбдор мекунанд. Мегӯянд, дар бенизомиҳо аксар наврасони зери 18 сола ширкат карданд:
«Ин халқа айби худшонай, тела мекунанд, милисаҳо ҳам маҷбур мешаванд, ки халқа тела кунанд. Агар онҳо рафтори хуб медоштанд, милисаҳо ҳам муносибати хуб мекарданд.»
Худи овозхон Ораш, ки ҳеҷ интизор надошт, шоҳиди чунин вокунише шавад, баъди бозгашт аз варзишгоҳ тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон иллати матаваққиф шудани консерташро ба мухлисон шарҳ дод ва бо маъзарат онҳоро дубора нисфирӯзи душанбе ба консерташ даъват кард.
«Гурӯҳи мусиқии ман дар ҳавопаймошон тавқиф карданд. Хеле мутаасифона нарасиданд биёнд. Ин барномае буд, ки ман чандин сол дӯст доштам ба кишвари Тоҷикистон биём, аммо аз ин иттифоқе, ки уфтод нороҳат шудам ва рафтам истодиум ба мардум гуфтам, ки барномаро андохтам барои пагоҳ, соати 12 »
Ва субҳи Душанбе, қабл аз консерти Ораш хиёбону кӯчаҳои пойтахт тозаву озода буд ҳама. Мухлисони норозӣ аз консерти якшанбе тавонистанд ниҳоят зери навою садои овозхони шинохта бирақсанду сару садо кунанд, ҳарчанд на ҳамаашон. Чандин нафари онҳо барои ташкили бенизомиҳои як рӯзи қабл боздошт шуда буданд.