Ораш: - Валлоҳ, ин як сафаре аст, ки хеле вақт мехостам анҷомаш бидиҳам. Яке аз орзуҳои аслиям буд, ки Тоҷикистон биравам ва дар канори ҳамзабонони ман, ҳамватанони ман як барнома иҷро бикунам ва кишвари Тоҷикистонро ҳам бибинам.
Р.О. - Роҷеъ ба барномаҳои худ чӣ иттилоъе дар даст доред?
Ораш: - Зиёд хабар надорам ва хеле дӯст дорам, алъон биравам Тоҷикистон, дар бораи Тоҷикистон бештар бифаҳмам, бо мардум ва бо фарҳанги Тоҷикистон ошно бишавам, чун Тоҷикистон хеле наздик ба кишвари ман аст ва барои ман ҳарду як кишваранд.
Р.О. - Аз рӯи барномарезиҳои қаблӣ, яъне оне, ки қаблан медонед, чанд рӯз дар Тоҷикистон хоҳед буд?
Ораш: - Ҳанӯз намедонам ва сахт аст бароям ки бигӯям. Агар фурсате барои барномаҳои бештар нашуд, қавл медиҳам, баргардам ба Тоҷикистон чун хеле дӯст дорам Тоҷикистонро бибинам.
Р.О. - Оё ин муҳаббат ба Тоҷикистон ягон сабаб дорад?
Ораш: - Модарам, падарам ҳамеша аз Тоҷикистон барои ман зиёд сӯҳбат кардаанд ва орзуи модари ман аст, ки Тоҷикистон биравад ва Тоҷикистонро бибинад. Ман дар кишварҳои зиёде барномаҳо иҷро кардам ва аз ин миён бештарин кишваре, ки ӯ дӯст медорад Тоҷикистон аст. Мутаассифона, ин дафъа натавонист, ки бо ман биравад. Як чизе, ки ҳамеша дар фикрам буд, ин ки дар Тоҷикистон барнома анҷом бидиҳам.
Р.О. - Феълан, роҷеъ ба Тоҷикистон чӣ иттилоъе доред, бар иловаи он ки ҳамзабонем, ҳамфарҳангем, таърихи муштарак дорем, боз чӣ?
Ораш: - Роҷеъ ба Тоҷикистон иттилоъоти зиёде надорам, Каме иттилоъоте дорам, аммо алъон чизе нест, ки ёдам биёд, алъон дар фурӯдгоҳам, савори ҳавопаймо мешавам, як зарра аҷала дорам, вале ин ки мехоҳам, ҳама ҷоро бибинам, бештар бидонам.
Р.О. - Ташаккур, Ораши азиз. Бар иловаи он таронаҳои маъруфе, ки ҳамаи мо медонем, боз чӣ таронаҳоеро барои мухлисони худ дар Тоҷикистон омода кардаед?
Ораш: - Барои тоҷикони азиз як шоуи хеле ҷолиб омода кардам, бо ҳамаи гурӯҳам меравам он ҷо, ва мехоҳам, як сюрпризи кӯчаке барои мардум бикунам, як шоуи хеле хуб мехоҳам дар канори мардум иҷро бикунам.
Р.О. - Рақсандаҳои зебоятонро ҳам мебаред ҳамроҳ?
Ораш: - Ин рақсандаҳо нестанд, дигар рақсандаҳо ҳастанд. Ва бештар саъй мекунем, ки шоуямонро зинда бигзаронем.
Р.О. - Чанд сол доред шумо, Ораш?
Ораш (механдад): -Ман пир шудаам дигар, ман 29 солам ҳаст.
Р.О. - Шумо оила доред, издивоҷ кардаед?
Ораш: - На, издивоҷ накардаам, аммо хеле дӯст дорам, ки издивоҷ бикунам рӯзе ва фарзанддор бишавам. Алъон, ки сафарҳои ман зиёд аст, вақте нест барои хонавода.
Р.О. - Умедворем, ки дар Тоҷикистон шонси издивоҷи Шумо бештар бишавад.
Ораш: - Умедворам, шояд ҳамсари ояндаамро дар Тоҷикистон пайдо бикунам.