Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муруре бар ошӯби ахир дар Хоруғ


Сокинон бурузи ноамнӣ дар минтиқаро ба аъмоли, ба гуфтаи онҳо, ғайриқонунии мақомоти интизомии вилоят марбут дониста, мегӯянд, ки аз вуқӯъи он ҳаводис беш аз даҳ рӯз гузашта, аммо то кунун касе аз намояндагони ниҳодҳои бозрасӣ барои таҳқиқи ҳодиса ба маҳалла ҳозир нашудаанд, то шоҳидони айниро мавриди бозпурсӣ кунанд.

Бино ба гуфтаи мардуми минтақа, маъмурони интизомӣ ба онҳо ваъдаи мулоқотро дода буданд, аммо ба чои ин ногаҳон гурӯҳи таъйиноти вижаи Идораи умури дохила вориди маҳалла шуда ва ба сӯи мардуми бесилоҳ тирандозӣ кардаанд, ки саранҷом ин амал боъиси таҷаммӯъи шумори зиёди мардум ва табдили он ба тазоҳуроти эътирозӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки мардум аз Мамадбоқир Мамадбоқиров, як афсари марзбонии вилоят, дифоъ кардаанд, ки аз мақомаш барканор шуда буд ва қарор буд боздошт шавад.

Алим Шерзамонов як тан аз сокинони Хоруғи Боло гуфт:

"Чор мошини сабукрав ва автобус омада ба сӯи издиҳом тир холӣ карданд. Дар ин вазъият ҳатто модарҳое., ки дар хона нишаста буданд, ба кӯча баромаданд ва издиҳомро дигар ҳеч кас наметавонист идора кунад ва онҳо бо сангу чӯб ба сӯи маркази шаҳр ҳаракат карданад ва дар он ҷо гирдиҳамоии дурӯза барпо шуд."

Аммо намояндаи додситонӣ дар суҳбат бо хабарнигори Озодӣ гуфт, ки дар бораи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ба ҳар як амали ғайриқонунӣ дар ҷараёни эътирозот баҳои қонунӣ дода хоҳад шуд.

Намояндаи додситонӣ гуфт, ки тирандозӣ дутарафа будааст ва бар асари даргирӣ се маъмури пулис захмӣ шудаанд ва то кунун дар бемористон бистарӣ ҳастанд. Аммо Шерзамон Ҳақдодов - сарпизишки шуъбаи осебшиносии бемористони Хоруғ гуфт, ки танҳо як тан аз сокинони маҳалла ба зарби гулӯла захмӣ шуда ва як тан милиса чароҳати сабук бардошта буд.

Нусрат Назаров - маъмури захмишудаи пулис воқеъаро ин гуна шарҳ дод:

"Дар дасти сокинони маҳалла силоҳ надидам. Сангпарронӣ карданд. Намедонам аз кадом тараф тир шиллик шуд, он ба дари автобус ва баъд парида ба дасти ман расид. Мардум ба ман баровардани ман аз ҷои ҳодиса кумак карданд."

Бархе аз манбаъҳо дар Идораи умури дохила дар суҳбати бидуни микруфун нокомии амалиёти боздошти афсари кумитаи марзбониро ба шитобкории намояндаи вазорати дохила, ки бидуни таваҷҷуҳ ба тасмими садорати умури дохилаи Бадахшон ва бе омодагӣ амалиётро пиёда кардааст, мешуморад. Ин манбаъҳо мегӯянд, ки кормандони умури дохила, пас аз он ки дар роҳи ҳаракати онҳо аз ҷониби сокинони маҳалла монеъ эчод шудааст, ба мардум бо шиллики гулӯла ихтор додаанд. Намояндаи додситонӣ мегӯяд, ки амали сокинони маҳалла кӯшиши муқобила ба намояндагони мақомоти давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифа унвон мешавад.

Дар ҳамин ҳол, додситонӣ сабабҳои муҷрим донистани Мамадбоқир Мамадбоқиров - афсари кумитаи давлатии марзбониро тазаккур надодааст.

Мамадбоқир Мамадбоқиров - афсари Кумитаи давлатии марзбонӣ аз рӯзи нахусти таъсиси як посгоҳи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ба унвони фармондеҳи ин посгоҳ ифои вазифа мекард. Вай чанде қабл бо фармони раиси кумитаи марзбонӣ аз мақомаш баркарор шуда буд. Ба дунболи он додситонӣ дастури боздошти ин афсарро содир карда буд.

Дар ҳамин ҳол Баҳрӣ Баҳриев - додситони вилояти кӯҳистони Бадахшон ва Музаффарбек Ганчибеков - додситони низомии Хоруғ аз мақомҳояшон барканор шудаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо ба хотири ичро накардани дастури додситонии кул дар мавриди боздошти афсари марзбонӣ Мамадбоқир Мамадбоқиров муҷозот шудаанд.
XS
SM
MD
LG