Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулрухсор: Ман ҳастам!


Дориюш: Бону Гулрухсор, лутфан бифармоед, ки назари шумо дар бораи ҷойгоҳи зан дар ҷомеъаи Тоҷикистон чист?

Гулрухсор: Вазъияти имрӯзаи зани тоҷик, ба назари ман, вазъияти дастархони ӯст. Дар шаҳри Душанбе (ки барои 600 ҳазор сохта шудааст ва алъон беш аз як милюн одам дар он зиндагӣ мекунад) ба қадре рӯи дастархон агар чизе бошад, дар деҳоти Тоҷикистон, ки қариб ҳаштод дарсади мардум дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, зиндагӣ ин ҷӯр нест. Ман, ки худам деҳотӣ ҳастам ва ба Яхч меравам, мебинам, ки зани тоҷик дигар он зани пештара нест. Медонад, ки дигар Иттиҳоди Шӯравӣ нест, дигар иттифоқҳои касаба ҳуқуқи ӯро муъайян намекунад ва агар 12 фарзанд ҳам таваллуд карда бошад, ӯ дигар қаҳрамонмодар нест... (Бо ханда) Баръакс, дарди саранд ин бачаҳо. Дигар зани тоҷик ба андеша уфтодааст ва ман наметарсам ин суханро бигӯям, ки тамоми зиндагиш ва мантиқи зиндагиш дар сари ҳамон як бурида нон асту рӯи дастархонаш, сер кардани бачаҳош.

Гулрухсор чи гуна Гулрухсор шуд

Дориюш: Баъзеҳо пиндоре доранд, ки Гулрухсор хонуме ҳаст, ки муваффақ шудааст дар Тоҷикистон мавонеъи зиёдеро пушти сар кунад ва аз ҳуқуқи худаш ба унвони як зани тоҷик ҳимоят кунад. Ман намедонам то чи андоза онҳо дуруст мегӯянд. Оё шумо худатонро ҷузъе аз заноне медонед, ки ҳуқуқашон поймол шуда ва мешавад ё ҷузъи заноне, ки тавонистанд аз ҳуқуқашон дифоъ кунанд?

Гулрухсор: Ман хиёл мекунам, ки на танҳо зан, балки ҳар як инсон ва ҳар як мард бояд пеш аз ҳама аз ҳуқуқи худаш, ки номуси ӯст, дифоъ кунад. Аммо наметавонам бигӯям, ки аз заноне ҳастам, ки ҳуқуқамро касе поймол карда бошаду ман дифоъ карда бошам. Ман хиёл мекунам, ки тамоми зиндагим иборат аз он аст, ки ба ин ҷомеъа бигӯям: "Ман ҳастам!" Вақте ки модари ман... Ман дар деҳот таваллуд шудам. Як деҳи хеле дур, ки ҳатто купрук (пул) аз болои дарёи Сурхоб намегузашт. Вақте ки модари ман фавтид, ман синфи ҳафтро хат карда будам, аввалин талошам ин буд, ки меравам дар ятимхонаи маркази ноҳияи Комсомолобод ва он ҷо мехонам. Аслан, ин баробари ба кайҳон парвоз кардани як зан аст имрӯз ё ҳамон вақт...

Мусоъидати мардон ба озодии занон

Дориюш: Ҳамон замон падаратон мувофиқат мекарданд, ки ин корро анҷом бидиҳед ва...?

Гулрухсор: Падари ман як падари фавқулъода буд. Рӯҳаш шод бод. Падари ман барои мо мисли рафиқ буд. Мо дар оила аслан ҳафт нафар духтарему ду писар. Вай мегуфт, ки "беҳтарин писарҳои ман духтарҳои мананд." Падари ман аз онҳое буд, ки падараш мадраса дошту...

Дориюш: Яъне боз ҳам мусоъидати мардҳо буд, ки ба шумо иҷоза ва имкон дод, то аз ҳуқуқи худатон дифоъ кунед. Масалан, тасаввур кунед, ки падари шумо, худой накарда, марди нисбатан суннатитаре буд ва золим буду шуморо мазлум нигаҳ медошт, шумо ҳамин тур Гулрухсор мешудед ё мо як Гулрухсори дигар доштем?

Гулрухсор: На, ман хиёл мекунам, ки ҳаминҷӯрӣ Гулрухсор мешудам. Чунки ба худи инсон хеле вобаста аст. Вақте ки як қурбоққаро зер мекунанд, мегӯяд: "Вақ!" Хиёл мекунам, дар он ҷиҳате, ки занҳои мо бештар мазлуманд, худи онҳо гунаҳгоранд. Як зани ҳамсоя ба ман мегӯяд, ки "шавҳарам маро мезанад." Ман гуфтам: "Маро намезанад." Гуфт: "Барои чӣ?" Гуфтам: "Чунки иҷозаташ намедиҳам." Аз рӯзи азал, аз замоне ки мо бо ҳам ошно шудем, (шавҳарам) медонист, ки ба сари ин зан намешавад мушт бардошт.

Ё шояд ҳам мурғи Ҳумо

Дориюш: Вале шояд шумо хушшонс бошед. Яъне иқболи баланде доштаед, ки шавҳаратон шуморо намезанад. Зеро медонем, ки дар аксари хонаводаҳо ин мушкил вуҷуд дорад, на?

Гулрухсор: Аввал ин ки ман бо шавҳарам ҳангоми донишҷӯӣ ошно шудам ва панҷ сол бо ҳам ошно будем. Яъне мо якдигарамонро панҷ сол омӯхтем... Аввал ин ки шавҳари ман одами бомаърифат аст, баъд олим аст. Хуб, он вақт олим набуд, ҳамамон донишҷӯ будем. Одам бояд он инсонеро интихоб кунад, ки барои ҳамӯ ба дунё омадааст. Духтарҳои мо ҳатто дар интихоби шавҳар ҳам аксаран саҳлангорӣ мекунанд. Ҳоло ки дигар интихоб ҳам надоранд. Чунки як насл аз байн рафт ва духтарҳои мо аксаран шавҳарворӣ надоранд!

"Хонуми оқои Раҷабов"

Дориюш: Ин мавзӯъ бисёр ҷолиб аст, устод. Масалан, агар шавҳари шумо берун раванд, аксаран шояд бигӯянд, ки ишон шавҳари Гулрухсор ҳастанд. Оё ишон нороҳат намешаванд аз ин ки бо номи Гулрухсор ва ба унвони "шавҳари Гулрухсор" шинохта бишаванд, на ин ки, баръакс, шуморо ба унвони "хонуми оқои Раҷабов" бишносанд?

Гулрухсор: Ман хурсанд мешавам, агар ба ман бигӯянд, ки "хонуми оқои Раҷабов" ҳастам. Аммо шавҳари ман ҳам ҳич вақт намеранҷад, чаро ки Гулрухсор барои ӯ як қимате дорад, ки вай баръакс, хурсанд мешавад. Ман як бор инро аз ӯ пурсидам. Вай гуфт: "Ман ифтихор мекунам, ки шавҳари Гулрухсор ҳастам."

Дориюш: Хуш ба ҳоли шумо.

Гулрухсор: Ба худо ана, бале. Гуфт, ки ба ҳар кас худо ин бахтро надодааст, ки шавҳари Гулрухсор бошад. Ман мегӯям, ки ту барои ман мисли модар ҳастӣ (механдад). Аз бачагӣ, ки модар надоштам... Ҳамаи гапамро мефаҳмӣ. Аммо вай мегӯяд, ки ифтихор дорад. Вай ҳич вақт наранҷидааст ва...

Руҷӯъе дигар ба мурғи Ҳумо

Дориюш: Барои ҳамин, ман мегӯям, шояд зиндагии шумо тавре шакл гирифта ё шумо иқболе доштед ё мурғи Ҳумо бар шонаи шумо нишаста буда, ки ҳич касе наёмада ҷилави шуморо бигирад ва монеъ аз рушди шумо шавад... Ё мардҳо бо шумо хеле меҳрубон буданд. Дигар занҳо бояд чи кор бикунанд?

Гулрухсор: На. Ҳамеша дар тамоми зиндагиам, дар ҳар як нафасам як муқобилият дорам, як сангар дорам, як санг дорам. Ҳатто як шеър дорам, мегӯям, ки:

Ман ба ин дунё барои хобу роҳат н-омадам,
Истгоҳи охирини ман дар ин сайёра нест.


Ман медонам, ки ҳар як инсон як муъҷиза ё эъҷози Офаридгор аст ва Офаридгор барояш қисмате додааст. Мегӯянд, ки Худо мегӯяд: "Аз ту ҳаракат, аз мо баракат." Ин як мақоли тоҷикӣ аст. Яъне ки "ман туро офаридам, ту дигар роҳатро ёб. Ту дигар пеш рав."

Куҷост Жон д'Орки тоҷик?

Дориюш: Ҳамин чанд рӯз пеш, устод Гулрухсор, ман филмеро тамошо мекардам дар бораи Жон д'Орк, ки дар Тоҷикистон бо талаффузи русиш Жанна д'Арк бештар маъруф аст. Ман таъаҷҷуб мекардам, ки дар қарни 15 як хонуми хеле ҷавон, ки дар 19-солагӣ кушта шуд, тавонист як артишро шикаст диҳад ва тавонист мардҳоро дунболи худаш бибарад. Вай танҳо зане буд дар артиши Фаронса, ки ин корро кард. Оё шумо фикр мекунед барои беҳбуди вазъияти ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон ба як чунин фаъъоли зан ё ба як Жон д'Орк ниёз дорад ё на?

Гулрухсор: Хиёл мекунам, ки нисфи достони Жон д'Орк устураист. Ҳарчанд ман дар маъбади Жон д'Орк дар Руон будам. Ва ҳамон ҷо фикр мекардам, ин тифлакро он замон куштанд ва имрӯз ба ин маъбад меоянд, саҷда мекунанду зиёрат мекунанд ин маъбадро. Жон д'Орк пешвое буд, ки бароя як замони кӯтоҳ фиристода шуда буд. Аммо масъалаву фоҷеъаи зани тоҷик ба андозае зиёд аст, ки бо як Жон д'Орк (намешавад ҳамаро ҳал кард.) Ӯ як артишро бурд. Аммо ин зиндагии мо он қадар артишҳо мехоҳад, ки... Ба назари ман, имрӯз занҳои тоҷик, хушбахтона, бисёр фаъъол шудаанд. Дар созмонҳои байнулмилалӣ ҳам дар заминаи ҳуқуқи зан бештар худи занҳо талош мекунанд. Ҳамаи умеду орзуи ман ба занҳои тоҷик аст, чун инҳо занҳое ҳастанд, ки Синову Рӯдакӣ офариданд, инҳо Мавлоноро зоиданд ва ман фикр мекунам, ки ин занҳо метавонанд аз худ дифоъ кунанд.
_______________________________

Аз Фарҳангу Андеша: Агар дар бораи нукоти матраҳшуда дар ин гуфтугӯ назаре доред, беибо ба нишонии мо tajik@rferl.org бифиристед. Ҳамаи назарҳои шумо барои сомонаи интернетии ozodi.org муҳтарам аст ва ҳатман ба гунае бозтоб хоҳад ёфт.

Аз ҳамин барнома:

Суҳбате бебаҳона аз зан; Фарҳангу Андешаи Озодӣ
XS
SM
MD
LG