Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов киҳоро афв хоҳад кард?


Тибқи иттиллои Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар зиндонҳои кишвар беш аз 11 ҳазор маҳбус ба сар мебаранд. Аз ҷумла, чеҳраҳои шинохта ба монанди Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохила, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳурӣ зиндонӣ ҳастанд.

Суоле, ки ҳоло дар зеҳни мардум пайдо мешавад, ин аст, ки афви умумӣ кадом гурӯҳи маҳбусонро фаро хоҳад гирифт? Радиои Озодӣ ин суолро бо мутахассисон ва коршиносони масоили марбут ба ҳуқуқи башар дар миён гузошт.

Сайфулло Сафаров, коршиноси Маркази таҳқиқоти стротежики вобаста ба раёсати ҷумҳурӣ дар ин бора гуфт, агар дар афви умумӣ, ки дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сурат мегирад, ба маҳбусони сиёсӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир шавад, чунин иқдом обруи раисиҷумҳуриро дар миёни мардум болотар хоҳад бурд:

Албатта, ба чунин чеҳраҳои шинохта таваҷҷӯҳ кардан ё сабукӣ додан ба онҳо ба обруи президент обрӯ зам мекунад, дар ин ҷойи шубҳа нест, аммо ҳадаф аз ин авфи умум ҳамин аст, ки ба оилаҳои теъдоде аз онҳое, ки паси панҷараи зиндон нишастаанд, имкон дода шавад, то рӯҳияи идона дошта бошанд. Масалан, дар Туркманистон ҳамаи маҳбусонро авф карданд. Аммо вазъ дар кишвари мо дигар аст.

Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода, масъули маркази таҳлилӣ-иттилоъотии «Диалог» мегӯяд, ӯ интизор надорад, ки дар ин афви умумӣ зиндониёни сиёсӣ ё чеҳраҳои шинохташудаи кишвар бахшуда шаванд:

Ман баъид медонам, ки ба чеҳраҳои сиёсии кишвар, масалан ба Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ғаффор Мирзоев ва дигарон, ки ба ҳар баҳонае ба маҳбас кашида шуданд, ягон сабукӣ дода шавад, зеро дар афвҳои гузашта низ чунин амал нисбати онҳо сурат нагирифта буд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва раиси бунёди Сорос дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ зимни истиқбол аз қонуни афв, чунин гуфт:

Барои ман хеле муҳим аст, ки бахусус занон, ки теъдоди онҳо феълан дар зиндонҳо наздики 600 нафар аст ва бо чанд грам маводди мухаддир ба солҳои зиёд зиндонӣ шудаанд, сабукӣ дода шавад ва онҳоро озод кунанд, зеро дар зиндон будани зан барои хонавода ва фарзандон бадбахтӣ аст.

Тибқи маълумоти дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар афви умумӣ ба муносибати солгарди истиқлоли кишвар ҷинсият, синну сол, вазъи саломатӣ ва замони раҳоии маҳбусон ба эътибор гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG