Ахиран мақомоти Тоҷикистон дархости дигарбораи Бунгоҳи Суханпарокании Бритониё (Би-Би-Си) дар мавриди азсаргирии пахши барномаҳои ин родю рӯи амвоҷи FM дар Тоҷикистонро рад кард. Мақомоти зирабти кумитаи давлатии родю ва телевизиюни Тоҷикистон дар ин маврид вуҷуди таноқузот дар асноди пешниҳодии Би-Би-Сиро далел меоранд. Родюи Би-Би-Си то моҳи январи соли равон рӯи мавҷҳои FM дар Душанбеву Хуҷанд барнома пахш мекард, вале дар таърихи 11 январ кумиссиюни судури муҷҷавизи Кумитаи давлатии родю ва телевизиюни Тоҷикистон пахши ин барномаҳоро ғайриқонунӣ донист ва гуфт, то замони сабти номи расмии намояндагии ин бунгоҳи хабарӣ дар идороти марбутаи кишвар мавҷи Эф Эми ин родю баста хоҳад монд.
Масъалаи пахши барномаҳои Би-Би-Си дар ин чанд моҳи ахир чандин бор мавзӯъи баҳси байни мақомоти Тоҷикистон ва Бритониё ва ҳамчунин фиристодаи Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо шуда буд. Би-Би-Си тайи ин муддат асноди лозим барои сабти ном ва азсаргирии пахши барномаҳояшро ҷамъ овард ва ба мақомоти зидахл пешниҳод кард. Аммо иллати радди дубораи дархости Би-Би-Си чӣ буда?
Фурқат Пӯлодов, мутахассиси бозрасии давлатии телевизиюн ва родю, мегӯяд: "Кумитаи телевизион ва радио дар номааш ҳамаи сабабҳои рад шудани дархости Би-Би-Сиро овардааст. То ҷое медонам, ин ду сабаб дошт. Якум набуди тавофуқномаи лозим байни давлатҳои Бритониёву Тоҷикистон, ки бо банди 53-и низомнома дар бораи ироаи муҷаввиз дар таноқуз аст. Ва дуввум, адами сабти расмӣ ва мақоми ҳуқуқии дафтари Би-Би-Си дар Тоҷикистон."
Озодӣ: Яъне дар сурати ислоҳи ин мушкилот BBC метавонад ба дарёфти ҳаққи муҷавизи пахши барномаҳояш рӯи мавҷи Эф Эм дар Тоҷикистон умед бандад?
Фурқат Пӯлодов: "Чаро фақат умед бандад? Мо кишвари демократием ва Би-Би-Си чунин муҷавизро метавонад дарёфт кунанд."
Озодӣ: Аммо бастани созишномаҳои байнидавлатӣ кори содае нест, ки шавад ба зудӣ анҷомаш дод?
Фурқат Пӯлодов: "Ман бо шумо розиям. Вале маъзарат мехоҳам, қонун инро тақозо мекунад."
Озодӣ: Яъне радд шудани дархости Би-Би-Си иртиботе бо интихоботе дар пешистода надорад?
Фурқат Пӯлодов: "На! Дар ин ҷо ғарази сиёсие ниҳон нест. Интихобот бо роҳи худаш меравад ва кори мо ҳам - бо роҳи худаш."
Аммо радди дархости расмии Би-Би-Си аз сӯи мақомоти масъули Тоҷикистон нигарониҳоеро ҳам дар маҳофили хабарии чи дохил ва чи хориҷ аз кишвар барангехтааст. Кумитаи омрикоии дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) билофосила аз ин тасмими Душанбе ибрози нигаронӣ кард.
НАНСМИТ, Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон низ дар мавриди қазияи Би-Би-Си баёнияе пахш кард ва радди дархости ин родю аз сӯи мақомоти Душанберо як баҳонаҷӯӣ хонд. Нуриддин Қаршибоев, раиси ин созмони дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ба Озодӣ гуфт, фикр намекунад, ки ҳич расонае то поёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ битавонад муҷаввизи пахшу нашр дарёфт кунад.
Раҷаби Мирзо, сардабири "Рӯзи нав" - нашрияе, ки моҳи ноябри соли 2004 аз чоп бозмонд - мегӯяд, ҷанҷол бар сари мавҷи Эф-Эми родюи Би-Би-Си, ки аз аввали сол идома дорад, ангезаҳои ошкори сиёсӣ дошта ва пеш аз ҳама ба интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябр марбут мешавад. Ба эътиқоди Раҷаби Мирзо, мақомоти Душанбе саҳнаи матбуъоти чопиро аз ҳузури расонаҳои саркаш поксозӣ карда ва акнун даст ба берун кашидани расонаҳои хориҷӣ аз ин саҳна задаанд, ки бо баста шудани расонаҳои мустақилли маҳаллӣ дубора ба танҳо манобеъи ахбори дақиқ ва мустақил табдил ёфтаанд.