Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанге, ки интизор мерафт кӯтоҳ бошад


Ави Пазнер, сухангӯи давлати Исроил гуфт, ки кишвараш дархости Созмони Милал мабнӣ бар барқарории як оташбаси серӯза дар ҷануби Лубнонро рад мекунад. Бунёди имдоди Созмони Милал мегӯяд, ки дар ҷануби Лубнон кӯдакон ва афроди солманду маълул гирифтор мондаанд ва аз ғизову доруи кофӣ ҳам бархурдор нестанд.

Менаше Амир, раиси пешини бахши форсии родю Садои Исроил дар Тел-Авив ин тасмими давлати Исроилро бо зикри ду иллат тавҷеҳпазир медонад:

"Яке ин ки агар воқеъан дили Ҳизбуллоҳи Лубнон ба мардуми мусалмони Лубнон месӯхт, аз рӯзи аввале, ки Исроил эълом кард, ки аҳолии рустоҳои ҷануби Лубнон бояд хонаҳояшонро тарк бикунанд ва ба манотиқи амн бираванд, ки мавриди осеб қарор нагиранд, Ҳизбуллоҳ аз хурӯҷи онҳо ҷилавгирӣ намекард. Баръакс, Ҳизбуллоҳ аз мардуми бегуноҳи Лубнон ба унвони як сипари инсонӣ истифода кард, то монеъи ҳамалоти Исроил шавад ё дар сурати ҳамлаи Исроил талафоти ғайринизомӣ боло биравад ва мӯҷиби таҳрики афкори умумии ҷаҳон алайҳи Исроил шавад. Иллати дуввум ин аст, ки мусалламан, Ҳизбуллоҳ, ки заработи бисёр қотеъе дида ва дар ҳоли шикасту фурӯпошист, метавонад аз ин се рӯз барои расондани силоҳҳои бештар барои таҷдиди қувво ва созмондеҳии нирӯҳои худаш сӯъиистифода бикунад."

Вале аз тарафи дигар, ҳамалоти Исроил алайҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон номутаносиб унвон шуда ва тасовире ҳам, ки аз тариқи шабакаҳои хабарии телевизюн дар саросари ҷаҳон пахш мешавад, ҳокӣ аз вайронии шадиди манотиқи ҷануби Лубнон аст. Созмони Милал мегӯяд, ки то кунун ҳудуди 600 тан аз мардуми Лубнон, ки як севвуми он кӯдакон ҳастанд, дар ин ҳамалот ҷон додаанд. Аз Менаше Амир пурсидам, ки оё воқеъан, ба назари вай, хушунат роҳи ҳалли ин буҳрон аст:

"Мусалламан, хушунат роҳи ҳал нест, вале хушунатро Ҳизбуллоҳи Лубнон шурӯъ кард, на давлату миллати Исроил, ки ҳамеша дар талоши барқарории сулҳ ва расидан ба тавофуқ ва ҳамкорӣ бо ҳамсоягонашон, ба вижа миллати Лубнон буданд. Исроил бо миллати Лубнон ҳич ихтилофе надорад. Ҳизбуллоҳ сохтаи дасти ҳукумати исломии Ирон аст. Дар ҷараёни амалиёти низомӣ, бо камоли таассуф, шуморе аз шаҳрвандони лубнонӣ кушта шуданд, аммо бештари ин шашсад нафаре, ки шумо ишора кардед, афроди чирикии гурӯҳи Ҳизбуллоҳ будаанд. Ҳизбуллоҳ бо бешармӣ ва қасовати қалб марокизи амалиётиашро дар дохили шаҳрҳо ва ободиҳо барқарор мекунад, анборҳои аслиҳаашро дар дохили хонаҳои мардум қарор медиҳад, мӯшакҳояшро аз рӯи пушти боми хонаҳои маскунӣ партоб мекунад ва тамоми амалиёташ аз дохили манотиқи шаҳрист. Афроди Ҳизбуллоҳ либоси низомӣ намепӯшанд. Бино бар ин, намешавад низомӣ ва ғайринизомиро аз ҳам ташхис дод."

Давлати Исроил ва Омрико муътақиданд, ки иллати аслии ин муноқишаи низомӣ асорати ду сарбози исроилӣ тавассути Ҳизбуллоҳ аст. Аз ин рӯ, Исроил мукарраран эълом карда, ки танҳо пас аз раҳоии ин ду сарбоз, қатъи партоби мӯшакҳои Ҳизбуллоҳ ба хоки Исроил ва фосила гирифтани ин ҷунбиш аз марз бо Исроил амалиёти низомии худро мутаваққиф хоҳад кард. Аз Солим Машкур, рӯзноманигори лубнонии муқими Вошингтун пурсидам, ки чаро Ҳизбуллоҳ намехоҳад ин тақозоҳоро анҷом бидиҳад, то аз хунрезии бештар ҷилавгирӣ ба амал ояд. Вай дар посух гуфт:

"Ҳама ин ҳақиқатро медонанд, ки Ҳизбуллоҳ аз аввал эълом карда, ки ин ду асирро ба хотири мубодила бо асирони лубнонии зиндонҳои Исроил гирифтааст. Вокуниши Исроил хашинтар ва қавитар аз оне буд, ки Ҳизбуллоҳ интизорашро дошт. Ба таъбири дигар, Ҳизбуллоҳ ва Лубнон ғофилгир шуданд ва интизори ин шиддату хушунатро надоштанд. Вале барои онҳо роҳе ҷуз пофишорӣ рӯи ҳарфашон вуҷуд надорад ва онҳо наметавонанд ақибнишинӣ кунанд. Аз ин рӯ Ҳизбуллоҳ ҳич нишонае аз нармиш нишон намедиҳад."

Аммо коршиносони исроилӣ мегӯянд, ки табодули зиндониён бо Ҳизбуллоҳ ин ҷунбиши лубнонӣ ва дигар пайкорҷӯёни арабро ба ҳамалоти бештар алайҳи Исроил ташвиқ хоҳад кард. Гузашта аз ин, ба гуфтаи онҳо, Исроил нигарони танҳо ҳамин тақозои табодули зиндониён бо Ҳизбуллоҳ нест. Онҳо мегӯянд, ки Ҳизбуллоҳ ҳадафҳое фаротар аз ин дорад ва хостори маҳви Исроил аз рӯи нақшаи ҷаҳон аст. Дар ин сурат тасаввури барқарории сулҳ дар Ховари Миёна хаёли хоме бештар нахоҳад буд. Аммо Солим Машкур ин пиндорро дуруст намедонад ва мегӯяд:

"Ба назари ман, ҳич оқиле вуҷуд надорад, ки ин гуфтаро бовар кунад. Дар ҳоле ки ҳамаи кишварҳои араб ва исломӣ натавонистанд ин корро бо Исроил бикунанд ва бештарашон Исроилро ба расмият шинохтаанд, чи гуна метавон анҷоми ин корро аз як ҳизб интизор дошт? Як ҳизб чи гуна метавонад кишвареро, ки мавриди шиносоии расмии бештари кишварҳои ҷаҳон аст, аз замин бар бичинад? Ҳизбуллоҳ наметавонад ин корро анҷом диҳад."

Радду бадали иддаъоҳо миёни соҳибназарони ҳар ду тараф ҳамчунон идома дорад. Аммо он чи равшан ба назар мерасад, роҳи дарози сулҳ аст, ки Ховари Миёна пешорӯи худ дорад. То кунун чи коршиносон ва чи қудратҳои ҷаҳон дар таъйини ин масир ва расондани минтақа ба сулҳу оромиши пойдор оҷиз мондаанд. Ва ба бовари коршиносони бетараф, то замоне ки ду тарафи даргир тарҷеҳ медиҳанд ба забони тӯпу мӯшак бо ҳам гуфтугузор кунанд, мақсади роҳ ҳар чи дуртару дастнорастар ҷилва хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG