Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забон ва андеша: кадом як муқаддам аст?


Пурсише, ки матраҳ шуд, ба ҳадиси мурғу тухмимурғ мемонад, ки кадом як ҷилавтар аз дигарӣ буда. Агар мурғ аввал аст, пас он мурғ чи гуна ҳастӣ ёфта, магар ин ки аз тухми мурғе сар кашида бошад? Агар тухми мурғ бар мурғ муқаддам буда, пас онро кӣ ё чӣ ба вуҷуд овардааст? Ва ҳамин тавр, оё мо, одамиён, нахуст андешиданро меомӯзем ва баъд забонро ё баръакс, забон аст, ки андешаҳои моро шакл медиҳад?

"Кӯдакон бо як навъ системи зеҳнии хос ба дунё меоянд ва бо истифода аз он бидуни вобастагӣ ба забон дар бораи ашё фикр мекунанд. Ин тасаввуроти ибтидоӣ дар оянда ба вожаҳои омӯхтаи кӯдакон маънӣ медиҳад".

Ин дидгоҳи то андозае печидаи Элизабет Спелк (Elizabeth Spelke), устоди равоншиносии Донишгоҳи Ҳорворди Омрико буд, ки дар ин бора пажӯҳише анҷом додааст. Агар онро содатар баён кунем, манзури бону Спелк ин аст, ки як тифли навзод бо тавоноии андешидан ба дунё меояд ва ин тавоноӣ ба ҳич забоне такя намекунад, балки ҷузъе аз системи мармузи идроки кӯдакон аст, ки бо забонҳои мову шумо ҳич иртиботе надорад. Пас ба бовари Элизабет Спелк, андеша бар забон муқаддаму бартар аст. Аммо ҳамон гуна ки пештар ишора шуд, ин сикка ҳам ду рӯй дорад. Тафсири рӯи дуввуми онро Раҳнаварди Зарёб, нависанда ва андешаманди саршиноси Афғонистон ин гуна барои мову шумо тавзеҳ дод:

"Бисёре аз донишмандон, ба вижа донишмандони морксист, бар ин боваранд, ки андешидан бидуни забон имкон надорад. Бино бар он, забон як марҳилаи пештар аз андешидан аст. Яъне мо бояд забонро дар ихтиёр дошта бошем, то битавонем биандешем. Шумо худ дар таҷрубаҳоятон мутаваҷҷеҳ шудаед, ки агар ба як забон комилан мусаллат набошед, наметавонед андешаҳои печидаи худро баён кунед".

Гуфтаҳои Раҳнаварди Зарёбро бо як намунаи сода месанҷем. Ман агар бихоҳам ба туркӣ бигӯям, ки "Мехоҳам имрӯз ба хонаи падари Аҳмад биравам" (як Аҳмади фарзӣ, албатта) тартиби вожаҳо ба куллӣ иваз мешавад: Ben bugun Ahmedit babasini evine gitmek istiyorum. Иборати "хонаи падари Аҳмад" дар туркӣ табдил мешавад ба "Аҳмад падар хона", ё он тавре ки дар бархе аз гӯишҳои олудаи форсии тоҷикӣ мешунавем: "Аҳмада падараша хонашба". Яъне дар забони форсии меъёр мо нахуст ба хона меандешем ва сипас ба молики хона, ки дар намунаи мо падари Аҳмад аст. Нахуст бар падар меандешем ва сипас бар Аҳмад. Дар ҳоле ки дар туркӣ нахуст Аҳмад аст, ки дар зеҳн меояд ва ба забон ҷорӣ мешавад ва сипас падари ӯ ва дар ниҳоят хона.

Ё ин ки як олмонӣ барои талаффузи шумораи 53 нахуст серо ба зеҳн меораду сипас панҷро, ки мешавад drei und funfzig, яъне "севу панҷоҳ". Яъне тарзи тафаккури як гӯяндаи туркӣ ё олмонӣ аз шеваи андешаи як порсигӯ мутафовит аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта бархе аз соҳибназарон натиҷагирӣ кардаанд, ки кӯдакон дар ҳоли омӯзиши забон мафҳумҳо ва тарзи фикри роиҷ дар ҷомеъаи худро меомӯзанд. Яъне ба бовари онҳо, забон аст, ки андешаҳои моро шакл медиҳад.

Ва аммо боз ҳам пруфессур Спелк аз Донишгоҳи Ҳорворд бо ин иддаъо мувофиқ нест, ки забон пешомади андеша аст. Вай мегӯяд, кӯдакон қодиранд андешаҳои мағзи ҷавони худро ба ҳар забоне баён кунанд, бастагӣ дорад ба муҳиташон. Ба бовари вай, андешаи бараҳна дар зеҳни онҳо вуҷуд дорад ва як забон пероя ё пероҳанест, ки метавонад форсӣ бошад ё туркӣ ё олмонӣ ва ё ҳар забони дигари атрофиёнашон. Аммо ҷолиб ин ҷост, ки ин иддаъо ҳам зидди иддаъоҳое дорад ва бовар кунед, ин ҳама суҳбати мо ҳам кофӣ набуд, ки қазияро ба куллӣ равшан кунад.

Забон нахуст аст ё андеша? Андешамандон ҳанӯз сари ин мавзӯъ андеша мекунанд. Шумо ҳам назаратонро ба мо бигӯед. Шумораи телефунҳои мо дар Душанберо фаромӯш накардед-ки? 2 240725 ё 2 215916.

То фурсате дигар, падруд.
XS
SM
MD
LG